Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

img_264416 ноябри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид  ба ҳуқуқи  бахшида  ба  Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи ВҲИ мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро Ғуломов  С.Ҳ. —  Роҳбари  Дастгоҳи Ваколатдор  оид  ба  ҳуқуқи  инсон  ифтитоҳ намуда,  қайд кард, ки бо дарназардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Пешвом миллат дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ минбаъд 16-уми ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Инчунин иброз карда шуд, ки нақш ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, сулҳу созгории миллӣ ва гиромидошти муқаддасоти миллӣ хело арзанда мебошад.

  Дар маърӯзаи  худ С. Қодиров  сардори Шуъбаи  ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ доир ба корнома, рӯзгор, кору фаъолияти бунёдкоронаю созандаи  Президенти кишвар суханронӣ намуд.

Зимни  муҳокимарониҳо  кормандони  Дастгоҳи  ВҲИ  андешаҳои  худро  доир  ба  нақши  Пешвои миллат  дар  ҳаёти  имрӯзаи  мо  баён  намуда,  ҷавононро  барои  баланд  бардоштани  худшиносии  миллӣ,  қадршиносии  сулҳу  осоиштагӣ  даъват  намуданд.

Дар  ҷамъбасти    чорабинӣ   С. Ғуломов тамоми ҳамкоронро ба ин муносибат табрику таҳният намуда, ҳамаро ба расидан ба қадри Истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, ва пос доштани арзишҳои миллӣ даъват намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ