Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

03723 ноябри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ  ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чорабиниро оғоз намуда,  ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик гуфта, қайд намуд, ки  Халқи Тоҷикистон ҳамасола 24-уми ноябрро ҳамчун рузи Парчами давлатӣ ҷашн мегиранд. Мувофиқи  моддаи 3-и Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ Парчам низ ҳамчун рамзи давлатии Тоҷикистон эътироф гардидааст. Нақши Парчам дар ҳаёти ҳар як давлат бузург буда, маҳз зери Парчами худ давлатҳо ба ҷаҳониён фарҳангу таърих, бурдбориҳову пешравиҳои худро муаррифӣ менамоянд.

Аз ин рӯ, эҳтироми парчам  ин эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад.

Сипас, Лоиқов Ш –сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомот бо маърӯзаи худ дар  мавзӯъи “Нақши парчам дар  таърихи давлатдории Тоҷикон” баромад намуд.

Дар рафти муҳокимаи маърӯзаи пешниҳодшуда иштирокчиёни мизи мудаввар фикру ақидаҳои худро баён намуданд.

Дар ҷамбасти мизи мудаввар Зариф Ализода ҳозиринро ба муносибати ҷашни Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд намуд,ки эҳтироми парчам  ин эҳтиром ба халқи Тоҷикистон, давлату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, ватандорию ватандӯстӣ мебошад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ