Боздиди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз «Хонаи кӯдакони синни томактабии №1»-и ш.Душанбе

IMG_1279Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Бадридинова рӯзи 26 январи соли 2017 бо мақсади таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон аз «Хонаи кӯдакони синни томактабии №1»-и Раёсати маорифи ш.Душанбе дидан намуд.

Зимни боздид ВҲК нахуст ба роҳбарияти муассиса оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», салоҳият ва ваколатҳои ВҲК, дигар қонунгузории амалкунанда дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар ҶТ маълумот дода, баъдан бо шароити зисти кӯдакон, таъминоти онҳо бо ғизо, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, инчунин шароити кори худи кормандони муассиса аз наздик шинос шуд.

IMG_2943Ҳангоми боздид маълум гардид, ки дар муассиса барои кӯдакон шароити хуби нигоҳдорӣ муҳайё буда, аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳу эҳсонкор пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад.

Чуноне, ки роҳбари муассиса қайд намуд, тибқи низомномаи муассиса дар хонаи кӯдакон ба ғайр аз кӯдакони ятими кулл ва нимятим кӯдакон аз оилаҳои камбизоат низ ба мӯҳлати то 6 моҳ бо таълими томактабӣ фаро гирифта мешаванд ва дар таҷриба ҳолатҳое ҷой доранд, ки баъзе падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда аз аҳволи фарзандони худ муддатҳои тӯлонӣ хабар намегиранд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қайд намуд, ки вобаста ба масъалаи зикргардида гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» дар байни аҳолӣ зарур аст.

IMG_2952Ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳайати роҳбарон ва кормандони муассисаи зикргардида вохӯрда, оид ба ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб, ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, ӯҳдадории кормандони муассиса ва масъулияти падару модарон маълумоти муфассал дод.

Дар охир ВҲК ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ