Санҷиши фаъолияти Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона дар ноҳияи Қубодиён

21 апрели соли 2017 тибқи Нақшаи кори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон кормандони мақомот дар Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона дар ноҳияи Қубодиён санҷиш гузарониданд.

Кормандони шуъба тибқи Оиннома чунин корҳоро ба анҷом мерасонанд: расонидани кумаки маишию иҷтимоӣ, назорати доимии ҳолати тандурустӣ ва чорабиниҳо оид ба пешгирии бемориҳо дар ҳамкорӣ бо духтурони минтақавӣ, аёдат ва дигар корҳоро барои  шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва пиронсолон ба анҷом мерасонанд.

Дар соли 2016 дар ноҳияи Қубодиён ба 120 нафар маъюбон бо дастгирии Раиси ноҳия ва Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аробачаҳои маъюби таъмин карда шудааст.

Шуъба аз ҳисоби шахсони саховатпеша низ ба шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва пиронсолон барои зимистонгузарони ҳезум, ангишт таъмин намуда, маводҳои хӯрокворӣ ва маблағҳоро ба онҳо тақсим намудааст.

Кормандони шуъба дар як моҳ 4-5 маротиба аз аҳволи шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва пиронсолон хабар гирифта аз эҳтиёҷоти онҳо пурсон мегарданд.

Ба кормандони Шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона дар ноҳияи Қубодиён тавсия дода шуд, ки оид ба расонидани ёрии ҳуқуқи ба шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва пиронсолон бо Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ноҳияи Қубодиён ҳамкорӣ намоянд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ