Вазъи дастрасии шахсони имконияташон маҳдуд ба объектҳои инфрасохтории дар ноҳияи Қубодиён

Тибқи Нақшаи кори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 апрели соли 2017 кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди ноҳияи мазкур санҷиши вазъи дастрасии шахсони имконияташон маҳдуд ба объектҳои инфрасохториро гузарониданд.

 Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки дар ноҳияи Қубодиён аксарияти биноҳо дар солҳои пешин сохта шудаанд ва дар онҳо дастрасии шахсони имконияташон маҳдуд ба назар гирифта нашудааст. Дар зинаҳои биноҳо пандус насб карда нашудааст, ба замми ин дар баъзе биноҳои нав талаботи Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон (35-01-2012), ки дастрасии бино ва иншоотҳоро барои гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ пешбинӣ кардааст, ба назар гирифта нашудааст.

 Бинобар ин, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба мақомот ва шахсони дахлдор оид ба бартараф намудани монеагиҳо барои дастрасии шахсони имконияташон маҳдуд ба биноҳои инфрасохтории дар ноҳия қарордошта, тавсияҳо пешниҳод намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ