Эълон!!!

МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (ВҲИ)

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

  1. Сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1149,2 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари Намояндагии ВҲИ: дар ВМКБ (1 ҷой), дар вилояти Хатлон (1 ҷой), дар вилояти Суғд (1 ҷой), маоши мансабӣ – 696,8 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:

  • таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, таҷрибаи кор дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кор бо компютер ва шабакаи интернет;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

  • таҳсилоти олии гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатии мазкурро таъмин карда метавонад, кор бо компютер;
  • 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

  • ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;
  • дигар ҳуҷҷатҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.

 

Нишонӣ ва телефон барои маълумот:
734025, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Икромӣ-7,тел: 221-46-89.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар рузномаи  «Ҷумҳурият»

Саволномаи озмун