Сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба вилояти Суғд

110Рӯзҳои 16-20 октябри соли 2017 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар ҳайати Р. Ҳабибулозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Конибодоми вилояти Суғд қарор доштанд.

Сафари хизматии мазкур бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи вилоят, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо, мониторинги фаъолияти чанде аз муассисаҳои будубоши доимии кӯдакон, инчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Суғд бо мақомоти ВҲИ ҶТ анҷом дода шуд.

Рӯзи аввал, пас аз мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо Раиси ноҳия, аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон анҷом дода шуд.

Дар нимаи дуюми рӯз вохӯрии гурӯҳи корӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла масъулини ниҳодҳои маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва инчунин рӯзноманигорон баргузор гардид.

Чунин вохӯриҳои пурмуҳтаво рӯзи 19 октябр бо Раиси шаҳр, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инчунин рӯзноманигорони шаҳри Конибодом низ анҷом дода шуданд.

 Дар вохӯриҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак оид ба фаъолияти мақомоти ВҲИ ҶТ ва салоҳияту вазифаҳои ВҲК ҶТ маълумот пешниҳод намуданд. Сипас иштирокчиёни вохӯриҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар сатҳи маҳал ибрози назар намуданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.

Худи ҳамон рӯз аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандони Конибодом ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он анҷом дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки оид ба сана ва суроғаи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид баҳуқуқи кӯдак муддати як ҳафта тавассути васоити ахбори оммаи маҳаллӣ эълон пахш шуда буд.

109Дар доираи сафари корӣ мониторинги фаъолияти Муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони рӯҳии ноҳияи Ҷ.Расулов” ва Мактаб-парваришгоҳи №40 барои беморони сили шаҳри Конибодом гузаронида шуданд. Аз натиҷаи мониторингҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда ба роҳбарияти муассисаҳои зикршуда аз ҷониби гурӯҳи корӣ тавсияҳои дахлдори пешакӣ баён карда шуданд.

Дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои дар доираи сафари корӣ пешбинишуда роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд ҳамаҷониба мусоидат намуд.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ