Боздиди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим»

IMG_3007Рӯзи 30 январи соли 2017 Р.Бадридинова – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон аз Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим»-и ш. Душанбе боздид ба амал овард.

Дар рафти боздид ВҲК нахуст ба роҳбарияти муассиса оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», салоҳият ва ваколатҳои ВҲК, дигар қонунгузории амалкунанда дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар ҶТ маълумот дода, баъдан бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, хусусан таъминоти онҳо бо маводҳои таълимӣ, ғизо ва хобгоҳ, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, ҳамчунин бо шароити кори худи кормандони муассисаи мазкур аз наздик шинос шуд.

Зимни боздид ва сӯҳбат бо роҳбарияти муассисаи таълимӣ маълум гардид, ки дар муассиса айни замон 408 кӯдак, ки аз онҳо 34 нафар кӯдакони ятими кулл, 48 нафар бемодар, 234 нафар бепадар ва 92 нафар аз оилаҳои камбизоат ба таҳсил, таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд.

Барои кӯдакон шароити хуби таълимию нигоҳдорӣ аз қабили синфҳои муҷаҳҳаз бо техникаи ҳозиразамон, гарму барҳаво, хӯроки гарм ва хобгоҳ, муаллимон, мураббиҳо ва духтури соҳибтахассус таъмин карда шудааст.

Ғайр аз ин аз ҷониби роҳбарияти муассиса пас аз хатми Мактаб-интернат ба кӯдакон барои дохил шудани онҳо ба коллеҷу техникумҳои касбомӯзӣ аз рӯи имконият ва хоҳиши онҳо кӯмак карда мешавад.

IMG_3024Дар зимн Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қайд намуданд, ки гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» барои падару модарон ва шахсони парастор мувофиқи мақсад аст.

Ҳамчунин ВҲК оид ба ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб, ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, уҳдадории кормандони муассиса ва масъулияти падару модарон маълумоти муфассал дод.

Дар охир роҳбарият ва кормандони Мактаб-интернат ба ВҲК барои зоҳир намудани таваҷҷӯҳ нисбати кӯдакон, муаллимон, ҳамкориҳои минбаъда ва тавсияҳои ироашуда изҳори миннатдорӣ баён карданд. Дар навбати худ ВҲК низ ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори сипос намуд.

Хадамоти мадбуотӣ ВҲИ