Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

 

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

Октябр 2021
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Рӯзи 5 октябри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро Бобоҷонзода М – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни бузург табрику таҳният намуданд. Қайд гардид, ки боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки барои арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад  ва иброз дошт, ки дар ҷумҳурии мо забони давлатӣ таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба хотири ҳимоя ва рушди фарогири он соли 2009 дар кишвар лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод ва қабул гардид.

Ҳамчунин барои татбиқи давра ба давраи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумат сохтори нав – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин далели таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва эҳтироми арзишҳои миллӣ аз ҷумла забон дар даврони истиқлолият мебошад.

Сипас Машрабзода А. – мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи далатии ҳуқуқҳои кӯдак дар мавзӯи «Забони миллат – ҳастии миллат» баромад кард. Зимни маърӯза аз суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ёддоварӣ  шуд, ки гуфтаанд: «Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.

Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад».

Дар қисмати муҳокимавӣ иштирокчиён вобаста ба маърӯза саволу ҷавоб карда, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки забони давлатӣ дар ҳифз ва рушди ҳувияти миллӣ, фарҳанг, ойину суннатҳои мардумӣ нақши муҳим дорад.

Дар интиҳои чорабинӣ Бобоҷонзода М.  қайд карданд, ки яке аз падидаҳои бузурги замони истиқлолият – ба даст овардани истиқлолияти забонӣ ва дар мақоми забони давлатӣ қарор доштани забони тоҷикӣ мебошад.

Дар ин давра бо татбиқи сиёсати огоҳона дар бораи забон – муҳимтарин рукни пойдории миллат забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар умури сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мақому мартабаи махсус пайдо кардани забон, ҳозиринро бори дигар ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, ҳамагонро барои пос доштани муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ даъват намуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор