Таҳияи механизмҳои ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ

img_267618-ноябр дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ  ба муносибати  Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳияи механизмҳои ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ» баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндаҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Вазорати  маориф ва илми ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдаки МИМҲД дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Сомонӣ ва Шоҳмансури ш.Душанбе, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар ҶТ, Ташкилотҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ВАО ва  кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Сухани ифтиҳиро Зариф Ализода –Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ оғоз намуда,қайд намуданд,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ яке аз аввалинҳо шуда Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонида, бо ҳамин бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак як қатор уҳдадориҳои байналмилалиро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба зимма гирифта ҷиҳати  иҷрои муқаррароти он пайваста чораандешӣ менамояд.

Инчунин Бадридинова Раҷабмо-муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар  ҶТ зимни баромади худ қайд намуданд,ки ҳамасола 20 ноябр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳамчун рӯзе, ки ба фаъолият оид ба таъмини беҳбудии кӯдакон бахшида шуда аст, ҷашн гирифта мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 баъди соҳибистиқлол гардидан яке аз аввалинҳо шуда, Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расондааст. Ин аввалин санади универсалӣ аст, ки ҳуқуқи кӯдакро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда пешбинӣ намудааст ва ҳамзамон уҳдадориҳои волидайн, шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро бобати таъмин намудани шароит барои беҳдошти кӯдакон пешбинӣ намудааст. Баъди ба тасвиб расидани ин ҳуҷҷат Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи кӯдак тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Дар рафти мизи мудаввар намояндагони мақомотҳои давлати,ташкилотҳои ғайриҳукумати бо маърӯзаҳо оид ба «Фаъолияти мақомоти прокуратура дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомотҳои давлатӣ», «Дастрасӣ  ва фарогирии кӯдакон ба таҳсил», «Таҷрибаи ҳамкориҳои ТҶ Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният бо ВҲК дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигарҳо баромад намуданд.

Маърӯзаҳо аз тарафи иштирокчиёни мизи мудаввар мавриди муҳокима ҳарор гирифта,ҷиҳати боз ҳам таҳвият додани ҳамкориҳои Ваколатдор дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

 Дар охири чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак изҳори боварӣ намуданд, ки минбаъд ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои  ғайридавлатӣ ,созмонҳои байналмилалӣ ва ВАО дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон тақвият хоҳанд ёфт.

Хадамоти матбуотии ВҲИ