Сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба шаҳри Кӯлоб

Рӯзҳои 8-11 ноябри соли 2017 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар ҳайати Р. Ҳабибулозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, А. Содиқов – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак ва П. Маҷидов – сармутахассиси ҳамин Шуъба дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон қарор доштанд.

Сафари хизматии мазкур бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи вилоят, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо, таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб бо мақомоти ВҲИ ҶТ, инчунин мониторинги фаъолияти Мактаб-интернати ёрирасони №1 барои кӯдакони ноқисулақл анҷом дода шуд.

Рӯзи аввал аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Кӯлоб қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон анҷом дода шуда, ба муроҷиаткунандагон маслиҳатҳои дахлдори ҳуқуқӣ дода шуданд. Барои баъзе аз шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоташон тариқи хаттӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муроҷиат намоянд. Ҷоиз ба ёдоварист, ки оид ба сана ва суроғаи қабули шаҳрвандон қаблан тавассути телевизиони маҳаллӣ эълон пахш шуда буд.

Дар нимаи дуюми рӯз вохӯрии ВҲК бо намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла муовини Раиси шаҳр, масъулини ниҳодҳои маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб ва инчунин рӯзноманигорон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак оид ба фаъолияти мақомоти ВҲИ ҶТ ва салоҳияту вазифаҳои ВҲК ҶТ маълумот пешниҳод намуданд. Сипас иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар сатҳи ноҳия ибрози назар намуданд. Аз ҷумла, оид ба зарурияти таъсис додани муассисаҳои таълимӣ барои калонсолон дар минтақаи Кӯлоб, соддагардонии расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ барои гирифтани таҷҳизоти ёрирасон барои кӯдакони маъюб, ба мисоли аробачаҳо, асобағал, ҷиҳози шунавоӣ ва ғ. ибрози назар карда шуд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Тибқи нақшаи гурӯҳи корӣ рӯзҳои 10-11 ноябр мониторинги фаъолияти Мактаб-интернати ёрирасони №1 барои кӯдакони ноқисулақл гузаронида шуд. Аз натиҷаҳои санҷиш бо роҳбарияти Мактаб-интернат суҳбати алоҳида гузаронида шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда тавсияҳои дахлдори пешакӣ баён карда шуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ