Конститутсия унсури муҳими давлатдории навин

2 ноябри соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба муносибати 23-юмин солгарди қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи ВҲИ мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро З.АлизодаIMG_0100, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт. Қайд карда шуд, ки Конститутсия унсури муҳими давлатдории навин мебошад. Халқи тоҷик ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ иродаи худро бевосита тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ифода намуда, 23 сол муқаддам ҳамин Конститутсияро қабул намуд ва таърихи навтарини Тоҷикистони соҳибистиқлол собит менамояд, ки халқи куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик дар интихоби роҳи ҳаёти худ ва давлатдории навини тоҷикон хато накардааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд азму талошҳо ва саҳми барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст. Сарвари давлат ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд, ки «Мо таҷрибаи ҷаҳонии давлатдорӣ, омилҳои сиёсиву иқтисодӣ ва милливу фарҳангии мамлакатро дар марҳилаи гузаштаву имрӯза омӯхта, роҳи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро интихоб намудем».

Дар мизи мудаввар хамчунин Содиқов А.М. – сардори Шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар мавзӯи «Конститутсия ифтихори мо» маърӯза намуд. Дар маърӯза оид ба таърихи таҳия ва қабули аввалин конститутсияҳо, нақши онҳо дар рушду такомули давлатҳо маълумот дода шуд. Маҳз бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикитон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ эътироф шуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ З.Ализода мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, изҳори боварӣ намуданд,ки Конститутсия ҳамчун шоҳсутуни сулҳу ваҳдат ва раҳнамо садсолаҳо ба халқу давлати тоҷикон хизмат хоҳад кард.

Хадамоти матбуотии ВҲИ