Тасдиқи Стратегия ва рамзи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

logo1027 октябри соли 2017 Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва рамзи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тасдиқ гардиданд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли 2016 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак вазифаи Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Аз ҷониби ВҲК ҷиҳати муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ВҲК дар самтҳои алоҳидаи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, адолати судӣ нисбати ноболиғон ва ҳуқуқи кӯдакони дорои маъюбият, гузоришҳои ҶТ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мақомоти СММ, инчунин тавсияҳои аз ҷониби сохторҳои дахлдори СММ пешниҳодгардида мавриди таҳлил қарор дода шуданд.

Машваратҳои васеъ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ дар маҳалҳо ва инчунин бо ҷавонон низ доир гаштанд.

Лоиҳаи стратегия ва нақшаи амали он бо намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар мизи мудаввар санаи 7 июли соли 2017 мавриди муҳокима қарор дода шуда, бо дарназардошти тавсияҳои иштирокчиёни мизи мудаввар мукаммал гардонида шуд ва мусоидат ба дастрасии кӯдакони маъюбиятдошта ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти ВҲК барои се соли минбаъда муайян гардид.

Таъкид кардан муҳим аст, ки ба ғайр аз амалисозии фаъолият дар самти афзалиятнок ВҲК вазифаҳои асосии худро вобаста ба дигар самтҳо, аз ҷумла дар самтҳои мониторинги риояи ҳуқуқҳои кӯдак ва омодасозии маърӯзаҳои солона дар бораи фаъолият, қабул ва баррасии муроҷиатҳо вобаста ба вайроншавии ҳуқуқҳои кӯдак ва гузаронидани санҷишҳо, пешбурди ҳуқуқҳо ва манфиатҳои беҳтарини кӯдак ва ҳамчунин таъмини иштироки кӯдакон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқҳои онҳо иҷро менамояд.

Хадамоти матбуотӣ