Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Модарону хоҳарон, бонувони

азизу арҷманди мо!

 

Иҷозат фармоед, ҳамаи Шуморо ба муносибати иди «Рӯзи Модар» самимона табрик гуфта, ба аҳли ҳамаи Шумо ва аҳли хонадонатон сиҳату саломатӣ, бахту саодатмандӣ, субботу осудаҳолӣ, ободиву осоиштагӣ ва хушҳоливу хурсандиҳои бепоёнро таманно намоям.

Бигзоред, дар тамоми умру ҳаёти бардавом ва фаъолияти касбии Шумоён хушҳоливу саодат, шириниҳои зиндагӣ, хушбахтӣ ва некиву сарбаландӣ фаровон бошад. 

*******

Баҳор, фасли гулҳо, ҳама шукуфоиҳо, бедории табиат, садои булбулон, оғози ҳама сарсабзию хушбахтиҳо. Ана дар ҳамин оғози фасли зебои баҳор - Иди модарон, бонувон дар сарори кишвар ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани нақши зан чи дар ҳаёти ҳамарӯза ва чи дар хизмати давлатӣ, умуман дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса медиҳад. Ин аст, ки аз қонун сар карда, то санадҳои дигари зерқонунӣ доир ба мақоми зан қабул шудаанд. Аксари санадҳои байналмилалиро дар ҷодаи занҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст. Дар фарқият аз солҳои қаблӣ, айни ҳол зани тоҷик дар ҳамаи соҳаҳои мӯҳими кишвар фаъолият мебаранд.

Ҳамаи ин баҳри боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан, модар дар ҷомеа равона гардидааст.

Воқеан, Модар - қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст.

Заҳматҳои шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқаддасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бенуқс сабзида, мададгори даврони пирии ӯ гардад.

Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад. Зеро баҳри фарзанд мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест.

Барҳақ, шоир фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

 

Модар дар ҳама ҳолат, чӣ ҳозиру чӣ дар ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, аз шодӣ меболад:

Гуфтам Модар? Гуфт ҷонам,

Гуфтам дард дорам? Гуфт писарҷонам,

Гуфтам хастаам? Гуфт парешонам

Гуфтам гурустнаам? Гуфт бихӯр аз саҳми нонам.

Гуфтам куҷо бихобам? Гуфт руи чашмонам.

 

Бубинед, модар моро чун гавҳараки чашмаш нигоҳ медорад, дар ғами мо бемор мешавад, интизорӣ мекуашад. Вале, мутаассифона, на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи нодир мерасему иззату эҳтиромашро ба ҷо меорем. Ҳолатҳое мешаванд, ки дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ва ишқу ҳавас заврақ меронему модарро бо он ҳама дилсӯзию мушфиқиаш, бо он ҳама меҳру муҳаббаташ ба коми фаромӯшӣ месупорем ва гоҳҳо, баҳраш раво медорем. Аммо баъд, аз кирдор ва рафтори хеш пушаймон мешавем, ки кайҳо дер шудаасту дигар ӯро пайдо карда наметавонем.

Моро тарк гуфтани модар дар ин дунёи бевафо фоҷиаи хеле гарон аст: Модар, модар, каси баҳиммат бошад, Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.

Ҷои шакку шубҳа нест, ки такя дар паҳлӯи модар ва хоб дар рӯйи зонуи модар беҳтарин лаҳзаи умри мо буду ҳаст:

Такя дар паҳлӯи модарҷон, ғанимат будааст,

Хоб дар зонуи модарҷон, ғанимат будааст.

 

Оре, давлати фарзанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса касб кардааст.

Бe муҳобот, модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагии мо худ каломи мавзун аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи мубораки он ҳусни анҷом мепазирад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд.

Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш сарсабзу хушбахт ва шӯҳратёр мегардад:

Ҳама пайғамбарону анбиё, олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад.

 

Дар охир, мехоҳам бори дигар ҳамаи модарону бонувони гиромиқадрро ба ҳусни фасли зебову дилдилшукуфони баҳор ва бо фарорасии Рӯзи модар – 8 Март табрику таҳиният гуфта, бурдбориҳо ва комёбиҳои беназирро дар ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти корӣ таманно намоям.

Бо ду шеъри ниҳоят зебо дар васфи занону модарон гуфтаҳоямро ҷамъбаст менамоям:

 

Касри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,

Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.

Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагони ин зан аст,

Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.

Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,

Ҳар кӣ қадри зан надонад аз хирад бегона аст.

 

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчӣ доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор