Мизи мудаввар ба ифтихори 22-юмин солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

03704 ноябри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид  ба ҳуқуқи   мизи мудаввар  ба ифтихори 22-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки кормандони Дастгоҳи ВҲИ баргузор гардид.

Чорабиниро З.Ализода-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки Халқи тоҷик ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ иродаи худро бевосита тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ифода намуда, 22 сол муқаддам ҳамин Конститутсияро қабул намуд ва таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол собит менамояд, ки халқи куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик дар интихоби роҳи ҳаёти худ ва давлатдории навини тоҷикон хато накардааст

  Бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд азму талошҳо ва саҳми барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Сарвари давлат ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд, ки «Мо таҷрибаи ҷаҳонии давлатдорӣ, омилҳои сиёсиву иқтисодӣ ва милливу фарҳангии мамлакатро дар марҳилаи гузаштаву имрӯза омӯхта, роҳи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро интихоб намудем».

Дар интиҳои  чорабинӣ  З.Ализода мизи мудавварро  ҷамъбаст намуда, изҳори  боварӣ намуданд,ки  Конститутсия  ҳамчун  шоҳсутуни сулҳу ваҳдат ва раҳнамо  садсолаҳо  ба халқу давлати  тоҷикон хизмат хоҳад кард.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

Рӯйдоди муҳими даврони соҳибистиқлолиамон ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Ваҳдати миллӣ мебошад. Ин се арзиши муҳими асосии миллӣ ва сарнавиштсоз имкон доданд, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои зарурӣ равона шавад, қонунияту тартибот ҳукмрон гардад ва дар ин замина соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт рушд ёбад.

Маҳз тавассути Конститутсия мақсадҳои олии миллат ва давлат таҳкурсии мустаҳками сулҳу субот ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини мо гардиданд. 22 соли сипаригардида дурустии ин мақсадҳоро собит сохта моро вазифадор месозад, ки дар асоси Ваҳдати миллӣ қадамҳои худро дар ин роҳи таърихии миллат пай дар пай ва устуворона гузорем.

Бояд қайд намуд, ки Конститутсия санади олии ҳуқуқие мебошад, ки муносибатҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро танзим менамояд. Бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи ин муносибатҳо ва инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тақозо менамоянд, ки дар навбати худ меъёрҳои Қонуни асосӣ низ тағйиру такмил ёбанд ва имкони васеи пешрафти ҷомеаро муҳайё намоянд. Дар асоси талаботи ҷомеа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1999, 2003 ва моҳи майи соли ҷорӣ тағйиротҳои зарурӣ ворид карда шуданд, ки онҳо ин санади муътабарро боз ҳам таҳкиму такмил бахшиданд.

Бо ворид гардидани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба Конститутсия Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимодро гузошт. Аз ҷумла, дар моддаи 5 Конститутсия, ки он хусусияти бунёдӣ ва меъёрӣ дорад, дар бораи арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз кардани давлат таъкид шудааст, ки мавҷудияти ин нукта дар матни Қонуни асосии кишвар баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад.

Ғайр аз ин, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз боби аввал, ки ба «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» бахшида шудааст, боби навбатӣ, яъне боби дуюм пурра ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки яке аз бобҳои калонтарин аз нигоҳи ҳаҷм мебошад.

Маҳз дар боби мазкур тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо карданд. Хусусан дар асоси Конститутсия низоми интихоботии кишвар низ такмил ёфта, муқаррар карда шуд, ки «ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст». Тибқи таҷрибаи ҷаҳони муосир халқ маҳз тавассути ҳамин ду тарз – интихобот ва раъйпурсӣ бевосита мақсаду маром ва нақши худро дар амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд. Ғайр аз ин, давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.

Ҳамзамон муқаррар гардидааст, ки эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифаи давлат аст. Яъне ҳуқуқу озодиҳоро давлат на танҳо эътироф, балки ҳамчун шарти зарурии мавҷудияти инсон ҳифз менамояд.

Конститутсия муқарар намудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд. Яъне  ҳуқуқу озодиҳои инсон чун маҳаки фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ эътироф шудаанд.

Ҳамчунин дар қисми 3 моддаи 14 Конститутсия ҳолатҳои маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд низ пешбинӣ шудааст, ки танҳо ба хотири таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Конститутсияи чумҳурӣ ба ҳар кас новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк доираи васеи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодиву ичтимоӣ ва фарҳангиро кафолат додааст, ки барои рушди ҳамачонибаи инсон заруранд.

Хуқук ба ҳаёт ҳуқуқи табиӣ ва ҷудонопазири инсон аст, ки Конститутсия онро ба ҳар кас кафолат додааст. Бо дарназардошти ин меъёр ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар ҳудуди Чумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 татбиқи ҳукми қатл ба муҳлати номуайян боздошта шудааст.

Шароитҳои иҷтимоии ҳуқуқ ба ҳаёт тавассути як қатор муқарраротҳои дигари конститутсионӣ, ба монанди ҳуқуқ ба меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва истифода аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигоҳдории тандурустии давлатӣ ва дигар кафолатҳо таъмин карда мешавад. Давлат ин ҳуқуқҳоро эътироф намуда, барои таъмини шароити мусоиди зиндагӣ аз тамоми воситаҳои мавҷуда истифода менамояд. Беҳуда нест, ки ҷиноятҳои муқобили ҳаёт ба категорияи ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мешаванд.

Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсро кафолат дода, онро бо меъёри дигар, ки нисбати шахс истифода намудани шиканҷа, ҷазо ва муносибати бераҳмона, мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсонро манъ намудааст, пурра мегардонад.

Конститутсия муқаррар намудааст, ки ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс намудан мумкин нест, Хамчунин ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳо, ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ, ки тибқи он то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд ҳеҷ кас дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад, ҳуқуқи ҷабрдида ба ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарари ба ӯ расонидашуда кафолат дода мешаванд.

Хуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ тавассути муқаррар намудани маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс, манъи бе розигии кас дар бораи ҳаёти шахсии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот таъмин карда мешавад. Ҳар кас бояд имконият дошта бошад, ки бо ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, шинос шавад.

Конститутсия ҳамчунин ҳуқуқу озодиҳои сиёсиро, аз қабили ҳуқуқ ба озодии сухан, истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқ ба иштирок дар маҷлису гирдиҳамоиҳо, бевосита ё ба воситаи вакилон иштирок намудан дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, интихоб кардан ва интихоб шудан ва ғайраро муқаррар намудааст.

Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангие, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқи истифода аз дастовардҳои эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ, иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ба инсон шароити мусоиди ҳаётро таъмин намуда, барои баланд бардоштани фарҳангу маърифати инсон мусоидат менамоянд.

Конститутсия ғамхорӣ ва ҳимояи махсуси модару кӯдакро кафолат дода, ҳуқуқҳои тарафайни волидайн ва фарзандонро муқаррар намудааст. Ҳуқуқҳои падару модар дар тарбияи фарзандон ифода ёфта, фарзандони болиғу қобили меҳнат дар навбати худ барои нигоҳубин ва таъмини падару модар вазифадоранд. Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Барои ҳифзи саломатии модару кӯдак, ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии модарон чораҳои дахлдори иҷтимоӣ андешида мешаванд.

Ҳамчунин пас аз қабули Конститутсияи соли 1994, дар сатҳи миллӣ риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ба масъалаи муҳими давлатӣ табдил ёфта, онҳо дар таҳия ва қабули қонунҳо ва фаъолияти сохторҳои давлатии сатҳи гуногун таҷассум мегардиданд.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар раванди риоя, ҳифз, ҳимоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амалисозии уҳдадориҳои байналмиллалӣ Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон (соли 2002), Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 2001), Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон (соли 2005) таъсис дода шуданд.

Нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар байни сохторҳои муътабари соҳаи ҳуқуқи инсон сол аз сол мустаҳакам мегардад. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти кулли санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонида шудаанд.

Соли 2009 бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти махсус дар соҳаи ҳуқуқи инсон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд, ки фаъолияти он воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар сатҳи миллӣ пурра намуд.

Мақомоти мазкур бо мақсади иҷрои вазифаҳои асосии худ дар самти қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, такмили қонунгузорӣ ва амалияи истифодаи он, санҷиши риояи ҳуқуқи инсон, таҳлил ва омӯзиши ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқҳо, ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи инсон, ҷамъбаст ва пешниҳоди тавсияҳо фаъолияташро сол аз сол тақвият бахшида истодааст.

Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим шудааст.

Бо мақсади таҳкими нақши мақомот дар ҳифзи ҳуқуқи инсон қонунгузории амалкунанда пайваста такмил дода мешавад. Ҳамин тавр, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ» якчанд маротиба вобаста ба таҳкими салоҳияти Ваколатдор тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Ғайр аз ин, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими ҳуқуқҳои кӯдакон ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои таъминкунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак соли ҷорӣ таъсис ёфтани боз як чунин ниҳоди махсусгардонидашуда – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурӣ гувоҳи гуфтаҳои боло мебошад.

Натиҷаи ин дастовардҳои конститутсионӣ буд, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдору таҳким меёбад ва халқи Тоҷикистон ба ободиву созандагӣ машғул аст.

Чуноне, ки дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода гардидааст, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳар як меъёри онро мувофиқи таъинот татбиқ намуда, баҳри бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона кӯшиш ба харҷ диҳем.

 Азиз Солиев,
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон