Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан!

Соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳар як фарзанди бонангу номуси ин сарзамини аҷдодӣ мояи ифтихору сарфарозӣ ҳаст ва мебошад. Ҳодисаву воқеаҳо ва тағйироту таҳаввулоти босуръати солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷикро дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои ин неъмати бебаҳо ба душвориву мушкилиҳои сангин рубарӯ овард.

Пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ба кандашавии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои пасошӯравӣ боис гардид. Ин омил тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакатро ба бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ дучор намуд. Гузашта аз ин якбора боло рафтани рӯҳияи озодфикрию гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси гурӯҳу ҷунбишҳои гуногун, надоштани таҷрибаи кофии сиёсии идории кишвари соҳибихтиёр аз ҷониби роҳбарони давр ба авҷи майдоншиниҳо, хатари парокандашавии миллат, тамомияти арзӣ ва ҷудоиандозии минтақаҳои кишвар боис гардид. Аз ҳама нангинаш он буд, ки бо айби гурӯҳу ҳизбҳо, афроди алоҳида ва дахолати бевоситаи гуруҳҳои алоҳидаи хориҷӣ кишвари мо ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ давлати навтаъсиси тоҷикон ва миллати тоҷик дар чорсӯйи тақдир дар ҳолати яъсу навмедӣ қарор гирифта, роҳу равиши минбаъда ва дурнамои пешрафташ зери суол қарор гирифт.

Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, сарҷаъмии миллат, таъмини оромию субот ва ба суйи ҳаёти муътадил раҳнамун кардани мардуми тоҷик тақозо менамуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд заминаҳои хеле мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои азим дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон асос гузошт.

Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди баору номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва дорои ифтихори баланди миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари Давлат ба майдон омад. Дар натиҷаи азму талош ва кӯшишу пайкорҳои бемисли ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва Давлати тоҷикон рафъ карда шуд.Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд.

Чумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта, дар як муҳлати кутоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдории миллӣ гашт. Ба шарофати дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар вусъати тоза ва бесобиқа пайдо намуданд. Дар натиҷаи амалисозии сиёсати сулҳҷӯёна ва бомароми хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти манфиатҳои миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисмати ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон имрӯз аз ҷониби 147 давлатҳои дунё ба расмият шинохта шуда, бо беш аз 128 давлатҳои дунё ҳамкории неки дипломатиро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон ба узвияти бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳониву минтақавӣ пазируфта шудааст.

Мо аз он ифтихормандем, ки бо азму талошҳои пайгиронаи Сарвари маҳбуби Ватанамон Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ гашт, овози тоҷик ба гӯши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт.

Барои хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихияш ҷиҳати таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавиии миллат ба ин абармарди миллат мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат лоиқ дониста шуда, ки он аз тариқи қонун танзими ҳуқуқӣ пайдо кард. Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд. Бовар дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳад гирифт.

Бо қаноатмандӣ ва изҳори хушнудӣ месазад қайд намуд, ки мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик дар асоси сиёсати бобарор ва дурбинонаи Пешвои миллат дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба дастовардҳои беназиру арзишманд муваффақ гаштанд.

Басо рамзист, ки соли 2017 аз нигоҳи баргузории рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ барои мардуми тоҷик соли фаромушнопазир аст. Зеро дар баробари таҷлили ҷашнҳои Наврузи байналмилалӣ,20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ, 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар арафаи ҷашни 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббусҳои бевосита ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардида, соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид.

Ҳанӯз 23 сол муқаддам, рӯзи 16-ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расман шурӯъ кардан ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, ваъда дода буданд, ки тамоми кушишу ҳастиву хешро баҳри сарсабзию хуррамӣ ва пешрафти давлату миллати тоҷик равон хоҳанд кард. Гузашти солҳо собит намуданд, ки ҳар он чизеро ки Сарвари Давлат ба миллати хеш ваъда карда буданд, фаррохтар ва бештар аз он иҷро намуданд.

Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Президент, Ватани маҳбуб, миллати тоҷик, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии  мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад.

Таърих гувоҳ ва инсоният шоҳид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки киштии умеди мардуми тоҷикро ба соҳили мурод расонад.

Ҳамкасбони азиз, дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми сайёра бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ифтихори волои ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ  атрофи сиёсати созанда, бомаром, бобарор ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва Тоҷикистони азиз барои наслҳои оянда ва ободию пешрафт содиқонаву софдилона хизмат намоем.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии

ҳуқуқҳои шаҳрванди ва сиёсӣ

Ш. Раҷабов