Мулоқоти Зариф Ализода бо хонум Пратибҳа Меҳта

IMG_4290Имрӯз, Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта – Ҳамоҳангсозии доимии СММ ва Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ва ҷаноби Ян Харфст – Директори кишварии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистонро бо даъвати онҳо ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва нақши он дар амалисозии ҳадафи 16-уми Ҳадафҳои рушди устувори СММ – сулҳ, адолати судӣ ва ниҳодҳои самарабахш табодули назар намуданд.

Қайд карда шуд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози фаъолияти худ то ба имрӯз бо Намояндагии СММ дар Тоҷикистон ва агентиҳои он, аз ҷумла Барномаи Рушди СММ, Хазинаи кӯдакони СММ, СММ-Занон, Хазинаи нуфуси СММ, Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон, Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар самти ҳуқуқи инсон ба роҳ мондааст.

Дар доираи ин ҳамкориҳо иқтидори институтсионалии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳким ёфта, дар 4 шаҳру навоҳии кишвар Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуда, фаъолияти онҳо дастгирӣ ёфта истодааст.

Хонум Пратибха Меҳта нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии  омилҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили терроризм ва экстремизм, таъмини волоияти қонун, амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ, мусоидат ба ҳамкории давлат ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар охир ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ

Форуми байналмилалии Омбудсменҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон

20170907_091800Рӯзҳои 6-8 сентябри соли 2017 дар шаҳри Бишкек Форуми байналмилалии Омбудсменҳо дар мавзӯи “Нақши Омбудсменҳо дар такмили қонунгузории соҳаи ҳуқуқи инсон: интизориҳо ва дурнамо” баргузор гардид. Бо даъвати Омбудсмени Ҷумҳурии Қирғизистон дар чорабинии мазкур Аҳад Содиқов — сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Дар кори Форум Омбудсменҳо ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз давлатҳои Австрия, Арманистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Муғулистон, Россия, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон, Раиси Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, инчунин намояндагон аз созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, мақомоти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон, ниҳодҳои академӣ ва кормандони Омбудсмени Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ дар давоми се рӯз ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла “Нақши Омбудсмен дар амалисозии ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихобот”, “Низоми пенитенсиарӣ: ислоҳот, аз нав ба ҷомеа воридкунии (ресотсиализатсия) маҳкумшудагон”, “Ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқи инсон” ва “Ҳуқуқи кӯдакон (зӯроварӣ нисбати кӯдакон)”- ро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, аз натиҷаҳои кори Форуми байналмилалӣ Эъломияи дахлдор қабул намуданд.

Дар доираи Форуми мазкур Омбудсменҳо бо Раиси Парлумони (Жогорку кенеши) Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии пурмуҳтаво доир намуданд. Вохӯрӣ дар фазои кушод ва ҳусни тафоҳуми тарафайн баргузор гардид.

Ҳамчунин Омбудсменҳо ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон аз давлатҳои Арманистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Россия, Тоҷикистон, Туркия ва Узбекистон тасмим гирифтанд, ки Иттиҳоди Авруосиёгии Омбудсменҳо (Евразийский Альянс Омбудсменов) таъсис дода шавад.

Оид ба ҳадафҳои Форуми байналмилалӣ ва нақшаҳои якҷояи минбаъда Омбудсменҳо барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир намуда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои муфассал пешниҳод намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Вохӯрии Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон ҷаноби Лучиано Калестини

IMG_3976Санаи 08 сентябри соли 2017 Раҷабмо Ҳабибулозода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари нави Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон ҷаноби Лучиано Калестиниро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Ҳабибулозода Р. оид ба сиёсати давлат дар самти таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, таъмини шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак, салоҳият, ваколат ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумоти муфассал дод.

Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи кӯдакон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд назаррас мебошад.

Ҳамчунин зимни мулоқот қайд гардид, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳангоми амалӣ гардонидани фаъолияти худ ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар самти ҳуқуқ ба таҳсил, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва ҳуқуқи кӯдакон дар низоми адолати судӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Баъдан Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба саволҳои меҳмонон ҷавобҳои муфассал дод. Масъалаҳои вобаста ба таърихи таъсисёбии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, салоҳият ва ваколатҳои бо қонун муқарраргардида, гузаронидани санҷишу мониторингҳои муассисаҳои кӯдакона, гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамкориҳои минбаъда бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқи кӯдак мавриди тавваҷӯҳи Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон қарор гирифтанд.

Дар охири мулоқот ҷаноби Лучиано Калестини аз Раҷабмо Ҳабибулозода барои пазироии самимӣ, ҷавоб ба саволҳо ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри татбиқи ҳуқуқҳои кӯдакон дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Хадамоти матбуоти ВҲИ

Истиқлолият ва рушди ҳуқуқи инсон

IMG_3940Санаи 8-уми сентябри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот таҳти унвони «Истиқлолият ва рушди ҳуқуқи инсон» мизи мудаввар доир гардид.

Дар мизи мудаввар оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эътироф, эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар тули 26 соли Истиқлолияти давлатӣ маърўзаҳо карда шуд.

Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ санадҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонида, марҳила ба марҳила қонунгузории миллии худро дар ин самт такмил медиҳад.

Илова бар ин, дар даврони Истиқлолият ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳуқуқи инсон Тоҷикистон як қатор иқдомҳои муассирро пиёда намудааст, ки таъсиси ниҳоди миллии ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи кўдак, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, қабули якчанд барномаҳои давлатӣ ва муҳимтар аз ҳама дар сатҳи Конститутсия ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он далел шуда метавонанд.

Дар анҷоми чорабинӣ барои таҳкими Истиқлолият, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ даъват ба амал оварда шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони душвортарбия

20170901_081320Ҳамасола дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзхои ид» дар саросари Ҷумхурии соҳибистиқлоламон 1 сентябр ҳамчун “Рӯзи дониш”  ҷашн гирифта мешавад ва аввалин соати дарсӣ  Дарси Сулҳ номида мешавад, зеро пешрафти ҳар як давлат аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Бунёди давлати пешрафтаю мутараққӣ, ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи ахлоқу маърифати ҷомеа, амалӣ гардидани ҳадафу мақсадҳои муайяншуда ба давлате муяссар мегардад, ки шаҳрвандонаш дорои донишҳои нав, соҳибилму соҳибмаърифат бошанд.

Рӯзи 1 сентябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади муборакбодии кӯдакону омӯзгорон ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони душвортарбия ташриф оварданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки мураббиёну омӯзгорон ва хонандагони мактаб дар фазои идона ва шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлолияти миллӣ баргузор гардид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак зимни сухани табрикии худ таъкид намуданд, ки аз солҳои аввали Истиқлолият давлату ҳукумати ҷумҳурӣ зери рохбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои наврасону ҷавонон, ҳалли мушкилоти онхо, таълиму тарбия ва касбомӯзии онҳо аҳамияти махсус медиҳанд.

Дар фарҷоми сухани табрикӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба хонандагон хониши хубу аъло ва ба устодони муассиса муваффақиятхо таманно намуда, иброз доштанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлат ҷавонон бояд аз дигар кишрҳои ҷомеа фаъолтар бошанд ва тамоми кӯшишу ғайрати худро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолият, бехатарии давлат, гулгулшукуфии Ватани азизамон равона созанд, худро аз хатархои мавҷуда эмин нигоҳ дошта, ба хар гуна равияхои барои мо бегона ҳамроҳ нашаванд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ВҲК ҳамаи ҳозиринро бо ҷашни қарибулвуқӯи Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки хонандагони муассиса дигар бор он рафторе, ки сабабгори ба муассисаи махсус равона гардиданашон шудаанд, такрор намекунанд ва тамоми кушишу гайрати худро барои аз бар намудани илму дониш равона месозанд, зеро танхо илму дониш ва касбу ҳунар шахсро ба қуллаҳои мурод мерасонад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ