Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!

скачанные файлыИмрӯз, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар роҳбарият ва кормандони мақомот иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Сафаралӣ Ғуломов – Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон сухан ронда, ҳозиринро бо ин санаи муҳими давлатдории навин табрик ва таҳният намуд. Сипас оид ба сайри таърихии парчамдории халқи тоҷик муфассал маълумот дода шуд.

Дар мизи мудаввар Суҳайлӣ Қодирӣ – сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!» маърӯза намуд. Ҳамчунин зимни маърӯза, намунаҳои парчамҳои аҷдодон ва давлатдориамон нишон дода шуд.

Асосҳои ҳуқуқии Парчами давлатиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» ва «Дар бораи рӯзҳои ид» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ танзим менамоянд.

Қайд карда шуд, ки аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Дар ин давра зери парфишонии Парчами давлатӣ Тоҷикистони азиз рушду нумӯ ёфта, ба сӯйи ояндаи дурахшон устуворона қадам мениҳад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ