Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017: Натиҷаҳои вохӯриҳо, қабули шаҳрвандон ва мониторинги фаъолияти мактаб-интернатҳо

IMG_0207Рӯзи 4 декабри соли 2017 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзӯи «Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017: Натиҷаҳои вохӯриҳо, қабули шаҳрвандон ва мониторинги фаъолияти мактаб-интернатҳо» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки бо Қарори Ассамблеяи генералии СММ ҳамасола 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, баргузор гардид.

Раҷабмо Ҳабибулозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ аз ҷумла қайд намуданд, ки ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамкориҳои судмандро бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, дар ин раванд соли 2017 як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла:

— Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 пас аз машваратҳои васеъ бо мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд.

— Рамзи (логотипи) Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда шуд.

— Сомонаи ВҲК ҶТ дар шабакаи Интернет таҳия ва фаъол гардонида шуд.

— Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ қабули шаҳрвандон (38 нафар) анҷом дода шуд. Қаблан дар муддати як ҳафта оид ба сана ва суроғаи қабули шаҳрвандон тавассути васоити ахбори оммаи маҳаллӣ эълон пахш шуд.

— Бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеа, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, инчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ВҲИ ҶТ дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ вохӯриҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардиданд.

— Бо мақсади санҷиши раванди амалишавии ҳуқуқҳои кӯдакон дар муассисаҳои кӯдакона тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ аз ҷониби гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ мониторинги фаъолияти 8 мактаб-интернат гузаронида шуд.

Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҶТ Фарида Нуриддин ҳамагонро бо Рӯзи ҳуқуқи инсон муборакбод намуда, иброз доштанд, ки фаъолияти аз ҷониби Ваколаддор оид ба ҳуқуқи кӯдак анҷомдодашуда қадамҳои наве мебошанд дар самти пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Мизи мудаввар натиҷаҳои ҷамъбастии қабули шаҳрвандон, вохӯриҳои ВҲК ҶТ ва мониторинги фаъолияти муассисаҳои будубоши доимии кӯдакон бо иштироки директорони ҳамин муассисаҳо, котибони комиссияҳои маҳаллии ҳуқуқи кӯдак, мудирони бахшҳои вилоятии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, намояндагони Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони ватанӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд ва тасмим гирифта шуд, ки тавсияҳои Мизи мудаввар ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

Сардори шуъбаи Ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ
Содиқов А.