Муайянкунӣ, пешгирӣ ва кам кардани бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

4Рӯзи 20 декабри соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ бо ташабуси ташкилоти ҷамъиятии  “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” вобаста ба мавзуъи “Муайянкунӣ, пешгирӣ ва кам кардани бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, адвокатҳо ва кормандони намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба кор бо гурезагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дасгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Раҷабов Ш. Ғ. ба мизи мудавварро ифтитоҳ бахшид.

 Сипас Роҳбари намояндагии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба кор бо гурезагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вито Трани баромад намуда оид ба дастгириҳо ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт маълумот дод.

Дар чорабинї оид ба мақсад ва вазифаҳои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии шахсони бешаҳрванд ва шахсони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд” намояндаи шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезагони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии  Вазорати корҳои дохилӣ   маълумот дод.

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур масъалаи вазъи қонунигардонии шахсони бешаҳрванд ва шахсони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд, муҳокима гардид.

Хадамоти матбуотии ВҲИ