Тасмими баимзорасонии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон

Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ва Протоколи иловагӣ ба он аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, барои баимзорасонӣ, ҳамроҳшавӣ ва ба тасвибрасонӣ ба давлатҳои иштирокчӣ пешниҳод карда шудааст. Протоколи иловагии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро давлатҳои иштирокчӣ дар алоҳидагӣ тасвиб ва ё ба имзо мерасонанд.

Ба ҳолати моҳи октябри соли 2016 зиёда аз 150 кишвар Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро ба тасвиб расониданд ва ё ба он ҳамроҳ шуданд ва боз 27 кишвари дигар онро имзо кардаанд. Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ Конвенсияи мазкурро ба имзо расонидаанд.

Бо мақсади иҷрои тавсияҳои Кумита оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид аз натиҷаи баррасии маърӯзаи якҷояи дуюм ва сеюми даврии Тоҷикистон оид ба татбиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Шарҳи универсалии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои инсон Тоҷикистон низ тасмим гирифтааст, ки ин санади байналмилалиро ба имзо расонад.

Дар моддаи 1-и Конвенсия омадааст, ки мақсади асосии Конвенсия аз ҳавасмандкунӣ, ҳимоя ва таъмини татбиқи пурра ва баробари тамоми ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби ҳамаи маъюбон, инчунин ҳавасмандкунӣ, эҳтироми шаъну шарафи ба онҳо хос иборат аст.

Ба маъюбон шахсоне мансуб дониста мешаванд, ки дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ, рӯҳӣ, ақлию зеҳнӣ мебошанд ва ин нуқсонҳо ҳангоми амали мутақобила ва ё бархӯрд бо монеаҳои гуногун метавонанд барои иштироки пурра ва самараноки онҳо дар баробари  дигарон халал расонанд.

Дар Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон 17 намуди ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд нишон дода шудааст ва Конвенсия созишномаҳои байналмилалиро дар бораи ҳуқуқи инсон пурра намуда, ҳуқуқҳои навро барои маъюбон эҷод намекунад. Он танҳо уҳдадорию масъулиятҳоро аниқ менамояд, ки аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ  риоя ва таъмини баробарии  истифодаи маъюбон аз тамоми ҳуқуқҳои инсон мебошад.

Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон ба давлатҳои иштирокчӣ имкон медиҳад, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати миллиро вобаста ба масъалаҳои шахсони имконияташон маҳдуд қавӣ намоянд ва барои беҳтаргардонии ҳаёти шахсони имконияташон маҳдуд мусоидат намоянд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол як қатор уҳдадориҳои байналмилалии марбут ба риояи ҳуқуқ ва талаботҳои шахсони имконияташон маҳдудро дорад, чунки Тоҷикистон иштирокчии санадҳои асосии байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон мебошад.

Дар баробари санадҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва мусоидат ба ҳуқуқи маъюбон заминаи васеи қонунгузории миллиро муҳайё кардааст. Ҳуқуқҳои асосии шахсони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун тамоми дигар шаҳрвандон, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шуда, тавассути Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», ки «асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян гардида, таъмини имкониятҳои баробар дар ҳаёт ва ҳамгироӣ ба ҷамъиятро ба танзим оварда шудааст.

Ҳамон тавре, ки дар боло зикр намудем Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонад. Баимзорасонӣ нияту кўшишҳои  давлатро дар оянда баҳри ибрози ризоият ба иҷрои Конвенсия инъикос мекунад.

Дар охир бояд қайд кард, ки баимзорасонии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон яке аз далелҳои иродаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кафолати ҳуқуқҳо ба шахсони маъюб мебошад.

 

Муовини  Сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ,
иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
С.Бобохонов