Тренинги омӯзишӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маъюбият

Рӯзҳои 28-29 декабри соли 2017 барои кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  тренингҳои омӯзишӣ дар мавзӯи “Мафҳумҳои муосири маъюбият. Муносибати ба ҳуқуқҳои инсон асосёфта” ва “Дастрасии кӯдакони дорои маъюбият ба таҳсил” гузаронида шуданд. Баргузории тренингҳои мазкурро созмони ғайридавлатии Лигаи занҳои дорои маъюбият “Иштирок” ва дафтари Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) дастгирӣ намуданд.

Дар тренингҳои зикргадида масъалаҳои вобаста ба мафҳуми маъюбият, моделҳои маъюбият, қонунгузории миллӣ вобаста ба маъюбият, ҳуқуқи кӯдакони маъюб ба таҳсили босифат дар муҳити фарогир, нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар амалигардонии ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор дода шуданд.

Тренингҳои мазкур омодагӣ ба амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2020 буда, тибқи он ҳуқуқи кӯдакони маъюб ба таҳсили босифат дар муҳити фарогир (инклюзивӣ) ҳамчун самти афзалиятнок интихоб гардидааст.

Хадамоти матбуотии ВҲИ