Боздид аз Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии ш. Душанбе

IMG_3172Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Бадридинова рӯзи 28 феврали соли 2017 бо мақсади таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон аз Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии ш. Душанбе боздид ба амал овард.

Зимни боздид аз муассиса Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо шароити зисти кӯдакон, таъминоти онҳо бо ғизо, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, инчунин шароити кори кормандон аз наздик шинос шуд.

Натиҷаи боздид нишон дод, ки дар муассиса барои кӯдакон шароити хуби нигоҳдорӣ муҳайё шудааст.

IMG_3150Дар охир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳайати кормандони муассиса вохӯрда, оид ба ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб суҳбат ва вобаста ба таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон ибрози назар намуданд. Дар охир Ваколатдор ба кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд.

Хадамоти матбуотии  ВҲИ