Тасдиқи Стратегия ва рамзи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

logo1027 октябри соли 2017 Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва рамзи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тасдиқ гардиданд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли 2016 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак вазифаи Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Аз ҷониби ВҲК ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ВҲК дар самтҳои алоҳидаи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, адолати судӣ нисбати ноболиғон ва ҳуқуқи кӯдакони дорои маъюбият, гузоришҳои ҶТ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мақомоти СММ, инчунин тавсияҳои аз ҷониби сохторҳои дахлдори СММ пешниҳодгардида мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Машваратҳои васеъ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ дар маҳалҳо ва инчунин бо ҷавонон низ доир гаштанд.

Лоиҳаи стратегия ва нақшаи амали он бо намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мизи мудаввар санаи 7 июли соли 2017 мавриди муҳокима қарор дода шуда, бо дарназардошти тавсияҳои иштирокчиёни мизи мудаввар мукаммал гардонида шуд ва мусоидат ба дастрасии кӯдакони маъюбиятдошта ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти ВҲК барои се соли минбаъда муайян гардид.

Таъкид кардан муҳим аст, ки ба ғайр аз амалисозии фаъолият дар самти афзалиятнок ВҲК вазифаҳои асосии худро вобаста ба дигар самтҳо, аз ҷумла дар самтҳои мониторинги риояи ҳуқуқҳои кӯдак ва омодасозии маърӯзаҳои солона дар бораи фаъолият, қабул ва баррасии муроҷиатҳо вобаста ба вайроншавии ҳуқуқҳои кӯдак ва гузаронидани санҷишҳо, пешбурди ҳуқуқҳо ва манфиатҳои беҳтарини кӯдак ва ҳамчунин таъмини иштироки кӯдакон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои онҳо иҷро менамояд.

Хадамоти матбуотӣ

Сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба вилояти Суғд

110Рӯзҳои 16-20 октябри соли 2017 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар ҳайати Р. Ҳабибулозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Конибодоми вилояти Суғд қарор доштанд.

Сафари хизматии мазкур бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи вилоят, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо, мониторинги фаъолияти чанде аз муассисаҳои будубоши доимии кӯдакон, инчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Суғд бо мақомоти ВҲИ ҶТ анҷом дода шуд.

Рӯзи аввал, пас аз мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо Раиси ноҳия, аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон анҷом дода шуд.

Дар нимаи дуюми рӯз вохӯрии гурӯҳи корӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла масъулини ниҳодҳои маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва инчунин рӯзноманигорон баргузор гардид.

Чунин вохӯриҳои пурмуҳтаво рӯзи 19 октябр бо Раиси шаҳр, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инчунин рӯзноманигорони шаҳри Конибодом низ анҷом дода шуданд.

 Дар вохӯриҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак оид ба фаъолияти мақомоти ВҲИ ҶТ ва салоҳияту вазифаҳои ВҲК ҶТ маълумот пешниҳод намуданд. Сипас иштирокчиёни вохӯриҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар сатҳи маҳал ибрози назар намуданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.

Худи ҳамон рӯз аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандони Конибодом ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он анҷом дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки оид ба сана ва суроғаи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид баҳуқуқи кӯдак муддати як ҳафта тавассути васоити ахбори оммаи маҳаллӣ эълон пахш шуда буд.

109Дар доираи сафари корӣ мониторинги фаъолияти Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҷ.Расулов” ва Мактаб-парваришгоҳи №40 барои беморони сили шаҳри Конибодом гузаронида шуданд. Аз натиҷаи мониторингҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда ба роҳбарияти муассисаҳои зикршуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ тавсияҳои дахлдори пешакӣ баён карда шуданд.

Дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои дар доираи сафари корӣ пешбинишуда роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд ҳамаҷониба мусоидат намуд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ

Санҷиши хабари нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ вобаста ба лату кӯби ноболиғ

1111Санаи 23.10.2017 бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” вобаста ба хабар ва аксҳои чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нисбати ноболиғ С.С., истиқоматкунандаи н.Ёвон паҳнгашта санҷиш гузаронида шуд.

Зимни санҷиш бо намояндагони Комиссияи ҳуқуқи кӯдак, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД, муовини прокурор, кормандони ШВКД, директори мактаби №45-и н.Ёвон суҳбат гузаронида шуд.

Аз натиҷаи санҷиш дар якҷоягӣ бо Комиссияи ҳуқуқи кӯдак тавсия дода шуд, ки бо мақсади таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи ноболиғони зикргардида ва дар муҳити солим таълим гирифтани онҳо то лаҳзаи пурра ва дақиқ санҷидани ҳолатҳои ҷойдошта кӯдакон муваққатан ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим, нимятим ва бепарасторони н.Ёвон, ҷойгир карда шаванд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак натиҷаи санҷиши ҳолати мазкурро пайгирӣ менамояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Мушкилоти ҳифзи ҷабрдидагон аз амалҳои зӯроварӣ дар оила

imagesМушкилоти зӯроварӣ дар оила яке аз мушкилоти мубрами ҷаҳони имрӯза мебошад. Зӯроварӣ дар оила кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон намуда, дар баъзе мавридҳо ба барҳамхӯрии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. ҳеҷ кас аз ин кирдор истисно набуда, ҷабрдидаи зӯроварӣ дар оила метавонад зан, мард, кӯдак ё аъзои дигари оила бошад.

Амалҳои зӯроварӣ дар оила асосан бо сабабҳои носозгорӣ дар оила, паст будани сатҳи зиндагӣ, бекорӣ, набудани манзили алоҳидаи истиқоматӣ, менталитети куҳна дар хусуси нақши иҷтимоӣ дар оила ва тарбияи фарзандон, паҳн шудани ҳодисаҳои майзадагию нашъамандӣ ва дигарҳо рух медиҳанд.

Дар шароити дахлнопазир будани манзили шахс ва ҳаёти оилавӣ ҷабрдидагон дар вазъи осебпазирӣ ва дастнорасӣ ба ҳифз аз амалҳои зӯроварӣ қарор мегиранд. Бахусус кӯдакон бинобар надоштани тасаввурот ва иттилоот оид ба мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила дар бисёр мавридҳо амалҳои зӯровариро нисбати худ рӯйпӯш мекунанд ва ба ягон мақомот муроҷиат намекунанд.

 Мутаассифона баъзеҳо ҳанӯз ҳам амалҳои зӯроварӣ дар оиларо ҳамчун одати муқаррарии ҳаёти оилавӣ ва анъанавӣ қабул намуда, кирдори мазкур мавриди эътирози ҷомеа қарор нагирифтааст. ҳаминро бояд қайд кард, ки зӯроварӣ дар оила масъалаи шахсии байни аъзои оила набуда, вайронкунии ҳуқуқи инсон ва табъиз нисбати дигар аъзои оила, натиҷаи бевоситаи нобаробарии байни марду зан мебошад. Ҷомеа ба ин кирдор набояд бетараф бошад.

Амалия нишон медиҳад, ки мушкилоти зӯроварӣ дар оиларо фақат бо истифодаи чораҳои маъмурӣ-ҳуқуқӣ ҳаллу фасл намудан ғайриимкон аст. Барои пешгирӣ намудани ин кирдор зарур аст, ки муносибат ва тарзу рафтори худи инсон дигар карда шуда, афкори ҷомеа нисбати ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила ва муроҷиати ҷабрдидагон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила, ки айни ҳол  нокифоя арзёбӣ мегардад, тағйир дода шавад.

Дар ин кор  метавонад нақши ВАО ниҳоят калон бошад, паҳн намудани маводҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани сатҳи иттилоотии ҳуқуқии аҳолӣ,  тағйир додани афкори ҷомеа ва ҳаллу фасли муноқишаҳои оилавӣ мувофиқи мақсад аст.

Новобаста ба он, ки дар самти мазкур омӯзишу тадқиқотҳо гузаронида шудаанд, то ҳанӯз зарурат ба гузаронидани чунин омӯзишу тадқиқотҳо вуҷуд дорад.

Чӣ хеле, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, воситаи асосии муқовимат бар зидди зӯроварӣ дар оила кӯшиши сиёсии ҳар як давлат, ки бо ҳаракатҳои амалӣ, ба мисли қабули қонуни махсус ё барномаҳои давлатии амалҳои зидди ин кирдор тасдиқ мешавад, ба шумор меравад. Бо дарназардошти ин дар ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” (аз 19 марти соли 2013)  ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 қабул карда шуданд.

Қонуни мазкур ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои зан ва дигар аъзои оила, пешгирӣ ва барҳам додани зӯроварӣ дар оила, ҳамчунин бо мақсади иҷрои банди 22  Гузориши даврии якҷояи якум, дуюм ва сеюми ҶТ оид ба иҷрои Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, ки тибқи он ба ҶТ қабули қонуни алоҳида доир ба ин масъала тавсия шуда буд, таҳия ва қабул гардид.

Бо қабул шудани Қонуни зикргардида субъектҳои сершумор вазифадор шудаанд, ки кирдори мазкурро пешгирӣ намоянд.

Амалия ва таҳлили Қонуни мазкур инчунин нишон дод, ки он дорои камбудиҳо ва дар амалӣ намудани меъёрҳои он баъзе гуногунфаҳмиҳо ҷой доранд. Механизмҳои пешбининамудаи амалишавии қонун чандон самаранок набуда, ворид намудани  тағйироту иловаҳои дахлдор бо дарназардошти амалияи татбиқи қонуни мазкур мувофиқи мақсад аст.

Тибқи қонунгузории амалкунандаи ҷиноятӣ таркиби кирдори зӯроварӣ дар оила ба сифати намуди алоҳидаи ҷиноят эътироф карда нашудааст, ки ба паҳн шудани ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила то як андоза мусоидат мекунад. Давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба расмиёти Шарҳи умумии даври дуюми Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила оид ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи занону кӯдакон ва дигар аъзои оила аз зӯроварӣ дар оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила, такмили қонунгузории ҷиноятӣ вобаста ба пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои зӯроварӣ дар оила ҳамчун таркиби алоҳида ва дигарҳо тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Бо мақсади пешгирии зӯроварҳ дар оила, бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда зарур аст, ки кирдори мазкур мавриди эътирози ҷомеа қарор дода шуда, муҳити зисти солим дар оила ҳамчун афзалиятҳои рушди ҷомеа ҳисобида шаванд. Инчунин воситаҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила пурзӯр карда шуда, бо мақсади татбиқи пурраи Қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба он тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид карда шаванд.

М. Ашӯров  сардори шуъбаи
ҳифзи давлатии  ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии
Дастгоҳи ВҲИ дар ҶТ

Ҳуқуқи дастрасии кӯдак ба таҳсил

Конститутсияи ҶТ, қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак”, Кодекси оила, Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ҳуқуқи кўдаконро ба таҳсил кафолат медиҳанд.

Яке аз аввалин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба тасвиб расонидааст, Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар доираи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла дар самти ҳуқуқи дастрасии кӯдакон ба таҳсил пайваста талош намуда, тайи солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили бепул ва ҳатмии умумии асосӣ кафолат дода шудааст. Дар мавриди поймол намудани ҳуқуқи дастрасии кӯдак ба таҳсил, яъне монеъгӣ барои гирифтани таҳсилоти умумии асосии кӯдакон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ пешбинӣ намудааст.

Бо мақсади таъмин намудани баробарии гендерӣ дар самти таҳсил қонунҳо ва барномаҳои дахлдори давлатӣ қабул ва амалӣ шуда истодаанд, ки тибқи онҳо барои духтарон имтиёзҳои иловагӣ муқаррар шудаанд. Бист сол аст, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ низоми квотаҳои президентӣ амал мекунад ва тибқи он духтарон ва писарон метавонанд бе супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвар қабул шуда, ройгон таҳсил намоянд.

Бо мақсади таъмин намудани шаффофият ҳангоми супоридани имтиҳонот барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ дар ҷумҳурӣ низоми тестӣ ҷорӣ карда шудааст ва тибқи он барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ноҳияҳои дурдаст имтиёзҳои ҷудогона пешбинӣ шудаанд.

Тибқи Стратегияи фаъолияти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2016-2020 ҳуқуқи дастрасии кӯдакон ба таҳсил яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шудааст. Дар Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 низ бо мақсади ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи дастрасии кӯдакони маъюб ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти ВҲК муқаррар шудааст.

 Таҳлили вазъи имрӯзаи дастрасии кӯдакон ба таҳсил ва натиҷаҳои мониторинги фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар ҷумҳурӣ нишон медиҳанд, ки яке аз мушкилиҳои асосӣ дар ин самт нарасидани ҷойҳои нишасти таълимӣ барои кӯдакон мебошад ва чунин ҳолат аз Ҳукумати ҷумҳурӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои нави таълимӣ пайваста чораандешӣ намояд.

Ин аст, ки теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар кишвар сол аз сол меафзояд. Тибқи маълумоти бадастомада фақат дар соли 2016 201 бинои таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст. Айни ҳол дар ҷумҳурї 3865 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 364 муассисаи тањсилоти ибтидоӣ, 522 муассисаи умумии асосӣ ва 2979 муассисаи миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 1837762 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ табдил додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ дар соли хониши 2016-2017 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 102 адад зиёд гардидааст.

Дар натиҷаи талошҳои пайвастаи Пешвои миллат имрӯз 30 нафар омӯзгорон аз Федератсияи Россия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таври пилотӣ таълим медиҳанд. Таҳлилҳои дар ин самт гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ барои таълими хонандагон бо забони русӣ мушкилиҳо низ ҷой доранд. Мушкилоти муассисаҳои таълимӣ дар нарасидани китобҳои дарсӣ, дастурамалҳои методии фаннӣ, дастрасӣ ба интернет, синфҳои лингофонӣ, тахтаҳои синфии электронӣ ва инчунин таҷҳизоту маводи зарурӣ барои лабораторияҳои фаннӣ ба назар мерасанд.

Таҳсилоти томактабии кӯдакон  аввалин ва яке аз зинаҳои муҳим дар таълиму тарбияи кӯдакон ба шумор меравад ва он барои инкишофи ҳамаҷонибаи кўдакон нақши калон дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” аз 28 декабри соли 2013 № 1056 ва Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри 2014, №785 қабул шуда, Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 мавриди амал қарор дода шуд.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми ҶТ соли 2016 дар ҷумҳурӣ 603 муассисаи таълимии томактабӣ бо фарогирии 94724 нафар фаъолият намудааст, ки нисбат ба соли 2015 29 адад бо фарогирии 2700 кўдак зиёд мебошад. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ айни ҳол 1456 Маркази инкишофи кўдак бо фарогирии 35212 нафар фаъолият менамоянд.

 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қабули Қонун ва Стандарти давлатӣ, амалисозии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 боиси беҳтар шудани заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ, таъминоти онҳо бо кадрҳои ихтисосманд ва сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои томактабӣ шуда бошад ҳам, ҳанўз мушкилот дар ин самт боқӣ мемонад. Аз ҷумла кам будани муассисаҳои томактабӣ ва асосан дар маркази шаҳру ноҳияҳо ҷойгиршавии онҳо боиси бе тайёрии пешакӣ ба мактаб рафтани теъдоди зиёди кўдакони деҳот мегардад.

Агарчанде ки моддаи 6 Қонун ва муқаррароти Барномаи мазкур имконият медиҳанд, ки муассисаҳои таълимии томактабӣ аз тарафи шахсони воқеӣ низ таъсис дода шаванд, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 81 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 10346 кӯдак фаъолият менамоянд, ки 18,5% нақшаи пешбинишудаи Барномаи мазкурро ташкил медиҳад.

Таҳлили муроҷиатҳои ба мақомоти ВҲИ ҶТ воридшуда нишон медиҳад, ки баъзе оилаҳо имконияти молиявии пардохти маблағи таҳсили фарзандонашонро дар муассисаҳои томактабӣ надоранд. Мушкилоти мазкур ба дигар гурӯҳҳои осебпазири кӯдакон низ тааллуқ дорад.

Аз ин лиҳоз, мувофиқи мақсад аст, ки барои кўдакони деҳот ва хусусан духтарон, фарзандони оилаҳои камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири кӯдакон шароити мусоиди дастрасӣ ба таҳсилоти томактабӣ фароҳам оварда шавад.

Ҳамчунин, иҷрои саривақтии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 ҷиҳати таъмин намудани ҳуқуқи дастрасии кӯдакон ба таҳсил такони тоза мебахшад.

Фаъолияти пайвастаи мақомоти ВҲИ ҶТ дар ин самт ба роҳ монда шудааст ва кормандони он ҷиҳати пешбурди ҳуқуқи дастрасии кӯдакон ба таҳсил ҳамчун самти афзалиятноки стратегӣ минбаъд низ кӯшиш менамоянд, ки аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.

   А. Содиқов
Сардори шуъбаи ҳифзи
 давлатии ҳуқуқҳои кӯдак

Таҷлили «Рӯзи забони давлатӣ» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

IMG_0068Санаи 4-уми октябр дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Мавҷигул Давлатшоева — мудири Бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нарзулло Каримов — устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст З.Ализода ҳозиринро бо ин ҷашни бузург табрику таҳният намуда, қайд намуданд, ки боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки барои арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Ватани азизамон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромӣ ва муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Н.Давлатшоева дар баромади худ атрофи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон ва чораҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидашаванда маълумот дод. Қайд карда шуд, ки забони тоҷикӣ дар минтақа ва ҷаҳон аз шуҳрат ва эътибори хос бархурдор буда, тавассути забон ҳуввияти миллии мо ҳифз карда мешавад.

Барои иштирокчиёни мизи мудаввар аз ҷониби Каримов Н. — устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ оид ба Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ муфассал маълумот дода шуд. Таъкид карда шуд, ки барои истифодаи дурусти забон ва хат донистани қоидаҳои имло зарур аст.

Сипас миёни иштирокчиёни мизи мудаввар вобаста ба маърӯзаҳои пешниҳодшуда саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар интиҳои ҷамъомади тантанавӣ З.Ализода ҳозиринро бори дигар ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳар яки онҳо тансиҳатӣ ва дар фаъолияти кориашон бурдибориҳоро таманно намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Сафари корӣ ба ВМКБ

Сафар 2Тибқи Нақшаи кори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзҳои 25-28 сентябри соли 2017 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар ҳайати А. Содиқов – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак, П. Маҷидов – сармутахассис ва С. Раҳимов – мутахассиси пешбари ҳамин Шуъба дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доштанд.

Сафари хизматии мазкур бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи вилоят, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, инчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бо мақомоти ВҲИ ҶТ анҷом дода шуд.

Рӯзи аввал аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар шаҳри Хоруғ қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандони вилоят анҷом дода шуд. То соати 1400 муроҷиатҳои шифоҳии 10 нафар шаҳрвандони вилоят баррасӣ карда шуда, ба онҳо маслиҳатҳои дахлдори ҳуқуқӣ дода шуданд. Барои баъзе аз шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки ҷиҳати ҳалли мусбии мушкилоташон тариқи хаттӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муроҷиат намоянд. Ҷоиз ба ёдоварист, ки оид ба сана ва суроғаи қабули шаҳрвандон муддати як ҳафта тавассути телевизиони вилоятӣ эълон пахш шуда буд.

Дар нимаи дуюми рӯз вохӯрии гурӯҳи корӣ бо роҳбарони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ таҳти роҳбарии муовини Раиси ВМКБ Г. Орумбекова баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур аз ҷумла масъулини раёсатҳои маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Комиссияи вилоятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак иштирок намуданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ дар муҳити озод ва ҳамдигарфаҳмӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак дар сатҳи вилоят табодули афкор намуданд. Бо пешниҳоди муовини Раиси ВМКБ Г. Орумбекова иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки бо дарназардошти натиҷаҳои мулоқоти имрӯза аз ҷониби МИҲД ВМКБ ба мақомоти ВҲИ ҶТ оид ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар вилоят гузориши таҳлилии муфассал пешниҳод карда мешавад.

Рӯзи дуюм тибқи нақшаи сафари корӣ вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хоруғ ва инчунин рӯзноманигорон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ сардори ШҲДҲК А. Содиқов оид ба фаъолияти мақомоти ВҲИ ҶТ ва салоҳияту вазифаҳои ВҲК ҶТ маълумот пешниҳод намуд. Сипас иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар шаҳри Хоруғ ибрози назар намуданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.

Дар нимаи дуюми рӯз вохӯрии гурӯҳи корӣ ба намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатии ВМКБ, ки дар самтҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак фаъолият мекунанд, баргузор гардид. Вохӯрӣ дар муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва пурмуҳтаво гузашт. Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва махсусан Намояндагии ВҲИ ҶТ дар ВМКБ ва комиссияҳои вилоятиву ноҳиявӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии вилоят боз ҳам тақвият дода шаванд.

Дар давоми ду рӯзи сипаригашта роҳбари гурӯҳи корӣ бо рӯзноманигорон мусоҳибаҳо доир намуд ва ин мусоҳибаҳо тавассути воситаҳои ахбори оммаи ВМКБ пахш гардиданд.

Рӯзҳои сеюм ва чоруми сафари корӣ санҷиши фаъолияти Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ гузаронида шуд. Аз натиҷаҳои санҷиш ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда ба роҳбарияти Мактаб-интернат тавсияҳои дахлдори пешакӣ баён карда шуданд. Роҳбарияти Мактаб-интернат изҳор намуданд, ки дар муддати ду ҳафта оид ба иҷрои тавсияҳои гурӯҳи корӣ ба мақомоти ВҲИ ҶТ маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.

Қобили қайд аст, ки чорабиниҳои дар доираи сафари корӣ пешбинишуда дар ҳамкории зич бо Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ амалӣ карда шуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ