Дастрасӣ ба об яке аз мушкилоти умдаи саёраи Замин

03310 январи соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»  мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур З.Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Р.Бадридинова — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва кормандони Дастгоҳи марказии мақомот иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ З.Ализода нақш ва аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистонро дар масъалаи об ва махсусан ташаббуси навбатии ҷумҳуриро, ки барои ноил гардидан ба Ҳадафҳо рушди устувор равона шудааст, муҳим арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ ба масъалаи об аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дастрасӣ ба об, махсусан оби ошомиданӣ яке аз мушкилоти умдаи саёраи Замин ба ҳисоб рафта, амалишавии ин Қатънома бояд ба рушди устувори кишварҳо мусоидат намояд.

Дар мизи мудаввар: С.Ғуломов, М.Ашӯров, С.Бобохонов ва дигарон баромад намуда, паҳлуҳои мухталифи масъалаи обро матраҳ намуда, миёни иштирокчиён баҳсу мунозираҳои созанда сурат гирифт.

Таъкид карда шуд, ки кормандони Дастгоҳи марказӣ, Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ бояд барои ҳарчӣ бештар ташвиқу тарғиб намудани масъалаи мазкур тариқи иштирок ва баромад дар чорабиниҳои гуногун, вохӯрӣ бо аҳолӣ, баромад дар ВАО чораҷӯӣ намоянд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ