Мусоидат барои амалишавии ҳуқуқи инсон ба об

Об омили муҳими мавҷудияти ҳаёт дар рӯи замин ба ҳисоб рафта, муносибати хосаро тақозо менамояд. Об аз ҷумлаи сарватҳои миллӣ ва захираи энергетикии кишвари мо мебошад. Бо назардошти он, ки об барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти асосии инсон зарур аст, бояд ба ҳама, новобаста аз вазъи иҷтимоӣ дастрас ва таъмин карда шавад.

 Ҳуқуқ ба об тариқи расмӣ соли 1999 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Миллаи Муттаҳид ҳамчун ҳуқуқи асосӣ эътироф карда шудааст. Тибқи Тавсияи № 15 Кумитаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии СММ оид ба амаликунии ҳуқуқи инсон ба об тавсияҳои зерин пешниҳод шудаанд:

-ҳуқуқ ба обе, ки барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишӣ кофӣ аст;
-ҳуқуқ ба сифати об, яъне обе, ки бехатар ва бомазза бошад;
-ҳуқуқи дастрасӣ ба об, яъне низом ва иншооти обтаъминкунӣ барои ҳама дастрас бошад;
-дастрасӣ ба иттилоот, яъне мавҷуд будани  иттилооти пурра, дақиқ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба об.

ҳуқуқ ба об пешбинӣ менамояд, ки ҳар шахс ба оби кофии безарар ва дастрас, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти ҳаррӯза зарур аст, таъмин бошад.

Мушкилоти об яке аз мушкилоти ҷиддии сайёраии замин буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо зиёда аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон аз об танқисӣ кашида, норасоии об зиёд мешавад. Зиёд шудани шаҳрҳо ва аҳолӣ, биёбоншавӣ, истифодаи зиёди об дар соҳаи кишоварзӣ ва саноат мушкилоти мавҷудаи самти мазкурро зиёд мекунанд.

Бо ин асосҳо моҳи декабри соли 2003 Ассамблеяи Генералии СММ бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005-2015-ро  солҳои даҳсолагии байналмилалии «Об барои ҳаёт» эълон намуд.

Дар асоси ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 28 июли соли 2010 дар хусуси эътироф намудани таъмини об ва санитария дар шароити имрӯза, ки як қисми аҳолии сайёраи замин аз об танқисӣ мекашад, қадами бузурги ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Бо ин қатънома СММ ҳуқуқи мавҷудаи инсонро ба об тариқи расмӣ эътироф намуд.

Захираҳои об боигарии асосии Тоҷикистон мебошанд. Оби нӯшидании қариб тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма гирифта, зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби софи ин минтақа дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд.

Бо дарназардошти муҳимият ва нақши об ҳамчун манбаи ҳаёт, истифодаи оқилона ва ҳифзи воқеии захираҳои об, ҳалли мушкилоти он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои арзишманд ва созанда дар ҳалли масоили об ва пешгирию аз байн бурдани мушкилоти марбут ба об дар сайёра чандин маротиба аз минбарҳои сатҳи баланди байналмилалӣ баромад карда, борҳо таваҷҷуҳи аҳли башарро ба ин масъала ҷалб намудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 15 соли охир мунтазам ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилоти об даъват менамояд. Маҳз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаҳои зерини Ассамблеяи Генералии СММ дар масъалаи об қабул гардиданд:

-эълон намудани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза;
-эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”;
-эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об;
-эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”.

Ташаббуси нави Пешвои миллат, Президенти ҶТ оид ба эълон доштани “Даҳсолаи об барои рушди устувор” 21 декабри соли 2016 тавассути қатъномаи СММ қабул гардид. Ташаббуси мазкур бо мақсади ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муааррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун як кишвари дорои захираҳои бузурги об, ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаҳои об ва мушкилоти он равона шуда, ба пешгирии хатарҳои экологӣ, барои самаранок истифода намудани об ва захираҳои об, мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об ва амалӣ шудани ҳуқуқи инсон ба об мусоидат менамояд. Маҳз бо ташаббусҳои пешниҳодшуда, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф шудааст.

Дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёи ҷаҳонӣ аз ҷониби бонуфузтарин созмони байналмилалӣ боиси ифтихору сарбаландии Тоҷикистону тоҷикистониён мебошад. Илова бар ин қабули санади мазкур барои ҷалби маблаuҳои инвеститсионӣ, ки барои ҳалли мушкилоти об равона мешаванд ва ҳамкориҳои кишварҳо барои ҳалли мушкилоти об мусоидат хоҳад кард.

М.Ашӯров  сардори Шуъбаи ҳифзи
давлатии  ҳуқуқҳои иқтисодӣ,
иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи
ВҲИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон