Мушкилоти ҳифзи ҷабрдидагон аз амалҳои зӯроварӣ дар оила

imagesМушкилоти зӯроварӣ дар оила яке аз мушкилоти мубрами ҷаҳони имрӯза мебошад. Зӯроварӣ дар оила кирдори паҳншуда ва хавфноке дар муҳити оилавӣ ба шумор меравад, ки ҳуқуқу озодиҳои аъзои дигари оиларо дағалона вайрон намуда, дар баъзе мавридҳо ба барҳамхӯрии оилаҳо ва худкушии ҷабрдидагон оварда мерасонад. ҳеҷ кас аз ин кирдор истисно набуда, ҷабрдидаи зӯроварӣ дар оила метавонад зан, мард, кӯдак ё аъзои дигари оила бошад.

Амалҳои зӯроварӣ дар оила асосан бо сабабҳои носозгорӣ дар оила, паст будани сатҳи зиндагӣ, бекорӣ, набудани манзили алоҳидаи истиқоматӣ, менталитети куҳна дар хусуси нақши иҷтимоӣ дар оила ва тарбияи фарзандон, паҳн шудани ҳодисаҳои майзадагию нашъамандӣ ва дигарҳо рух медиҳанд.

Дар шароити дахлнопазир будани манзили шахс ва ҳаёти оилавӣ ҷабрдидагон дар вазъи осебпазирӣ ва дастнорасӣ ба ҳифз аз амалҳои зӯроварӣ қарор мегиранд. Бахусус кӯдакон бинобар надоштани тасаввурот ва иттилоот оид ба мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила дар бисёр мавридҳо амалҳои зӯровариро нисбати худ рӯйпӯш мекунанд ва ба ягон мақомот муроҷиат намекунанд.

 Мутаассифона баъзеҳо ҳанӯз ҳам амалҳои зӯроварӣ дар оиларо ҳамчун одати муқаррарии ҳаёти оилавӣ ва анъанавӣ қабул намуда, кирдори мазкур мавриди эътирози ҷомеа қарор нагирифтааст. ҳаминро бояд қайд кард, ки зӯроварӣ дар оила масъалаи шахсии байни аъзои оила набуда, вайронкунии ҳуқуқи инсон ва табъиз нисбати дигар аъзои оила, натиҷаи бевоситаи нобаробарии байни марду зан мебошад. Ҷомеа ба ин кирдор набояд бетараф бошад.

Амалия нишон медиҳад, ки мушкилоти зӯроварӣ дар оиларо фақат бо истифодаи чораҳои маъмурӣ-ҳуқуқӣ ҳаллу фасл намудан ғайриимкон аст. Барои пешгирӣ намудани ин кирдор зарур аст, ки муносибат ва тарзу рафтори худи инсон дигар карда шуда, афкори ҷомеа нисбати ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила ва муроҷиати ҷабрдидагон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила, ки айни ҳол  нокифоя арзёбӣ мегардад, тағйир дода шавад.

Дар ин кор  метавонад нақши ВАО ниҳоят калон бошад, паҳн намудани маводҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани сатҳи иттилоотии ҳуқуқии аҳолӣ,  тағйир додани афкори ҷомеа ва ҳаллу фасли муноқишаҳои оилавӣ мувофиқи мақсад аст.

Новобаста ба он, ки дар самти мазкур омӯзишу тадқиқотҳо гузаронида шудаанд, то ҳанӯз зарурат ба гузаронидани чунин омӯзишу тадқиқотҳо вуҷуд дорад.

Чӣ хеле, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, воситаи асосии муқовимат бар зидди зӯроварӣ дар оила кӯшиши сиёсии ҳар як давлат, ки бо ҳаракатҳои амалӣ, ба мисли қабули қонуни махсус ё барномаҳои давлатии амалҳои зидди ин кирдор тасдиқ мешавад, ба шумор меравад. Бо дарназардошти ин дар ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” (аз 19 марти соли 2013)  ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 қабул карда шуданд.

Қонуни мазкур ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои зан ва дигар аъзои оила, пешгирӣ ва барҳам додани зӯроварӣ дар оила, ҳамчунин бо мақсади иҷрои банди 22  Гузориши даврии якҷояи якум, дуюм ва сеюми ҶТ оид ба иҷрои Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, ки тибқи он ба ҶТ қабули қонуни алоҳида доир ба ин масъала тавсия шуда буд, таҳия ва қабул гардид.

Бо қабул шудани Қонуни зикргардида субъектҳои сершумор вазифадор шудаанд, ки кирдори мазкурро пешгирӣ намоянд.

Амалия ва таҳлили Қонуни мазкур инчунин нишон дод, ки он дорои камбудиҳо ва дар амалӣ намудани меъёрҳои он баъзе гуногунфаҳмиҳо ҷой доранд. Механизмҳои пешбининамудаи амалишавии қонун чандон самаранок набуда, ворид намудани  тағйироту иловаҳои дахлдор бо дарназардошти амалияи татбиқи қонуни мазкур мувофиқи мақсад аст.

Тибқи қонунгузории амалкунандаи ҷиноятӣ таркиби кирдори зӯроварӣ дар оила ба сифати намуди алоҳидаи ҷиноят эътироф карда нашудааст, ки ба паҳн шудани ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила то як андоза мусоидат мекунад. Давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба расмиёти Шарҳи умумии даври дуюми Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила оид ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи занону кӯдакон ва дигар аъзои оила аз зӯроварӣ дар оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила, такмили қонунгузории ҷиноятӣ вобаста ба пешбинӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои зӯроварӣ дар оила ҳамчун таркиби алоҳида ва дигарҳо тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Бо мақсади пешгирии зӯроварҳ дар оила, бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда зарур аст, ки кирдори мазкур мавриди эътирози ҷомеа қарор дода шуда, муҳити зисти солим дар оила ҳамчун афзалиятҳои рушди ҷомеа ҳисобида шаванд. Инчунин воситаҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила пурзӯр карда шуда, бо мақсади татбиқи пурраи Қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба он тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид карда шаванд.

М. Ашӯров  сардори шуъбаи
ҳифзи давлатии  ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии
Дастгоҳи ВҲИ дар ҶТ