Боздид аз Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии ш. Душанбе

IMG_3172Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Бадридинова рӯзи 28 феврали соли 2017 бо мақсади таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон аз Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии ш. Душанбе боздид ба амал овард.

Зимни боздид аз муассиса Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо шароити зисти кӯдакон, таъминоти онҳо бо ғизо, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, инчунин шароити кори кормандон аз наздик шинос шуд.

Натиҷаи боздид нишон дод, ки дар муассиса барои кӯдакон шароити хуби нигоҳдорӣ муҳайё шудааст.

IMG_3150Дар охир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳайати кормандони муассиса вохӯрда, оид ба ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб суҳбат ва вобаста ба таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон ибрози назар намуданд. Дар охир Ваколатдор ба кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд.

Хадамоти матбуотии  ВҲИ 

Нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

IMG_304503.02.2017 дар толори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  соли 2016  баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, намояндаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони  ВАО иштирок намуданд

Нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода меҳмонон ва ҳозиринро хайрамақдам намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2016 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

IMG_3061Зимни баромади хеш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан ронда, қайд намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда, дар соли 2016 вобаста ба самтҳои асосии фаъолият барои ҳифз ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни суханронии худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот, рушди ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба рӯзноманигорон маълумот дода, оид ба нақшаҳои ояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фикру андешаҳои худро баён намуд.

IMG_3051Дар идомаи нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба самтҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо ва таклифу пешниҳодҳо баён карда шуданд. Ба саволҳои рӯзноманигорон аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда дода шуданд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзноманигоронро ба ҳамкории судманд даъват намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ