Вохӯрии Зариф Ализода бо намояндагони Парлумони Британияи Кабир Найҷел Миллс ва Паул Манангон

img_240924 октябри соли ҷорӣ Зариф Ализода-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  намояндагони  Парлумони Британия Кабир ва узви Гурӯҳи дустии парлумонии Тоҷикистону  Британия Кабир ҷаноби  Найҷел Миллс  ва Паул  Манангонро ба ҳузур пазируфт.

Сараввал З. Ализода ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайрамақдам гуфта, кайд намуданд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ҷиҳати иҷрои  уҳдадориҳои  байналмилалии худ дар самти ҳуқуқ ва озодиҳои  инсон пайваста талош  мекунанд ва дар ин робита  саҳми мақомоти Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи  инсон дар ҳимоя ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд назаррас мебошад. Инчунин қайд карда шуд, бо мақсади  таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудааст.

Дар вохурӣ  масъалаҳои вобаста ба озодии андеша ва баён, дастрасӣ ба иттилоот, ВАО, масъалаҳои озодиҳои эътиқод , ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар масоили мубрами ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мавриди муҳокима  қарор гирифтанд.

Дар охири мулоқот Найҷел Миллс ва  Паул  Манангон  аз  З.Ализода барои пазироии самимӣ ва ҷавобҳои муфассал ба суолҳои худ изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар ҳимоя ва пешрафти ҳуқуқи инсон муҳим арзёбӣ намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Тақвияти ҳамкориҳои Омбудсменҳои Осиёи Маркази дар ҳифз ва рушди ҳуқуқи инсон

img_20161020_130925Зариф Ализода,бо даъвати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Узбекистон рузҳои 20-22 октябри соли ҷорӣ  ба  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карда, дар Конфиренсияи байналмилалӣ дар мавзуи “Тартиби милии таъмини  боэтимоди ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон : дастовардҳо дар солҳои истиқлолият”, ки ба муносибати  20-солагии таъсисёбии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Узбекистон бахшидашуда буд иштирок намуд.

Бо мақсади шинос намудан ба таҷрибаи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  З.Ализода бо маърӯза  дар мавзуи “Ташаккули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” баромад намуд.

img_20161019_124959Дар конференсияи мазкур Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии  Қирғизистон, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Латвия, Ваколатдор оид ҳуқуқи инсони Индонезия, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ,корпуси дипломатӣ ,кормандони мақомоти давлатӣ ,ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  ширкат карданд.

Дар конфиренсия масъалаҳои  ҳамкории Омбудсменҳо, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии ҳар як кишвари минтақа дар самти ҳуқуқ  ва озодиҳои инсон,омӯзиши  таҷриба ва дастоварҳои давлатҳои минтақа оид ба  ҳифз ва рушди ҳуқуқи инсон, пешравиҳо ва дастовардҳо дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хададмоти матбуотии ВҲИ

Оила. Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ…Ҷумҳурият № 208 аз 19.10.16

Оила муҳитест, ки кӯдак дар он дӯст доштан, бад дидан, хурсандӣ карданро меомӯзад. Тариқи муоширати доимӣ бо волидон дунёро мешиносад, ба калонсолон тақлид мекунад, аз онҳо таҷриба мегирад ва қоидаҳои рафторро аз худ менамояд. Коршиносон дар робита ба ин таъкид медоранд, ки оила барои кӯдак институти ягонаи рушди шахсияти ӯст.
Дар пешгуфтори Эъломия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки бо қатъномаи № 1386 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, 20 ноябри соли 1959, эълом шуда буд, омадааст, ки кӯдак то таваллуд ва баъди таваллуд ба ҳифзи ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, он ба тариқи муқаррар намудани ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар қонунгузории миллӣ, дастгирии давлатии оила, риояи меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кӯдак, роҳ надодан ба табъизи кӯдакон амалӣ карда мешавад.
Дар ибтидои асри ХХ ҳуқуқи кӯдак гуфта мушкилиҳо дар самти истифодаи меҳнати кӯдакон, хариду фурӯш ва савдои онҳо, ҷалби кӯдакон ба танфурӯшӣ фаҳмида мешуд. Ин мушкилот Лигаи миллатҳоро водор сохта буд, ки Эъломияи Женеваро оид ба ҳуқуқҳои кӯдак (соли 1924) қабул кунад. Баъдан, соли 1959 Эъломия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ қабул гардид. Аммо охири солҳои 70-уми асри гузашта сатҳи рушди ҷомеа ва мушкилиҳои кӯдакон нишон доданд, ки қабули санадҳои дорои принсипҳои тавсиявӣ барои барҳамзании поймолшавии ҳуқуқҳои кӯдакон кофӣ нест. Бинобар ин, 20 ноябри соли 1989 аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак қабул шуд. Санади мазкур ҳуқуқҳои кӯдакро дар тамоми самтҳои ҳаёти инсон ба назар гирифта, манфиатҳои онро волотар аз дигар манфиатҳои инсонӣ гузошт.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва тасвиби Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории кишвар тағйироти куллӣ ба амал омад. Ба қонунҳои амалкунанда, ки ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдак алоқаманд буданд, тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ҳамзамон, баҳри мутобиқат кардани қонунгузории амалкунанда ба принсипҳои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак як қатор қонунҳои нав қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо қарорҳои Ҳукумат, барномаҳо ва консепсияҳо қабул шуда истодаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи махсуси модару кӯдак ва ғамхориро нисбат ба кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо аз ҷониби давлат кафолат додааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ таъмини ҳуқуқҳои кӯдак, ки бевосита бо оила, таълиму тарбия ва таъминоти ӯ алоқаманд аст, дар кодексҳои оила, гражданӣ, меҳнат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардида, дар он эҳтироми шаъну эътибори кӯдак алоҳида дарҷ шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бо назардошти принсипҳои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак таҳия ва қабул гардид. Бавижа, бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба тасвиб расид, ки солҳои охир самараи хуб дода истодааст.
Ҳоло дар кишвар барои таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон, таълиму тарбияи дурусти онҳо, баланд бардоштани масъулияти падару модар ва дигар нафароне, ки барои рушди ҷомеа масъуланд, қонунҳои дахлдор қабул гардидаанд ва механизми дурусти татбиқи онҳоро ба роҳ мондан талаби замон аст.
Гулҷаҳон УМАРОВА,
Сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои занон ва кӯдакони
дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санҷиш дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 –дорои бачагони ятиму бепарастори ноҳияи Рӯдакӣ ва дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони кари ноҳияи Рӯдакӣ.

Тибқи Нақшаи кори  мақомоти  Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи кӯдак рӯзҳои 06-07.10.2016  кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои  кӯдак аз  Муассисаи  таҳсилоти миёнаи  умумии  № 1 –дорои  бачагони  ятиму бепарастори  ноҳияи Рӯдакӣ ва дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони кари ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуданд.

Дар вақти санҷиш аз муассисаи мазкур бо роҳбарон ва кормандони он вобаста ба вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакон, сабабҳо ва тартиби ба мактаби мазкур равон кардани кӯдакон, шароити нигоҳдорӣ, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, таъминот бо ғизо, муносибат бидуни зӯроварӣ, муошират бо хешовандон суҳбатҳо доир гаштанд. Ҳамчунон ба шароити синфхонаҳо, сифати таълими хонандагон, шароити кори омӯзгорон, тарзи ташкилу ба роҳ мондани раванди таълим, бо маводу китобҳои дарсӣ, асбобҳои аёнӣ, татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва умумӣ, иштироки хонандагон ба дарс  диққат дода шуд.

Шароити нигоҳдорӣ ва муносибат бо кӯдакони муассисаҳо хуб мебошад. Ҳангоми боздид ва суҳбат бо талабагони муассисаҳои номбурда, вайронкунии ҳуқуқҳои кӯдакон ошкор нагардид.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Санҷиши риояи ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим

Тибқи Нақшаи кори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон моҳи сентябри соли 2016 аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор Асоев Ф. бо иштироки намояндаи Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санҷиши вазъи риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ба муҳити зисти солим дар ҳудуди ноҳияи мазкур гузаронида шуд. Дар рафти санҷиш як қатор кӯчаю хиёбонҳои ҳудуди ноҳия, аз ҷумла кӯчаи Неъмат Қарабоев, ҳудуди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Маркази савдои Панҷшер, КВД «Бозори Саховат», ва Маркази саломатии шаҳрии №1 мавриди боздид қарор дода шуданд.

Дар самти мазкур камбудиҳои зерин ошкор карда шуданд.

Ҳангоми боздиди кӯчаи Неъмат Қарабоев, ки кӯчаи протоколӣ ба ҳисоб меравад, мушоҳида шуд, ки партовҳо дар назди ҷуйборҳо ва назди дарахтон ҷамъ карда шуда, муддати чанд рӯз гирифта нашудааст. Бисёр истодани партовҳо сабаби паҳншавии касалиҳои гуногун гардида, ба муҳити зисти солим таъсири зараровар дорад.

Ҳангоми ташриф ба КВД «Бозори Саховат» мушоҳида гардид, ки  партовгоҳи бозор дар болои ҷӯи «Оққурғон» ҷойгир ва пур аз партов буда, аз худ бӯи ғализ хориҷ мекард ва нафаскашии атрофиёнро душвор менамуд. Оби ин партовгоҳ ба дохили ҷӯи номбурда ҷорӣ мешавад, ки ба муҳити зисти солим хатарнок мебошад. Инчунин дар дохили бозор дӯконҳои моҳифурӯшӣ мавҷуд аст, ки обе, ки дар он моҳи тоза карда мешавад ба тариқи қубурҳо ба дохили ҷӯи номбурда рехта, аз оби он бӯи ғализ хориҷ шуда ба атрофиён нороҳатӣ меовард.

Дар кӯчаи Фирдавсии шаҳраки 64 дар болои ҷӯи обгузар ошхона сохта шуда, дар назди он дар хатти муҳофизатии ҷӯи Оққурғон ҳоҷатхона сохта шудааст, ки аз дохили он ба ҷӯй ҳар гуна қубурҳо бароварда шудааст, ки оби он тариқи қубур ба дохили ҷӯй мерезад ва ба талаботи ҳифзи муҳити зист ҷавобгӯ намебошад.

Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чораандешӣ менамояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

img_1929Имрӯз  бахшида  ба Рӯзи  забони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон   мизи мудаввар бо иштироки Зариф Ализода- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон,  Бадридинова Раҷамбо -Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак , Шодмон  Мансурӣ намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ баргузор  гардид.

Сараввал   Зариф Ализода- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон меҳмононро ба ин ҷашни бузург табрику таҳният намуда,қайд намуданд, ки боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки барои арҷгузорӣ  ба ин муқаддасот ҳамасола Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябр ҳамчун рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Инчунин   Шодмон  Мансурӣ намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Сиёсати забони давлатӣ дар даврони Истиқлолият маъруза намуда, оид ба ҷанбаҳои таърихиву замонавӣ ва рушди забони давлатӣ дар даврони истиқлолият маълумотҳои  пурарзиш пешниҳод намуданд.

Сипас аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш доир ба  маърӯзаи пешниҳодшуда мавриди муҳокима қарор дода шуда, онҳо ба саволҳои худ аз масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти назди  Ҳукумати ҶТ ҷавобҳои муфассал ва пурмазмун гирифтанд.

Дар интиҳои  ҷамъомади тантанавӣ З.Ализода ҳозиринро бори дигар ба муносибатӣ  рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар яки онҳо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти кориашон бурдбориҳоро таманно намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ