Конститутсия нишонаи муҳими давлатдорист

1014126167Ватани Конститутсия Англия мебошад, ҳарчанд ки дар он ҷо дар шакли санади ягона вуҷуд надорад. Он дар шакли санадҳои алоҳидаи конститутсионӣ дар даврони инқилоби буржуазии ин давлат пайдо шудааст, Санад (Билл) дар бораи ҳуқуқҳо (соли 1689), Санад дар бораи давлати озод эълон намудани Англия (соли 1649), Санад дар бораи барҳам додани Палатаи лордҳо (соли 1649) аз ҳамон ҷумлаанд. Аввалин Конститутсия дар шакли санади алоҳида Конститутсияи ИМА (соли 1787) мебошад.

Мусоҳиба бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ Зариф Ализода

— Бисту се сол қабл зарурати қабули нахус­тин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро кадом заминаҳо фароҳам оварданд?

— Яке аз заминаҳои асосӣ соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи Конститутсия ба расмият даровардани он буд, зеро Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳими давлатҳо мебошад. Бе Конститутсия давлатдориро тасаввур кардан номумкин аст. Ҳамчунин, зарур буд, ки мақсади давлати соҳибистиқлол, ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, дар Қонуни асосии он сабт гардад.

Қабули Конститутсияро барпо намудани муносибатҳои мукаммали байналмилалӣ, ба вуҷуд омадани муносибатҳои комилан нави ҷамъиятӣ дар асоси арзишҳо ва принсипҳои нави ҷомеа (гуногуншаклии моликият, плюрализми сиёсӣ ва мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ) низ талаб мекарданд. Ин воқеият ҳамчунон тақозо мекард, ки масъалаҳои бунёдии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ тағйир дода шаванд, зеро онҳо асоси давлату давлатдориро устувор мегардонанд ва бояд дар матни Конститутсия инъикос ёбанд.

— Ба қавли коршиносон, Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ низ дар қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим дорад.

— Маҳз ба шарофати ин иҷлосияи таърихӣ, ки сохтори конститутсионӣ барқарор ва қонунияту тартибот ҷорӣ шуд, имкон фароҳам омад, ки кор дар самти таҳияи лоиҳаи Конститутсия оғоз гардад. Бо қарори Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ бо роҳбарии Сарвари давлат – Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов таъсис ёфт ва моҳи ноябри соли 1993 гурӯҳи корӣ аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон созмон дода шуд. Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсия гурӯҳи корӣ шароиту хусусиятҳои мамлакат ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро пурра ба инобат гирифт.

— Ҳадафи асосии қабули Конститутсия бо роҳи ­раъйпурсии умумихалқӣ аз чӣ иборат буд?

— Зимни суханронӣ дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 июли соли 1994 баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Оид ба ислоҳоти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ, тарзи қабули Конститутсия, муҳлати интихоботи Президент, Парламенти ҷумҳурӣ фикру ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Ман бар он муътақидам, ки Қонуни асосиро ба воситаи раъйпурсӣ ва Президентро ба тариқи умумихалқӣ интихоб намудан лозим аст».

Ин пешниҳоди Сарвари давлат ба ду манбаи бисёр муътамад асос меёфт. Яке аз он таҷрибаи талхи солҳои сипаришуда буд, ки Шӯрои Олӣ бо талаби гурӯҳе аз вакилон дар як рӯз якчанд тағйирот ба Конститутсия ворид мекард, ки дар баъзе маврид онҳо якдигарро ҳатто инкор мекарданд. Дуюм, ҳокимияти халқ, ки дар Конститутсия муқаррар шудааст, бояд ба воситаи халқ амалӣ карда мешуд. Аз ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосия иброз доштанд: «Раъйпурсии умумихалқӣ аввалин қадаме хоҳад буд дар заминаи таъсиси низоми давлатдории нав ва эҷоди асосҳои нави ҳаёти сиёсии Тоҷикистон. Аз ин роҳ мо, воқеан принсипи соҳибихтиёрии халқро татбиқ намуда, барои худ ва ҷаҳониён эълон мекунем, ки ягона манбаи ҳокимият халқ аст ва иҷрои ҳукми он барои ҳар узви ҷомеа ҳатмист».

— Дар робита ба нақши меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ чӣ андеша доред?

— Конститутсия ба шумули қонуни олии давлат дар низоми қонунҳо дар сатҳи олӣ қарор дорад ва меъёрҳои он муносибатҳои бунёдии ҷомеаро танзим менамоянд. Дар моддаи даҳуми он таъкид шудааст, ки «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

Эътибори олӣ доштани Конститутсия аз он бармеояд, ки муносибатҳои асосӣ, муайянкунанда ва бунёдии ҷомеаро танзим менамояд. Дигар муносибатҳо аз онҳо маншаъ мегиранд. Муҳимияти ин муносибатҳоро ба инобат гирифта, Конститутсия ба таври махсус, аз ҷумла аз тариқи раъйпурсӣ, қабул мегардад. Дар асоси Конститутсия дигар қонунҳо қабул мешаванд, ки меъёрҳои Конститутсияро ба роҳбарӣ гирифта, онҳоро инкишоф медиҳанд, шаклҳо, тартиб ва роҳҳои амалишавиашонро муайян мекунанд. Тавре қайд гардид, меъёрҳои Конститутсия низ мустақиман амалӣ мегарданд, мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда метавонанд бевосита онҳоро дар ҳалли масоили мушаххас ба роҳбарӣ гиранд ва татбиқ намоянд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани мухолифати байни меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, меъёрҳои Конститутсия мавриди татбиқ қарор дода мешаванд, зеро онҳо эътибори олии ҳуқуқӣ доранд.

Дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибис­тиқлол қонунҳои зиёде қабул шудаанд, ки онҳо меъёрҳои Конститутсияро инкишоф дода, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро ба танзим дароварданд. Ин имкон дод, ки ҷомеа ба таври устувор ва пайваста пеш равад.

— Солҳои соҳибис­тиқлолӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардид. Моҳияти онҳо аз чӣ иборат аст?

— Конститутсия ба мисли дигар мавҷудот дар ҳолати рушду такмил қарор дорад. Он бо рушди ҷомеа, инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва байналмилалӣ мукаммал мегардад. Рушди Тоҷикис­тони соҳибистиқлол дар ин муддат гувоҳи ин гуфтаҳост. Аз ҷумла, баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ зарурат пеш омад, ки бо мақсади таҳкими ризояту ваҳдати миллӣ ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шаванд. Аз ҷумла, тибқи ин тағйирот (соли 1999) дар мамлакат парламенти думаҷлиса таъсис ёфт, ки ҳоло бомуваффақият фаъолият дорад.

Тағйироти соли 2003 меъёрҳои Конститутсияро мукаммал намуда, барои устувории ҳокимияти давлатӣ, ҳамкории миёни мақомоти он, рушди босуръат ва устувори соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Тағйироти охир, ки ба Конститутсияи мамлакат соли 2016 ворид гардид, ҳокимияти марказӣ ва маҳаллиро мукаммал намуд, имконияти васеи конститутсиониро барои суботу устуворӣ ва ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистон муҳайё кард. Аз ҷумла, савганд ёд кардани шаҳрвандоне, ки ба мансабҳои олии давлатӣ (аъзои парлумон, аъзои ҳукумат ва дигарҳо) интихоб мешаванд, кафили он мебошад, ки ин шахсон барои халқу Ватан бовиҷдонона ва содиқона хизмат намоянд.

— Барои бештару беҳтар аз имкониятҳои Конститутсия истифода бурдан чӣ бояд кард?

— Пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд китоби рӯимизии ҳар нафар бошад. Баъдан, барои беҳтар аз худ кардани меъёрҳои Конститутсия зарур аст, ки китобу ҷузваҳо (брошураҳо) ва дигар васоити иттилоотӣ омода ва интишор карда, дастраси ҳама гардонда шаванд. Ба таври дигар гӯем, таблиғоти омӯзиши Конститутсияро ҷоннок бояд кард.

— Ба ҳифзи Конститутсия ва риояи ҳатмии муқаррароти он чӣ гуна ноил шудан мумкин аст?

— Бо мақсади ҳифзи ҳамаҷонибаи меъёрҳои Конститутсия дар давлатҳои демократӣ мақомоти назорати конститутсионӣ (судҳои конститутсионӣ, шӯроҳои конститутсионӣ) таъсис дода мешаванд, ки таъиноти асосии онҳо таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсия мебошад. Суди конститутсионӣ бо тарзу воситаҳое, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ кардааст, Конститутсияро ҳифз менамояд. Аммо, танҳо ба воситаи Суди конститутсионӣ ба ин мақсад ноил шудан мушкил аст. Зарур аст, ки шаҳрвандон, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, мақомоту сохторҳои ҷомеа Конститутсияро муқаддас шуморанд, эҳтирому риояи меъёрҳои онро қарзи шаҳрвандии худ донанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

http://sadoimardum.tj/