«Ба истиқболи 50-солагиии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ»

Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (ПБҲИИФ) яке аз ҳуҷҷати муҳими соҳаи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад, ки 16 декабри соли 1966  аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда, ҷиҳати имзо, тасдиқ ва ҳамроҳшавӣ кушода аст.

Паймон 03 январи соли 1976 қувваи эътибор пайдо намуда, ба ҳолати моҳи октябри соли 2016 164 давлат иштирокчии он мебошанд. Паймони мазкур бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ аз 13 ноябри соли 1998 тасдиқ карда шудааст.

Санади мазкур аз 31 модда иборат буда, қисми таркибии Эъломияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.

 Тибқи меъёрҳои он давлатҳои иштирокчӣ ба худ уҳдадорӣ гирифтаанд, ки ҳуқуқи инсонро дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ эҳтиром, ҳифз ва риоя намоянд.

Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ҳар як давлати иштирокчиро уҳдадор менамояд, ки барои амалӣ шудани ҳуқуқҳои дар он эътирофшаванда тадбирҳо андешанд, яъне қонунгузории миллӣ ва амалияи татбиқи онро бевосита баъди  батавсибрасонӣ ба меъёрҳои он мутобиқ намоянд.

Дар қисми 1 моддаи 2 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ омадааст: “Ҳap як давлати иштирокчии ҳамин Паймон уҳдадор мешавад, ки аз тариқи инфиродӣ ва аз тариқи кӯмак ва ҳамкориҳои байналмиллалӣ, аз он ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ ва техникӣ дар доираи ниҳоии захираҳои мавҷуда тадбирҳое андешад, ки ҳуқуқҳоеро, ки дар ҳамин Паймон зикр гардидаанд, тадриҷан бо ҳамаи тарзу усулҳои дахлор, аз ҷумла бо роҳи қабули чораҳои қонунгузорӣ, пурра амалӣ гарданд”.

 ҳамин тариқ, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар муддати дахлдор, вақте, ки тамоми шароитҳои зарӯрӣ таъмин мегардад, ба пуррагӣ амалӣ шуданашон мумкин аст, яъне амалишавии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз имконияти моддии давлат вобаста аст.

Кӯшиши ба назар гирифтани стандартҳои байналмилалӣ, таъсиси механизми давлати ҳуқуқбунёд дар Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон инъикоси пурраи худро ёфтааст.

Таҳлил ва муқоисаи меъёрҳои Паймони мазкур ва санадҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсияи Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки аксари ҳуқуқҳои пешбининамудаи ин Паймон дар онҳо ифода шудаанд. Масалан, ҳуқуқҳои пешбининамудаи иқтисодӣ-иҷтимоии Паймон (ҳуқуқ ба меҳнат, ба интихоби касбу кор, ба ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, ҳуқуқи истироҳат, ҳуқуқи ҳар инсон дар таъсис додани иттифоқҳои касаба бо мақсади амалӣ намудан ва ҳимоя кардани манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худ ва шомил шудан ба чунин иттифоқҳо бо интихоби худ ба шарти ягонаи риояи қоидаҳои ин иттифоқҳо; таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба манзил ва ба ҳифзи саломатӣ) дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

 Қобили тазаккур аст, ки баъзе муқаррароти Паймон, масалан, ҳуқуқи ҳар кас ба шароити одилона ва мусоиди меҳнат, ҳуқуқ ба корпартоӣ, ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ барои худи шахс ва оилаи ӯ, ки хӯроки кофӣ ва либосро дар бар мегирад, ҳуқуқ ба беҳбуди мунтазами шароити зист, ҳуқуқ ба озод будан аз гуруснагӣ ва uайра бевосита дар Конститутсия пешбинӣ нашудаанд.

Муҳимияти ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз он иборат аст, ки онҳо ба ҳар инсон хос буда, аз шаҳрвандии шахс вобастагӣ надорад.

Ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар нимаи дуюми асри 20 дар низоми ҳуқуқи инсон ҷойи махсусро ишuол намуданд. Ба ҳуқуқҳои мазкур аз ҷониби СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Албатта, чунин ҳолат бо осонӣ ба даст наомадааст. Санадҳои қонунгузории қабулнамудаи асрҳои 13-19 ва ибтидоии асри 20 танҳо дорои номгӯи ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ буданд. Дар ибтидои асри 20 аввалин шуда созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ баста шуданд. Соли 1919 Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) таъсис гардид ва як қатор Конвенсияҳо доир ба мушкилоти соҳа қабул карда шуданд. Қабули Оинномаи СММ ба давраи нави батанзимдарории ин ҳуқуқҳо замина гузошт. Номгӯи мушаххаси ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Паймон инъикос гардидаанд.

Тоҷикистон аз рӯзи аввали эълони истиқлолият ҷонибдории худро аз ҳуқуқи байналмилалӣ иброз намуда, 2 марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи СММ гардид. Вобаста ба узвият Тоҷикистон як қатор уҳдадориҳоро ба зимма гирифт.

Баъди ба тавсиб расонидани Паймон Тоҷикистон вазифадор шуд, ки вобаста ба муҳлатҳои пешбининамудаи ин санад Маърӯзаҳои даврии худро ҷиҳати иҷрои меъёрҳои он пешниҳод намояд. То имрӯз аз ҷониби Тоҷикистон  ду  ҳисоботи даврӣ вобаста ба Паймон пешниҳод шудааст. Моҳи ноябри соли 2006 Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Маърӯзаи аввалини Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Маърӯзаи даврии дуюм ва сеюм моҳи феврал-марти соли 2015 баррасӣ карда шуд.

Кумитаи мазкури СММ баъди баррасии маърӯзаҳо ҷиҳати иҷрои меъёрҳои Паймони мазкур  тавсияҳо пешниҳод намуд. 22 октябри соли 2015 Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2015-2020 тасдиқ гардид.

Паймон аз Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ба куллӣ фарқ мекунад, бахусус аз нуқтаи назари тарзу воситаҳои амалишавии ҳуқуқҳои пешбининамудаи онҳо. Агар барои амалишавии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ қабули санадҳо кифоя бошад, барои амалишавии ҳуқуқҳои пешбининамудаи Паймони мазкур захираҳои молиявӣ ва моддӣ заруранд.

Ҳар ду Паймон вобаста ба меъёри уҳдадорикунанда (моддаи 2 Паймонҳо) ва низоми назорат аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Хусусияти хоси Паймон аз он иборат аст, ки ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии пешбининамудаи он дар дигар стандартҳо ба таври комил инъикос нашудаанд. Масалан, ҳуқуқҳои эътирофнамудаи Паймон, ба мисли ҳуқуқ ба хӯрок, манзил, ҳифзи саломатӣ ва иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ дар дигар санадҳо бо тариқе, ки дар Паймон инъикос шудаанд, мустаҳкам карда нашудаанд.

Новобаста аз он, ки Паймон доираи зиёди ҳуқуқҳоро дар бар мегирад, хусусияти он дар он зоҳир мешавад, ки меъёрҳои он аксаран умумӣ мебошанд.

Қисми 3 Паймон қисми асосии он ба шумор рафта,  ҳуқуқҳои ҳифзшавандаи инсонро пешбинӣ менамояд. Масалан, ҳуқуқ ба меҳнат; ба шароити одилона ва мусоиди меҳнат; ҳуқуқ ба таъсис додани иттифоқҳои касаба бо мақсади амалӣ намудан ва ҳимоя кардани манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худ ва шомил шудан ба чунин иттифоқҳо; ҳуқуқ ба корпартоӣ; ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла ба суѓуртаи иҷтимоӣ; ба сатҳи кофии зиндагӣ барои худи ӯ ва оилаи ӯ, ки хӯроки кофӣ, либос ва манзилро дар бар мегирад; ба беҳбуди мунтазами шароити зист; ба озод будан аз гуруснагӣ; ба сатҳи олии дастрасии саломатии ҷисмонӣ ва равонӣ; ба таҳсил; иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ; истифода аз дастовардҳои пешрафтаи илмӣ ва татбиқи амалии онҳо; истифода аз ҳифзи манфиатҳои маънавӣ ва моддие, ки аз ҳар гуна меҳнати илмӣ, адабӣ ва бадеии офаридаи ӯ ба вуҷуд меояд ва ӯ муаллифи онҳо мебошад.

Таҳлилҳои меъёрҳои Паймон собит месозанд, ки он аз камбудиҳо холӣ нест. Дар Паймон ҳуқуқ ба моликият, ки ҳуқуқи асосии иқтисодӣ ба шумор меравад, пешбинӣ нашудааст. ҳангоми таҳияи лоиҳаи Паймон таҳиягарони лоиҳа хостанд лоиҳаи моддаи 19 Эъломияи ҳуқуқи инсонро ба Паймон ворид кунанд, аммо ба як ақида наомадан дар масъалаи ҷубронпулӣ имконият надод, ки матни мазкур ба Паймон ворид карда шавад. Инчунин таклифҳо дар хусуси ҳуқуқ ба об ва нақлиёт қабул нагардиданд.

Инчунин дар Паймон гуруҳи шаҳрвандоне, ки ба ҳимояи махсус эҳтиёҷ доранд, муайян карда нашудааст. Дар Паймон бевосита вазъи занон ва кӯдакон (моддаи 3, 10) пешбинӣ шуда, дар хусуси вазъи дигар табақаҳои ба ҳимояи махсус эҳтиёҷдошта, ба мисли хориҷиён, муҳоҷирони меҳнатӣ, нафақагирон, маъюбон чизе гуфта нашудааст. Аммо новобаста аз ин, ҳуқуқҳои пешбининамудаи Паймон ба ҳар шахс тааллуқ доранд.

Таҳлили ҳуқуқҳои пешбининамудаи Паймон нишон медиҳанд, ки ҳуқуқҳои зерин ба монанди:  ҳаққи меҳнате, ки ҳадди ақал барои ҳамаи меҳнаткашон шароити мусоидро таъмин месозад; музди меҳнати одилона ва ҳаққи меҳнати баробар барои меҳнати баробарарзиш бидуни ягон навъ фарқгузорӣ; ҳуқуқ дар таъсис додани иттифоқҳои касаба бо мақсади амалӣ намудан ва ҳимоя кардани манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худ ва шомил шудан ба чунин иттифоқҳо; озодии волидон ҷиҳати барои фарзандони худ интихоб намудани мактабҳо ва озодии онҳо ҷиҳати тарбияи динӣ ва ахлоқии фарзандонашон тибқи ақидаи шахсӣ; ҳуқуқ ба озодӣ барои таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодӣ ва дигар ҳуқуқҳо бояд баъди тасдиқи Паймон бевосита амалӣ карда шаванд. Уҳдадории давлатҳои иштирокчӣ оиди роҳ надодан ба табъиз (моддаи 2) бояд нисбати ҳуқуқҳои пешбининамудаи Паймон на тадриҷан, балки бевосита иҷро шаванд.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки ҳангоми таҳияи Паймон барои амалишавии ҳуқуқҳои пешбининамудаи Паймон аксари давлатҳо дорои захираҳои кофии моддӣ набуданд. Аз ин хотир давлатҳо дар амаликунинии ин ҳуқуқҳо нисбатан озод буданд ва барои амалишавии ин ҳуқуқҳо чораҳои фаврӣ пешбинӣ нашуда, чораҳои батадриҷ пешбинӣ шудаанд. Аммо ин меъёри Паймон маънои онро надорад, ки  давлатҳои иштирокчӣ бо мақсади амалишавии ин ҳуқуқҳо кӯшишҳои фаврӣ наандешанд. Давлатҳои иштирокчӣ бо мақсади амалишавии ҳуқуқҳои пешбининамудаи Паймон бояд дар доираи захираи дар ихтиёр дошта қадамҳои устувор гузоранд. Давлатҳо наметавонанд амалишавии ин ҳуқуқҳоро ба тахъир гузоранд ва набудани захираҳо сабаби беамалии онҳо шуда наметавонад. Дар сурате, ки агар давлат дорои захираҳои кофӣ бошад, бояд ҳуқуқҳои мазкурро фаврӣ амалӣ намояд. Ба uайр аз ин, давлатҳо бояд мустақилона ва аз тариқи кӯмак ва ҳамкориҳои байналмиллалӣ барои амалишавии ин ҳуқуқҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ин чунин маъно дорад, ки давлатҳо бояд фаъолона кӯмакҳои байналмиллалиро ҷустуҷӯ намоянд ва барои таъмини ин ҳуқуқҳо захираҳои дастраси байналмилалиро истифода намоянд.

10 декабри соли 2008 Ассамблеяи Генералии СММ Протоколи иловагии Паймони мазкурро қабул намуд. Протокол имконияти пешниҳоди шикоятро барои вайрон намудани меъёрҳои Паймон пешбинӣ менамояд. 5 майи соли 2013 Протоколи иловагӣ ба Паймон эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуд. Ба ҳолати моҳи октябри соли 2016 Протоколи мазкур нисбат ба 22 давлат аз 45 давлате, ки онро ба имзо расонидааст, эътибор пайдо кард. Эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани Протоколи иловагӣ имконият медиҳад, ки шахсони алоҳида ба Кумитаи оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо шикоят дар хусуси вайрон шудани ҳуқуқҳои кафолатдодашудаи ПБҲИИФ муроҷиат намоянд.

Ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ҷудонопазир буда, бо онҳо алоқаманд ва дар умум вазъи ягонаи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро ташкил медиҳанд.

  М. Ашӯров
 сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
 ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
 фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ дар
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зариф Ализода: «Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои Осиёи Марказист, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро таъсис додааст»

1016220004«Ба ҳамаи мушкилиҳои имрӯза нигоҳ накарда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳои дорои чунин ниҳод дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Албатта, таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак барои мо хеле муҳим аст, зеро зиёда аз 35 фоизи аҳолии кишварро кӯдакон ташкил медиҳанд». Ин суханон дирӯз зимни ҳамоиш таҳти унвони «Таҳияи механизмҳои ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ» дар дафтари Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баён гардиданд.
Зариф Ализода мақсади асосии таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро хуб ба воя расонидан, дастгирӣ кардан, маълумотнок ва ихтисосманд кардани насли наврас ҳисобид.
«Ҷамъомади имрӯза яке аз шаклҳои ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Чуноне ки мақомоти ваколатдор ҳамчун яке аз механизмҳои маъмули ҳамкорӣ байни мақомоти давлтӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар маъмул аст, ин ҳамкорӣ дар доираи назорат вобаста ба иҷрои Конвенсияи «Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», санадҳои иловагӣ вобаста ба Конвенсияи мазкур ва тавсияҳое, ки аз ҷониби кумитаҳои дахлдори Созмони миллали Муттаҳид пешниҳод мешаванд, амалӣ мегарданд»,-иброз дошт Ҳокимбек Содиқзода, намояндаи Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Салоҳиддин Шамсиддинов, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамоиш гуфт: «Мо дар ҳамкорӣ бо дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ талош меварзем, ки ҳар як кӯдак дар муҳити бехатар ба воя расад. Тамоми тадбирҳое, ки нисбат ба кӯдакон андешида мешаванд, ба манфиати кӯдакон равона шудаанд,зеро кӯдакон ояндаи ҷамъиятанд».
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 баъди соҳибистиқлол гардидан яке аз аввалинҳо шуда, Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид «Оид ба ҳуқуқи кӯдак»-ро ба тасвиб расонид.

www.khovar.tj

20 ноябр – Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак: Дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба талаботу принсипҳои санадҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шудааст

hukuki-kudakҲамасола дар ҷаҳон 20 ноябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Соли 1954 Ассамблеяи генералии СММ ба давлатҳо пешниҳод намуд, ки ягон рӯз ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак- рӯзе, ки ба фаъолият оид ба таъмини беҳбудии кӯдакон бахшида шуда бошад, ҷашн гирифта шавад.

20 ноябри соли 1959 Ассамблеяи Генералии СММ аввал Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва баъдан 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ — Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Санади мазкур ҳуқуқи кӯдакро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак пешбинӣ менамояд.

Мақсад аз ҷашнгирии ин рӯз бори дигар ҷалб намудани диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон мебошад.

Тавре Раҷабмо Бадриддинова, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ иброз дошт: «Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1993 онро ба тасвиб расонд.

Ҷиҳати иҷрои муқаррароти Конвенсия дар ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Пеш аз ҳама, қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба талаботу принсипҳои санадҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шудааст».

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти  принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, ки аз талаботи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак бармеояд, таҳия ва пайваста такмил дода мешавад. Кодексҳои оила, меҳнат, гражданӣ, ҷиноятӣ, қонунгузории соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати ҶТ, барномаю сратегия ва консепсияҳои дар ин самт қабулшуда ҳуқуқу озодиҳои кӯдаконро кафолат медиҳанд.

«Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»  ҳуқуқи кӯдаконро  ба ҳаёт, ҳифзи саломатӣ, ба озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ба моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, ҳуқуқи онҳо ба зиндагӣ ва тарбия дар оила ва амалишавии онҳоро тавассути андешидани тадбирҳои дахлдор  кафолат медиҳад»,-илова намуд ҳамсуҳбат.

Бо мақсади  таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак соли равон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ мақомиВаколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Раҷабмо Бадриддинова таъсис додани чунин механизми махсуси ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро   қадами минбаъда дар такмили низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак номида, зикр кард: «Сохтори мазкур бо назардошти принсипи таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдак ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кӯдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, амалӣ гардонидани муқаррарроти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мусоидат мекунад».

Ба маълумоти Р. Бадриддинова, дар нуҳ моҳи соли равон вобаста ба ҳуқуқи кӯдакон 83 муроҷиат баррасӣ шудааст. Муроҷиаткунандагон асосан вобаста ба масъалаҳои таъминоти кӯдакон аз ҷониби падару модар, ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба манзил, озодӣ аз зӯроварӣ, ҳуқуқ ба муошират бо волидайн муроҷиат намудаанд.

Таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки бо  кӯшишҳои  пайвастаи Пешвои миллат баҳри беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Дар самти таъмини ҳуқуқи кӯдакон дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои кӯдакони  маъюб ва ятимону бепарасторон пешравиҳо назаррасанд.

Ҳуқуқ ба таҳсил тавассути кафолат додани таҳсилоти умумии миёна ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудани қонунгузорӣ таъмин карда мешавад. Давлат ба ҳифзи кӯдакони ятим,  маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории махсус зоҳир менамояд.  «Ба осебпазирии вазъи молиявии кишвар нигоҳ накарда, ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш, сатҳи шоистаи зиндагӣ  таъмин намудани кӯдакони ятиму бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд»,-илова намуд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак.

Р. Бадриддинова изҳор намуд, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар баробари дастовардҳо мушкилиҳо низ ҷой доранд, ки бештар бо меҳнати кӯдакон, хусусан шаклҳои вазнини он, зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, дастрасии духтарон ба таҳсил, дар кӯча мондани онҳо, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, дастрасии кӯдакони маъюб ба таҳсил, аз оилаҳои пурра дар хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо ҷойгир намудани фарзандон, бемасъулиятии падару модарон дар таълиму тарбияи кӯдак вобастаанд. Қонунгузории амалкунанда кафолатҳои иловагиро вобаста ба меҳнати кӯдакон (манъи истифодаи он дар корҳои вазнин, муоинаи ҳатмии тиббӣ, давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ, муайян намудани реҷаи махсуси меҳнат ва истироҳат) муқаррар намудааст. Қонун шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдаконро, ки ба саломатӣ, рушди ҷисмонӣ ва маънавӣ ва таҳсили кӯдак таъсир мерасонанд,  манъ мекунад.

«Як қисми кӯдакон имрӯзҳо асосан дар кӯчаву бозорҳо ба сифати боркашон, аробакаш, мошиншӯй кор мекунанд.  Ҳангоми бо меҳнат машғул шудан ин кӯдакон бо хатарҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Аз таҳсил дур мемонанд. Корфармоён онҳоро фиреб карда,  мавриди зӯроварӣ ва таҳқир қарор медиҳанд.  Ин мушкилот имрӯз  дар маркази диққати Ҳукумат қарор доранд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои барҳам додани меҳнати кӯдакон таҳлил ва такмили қонунгузорӣ дар масъалаи дастгирии иҷтимоии кӯдакон ва модаронро хусусан дар оилаҳое, ки бесаробон мондаанд, таҳияи нақшаҳои мубориза бо меҳнати вазнини кӯдакон дар сатҳи минтақа ва маҳалҳо, дар сатҳи маҳал гузаронидани мониторинги истифодаи меҳнати кӯдакон бо мақсади пешгирии  шаклҳои бадтарини он,  таҳияи маводи иттилоотӣ ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ барои кӯдакон, падару модарон, муаллимони мактабҳо, ташкилоти ҷавонону занон оид ба шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, оқибатҳои он барои кӯдакон ва зарурати пешгирии онро  зарур шуморид.

www.khovar.tj