ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар доираи Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ҳамаҷониба танзим шудаанд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад, ки ҳамаи ин бечунучаро пеш аз ҳама ба ҷавонон тааллуқ дорад.

Бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ танзими ҳуқуқии худро ёфта, барои таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр заминаи воқеӣ гузошта шуд, ки яке аз онҳо ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад.

Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва беҳдошти фазои қонунии он тадбирҳои муассирро амалӣ карда истолааст. Бо ин мақсад бисёр санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳои вижа ва консепсияҳо қабул шудаанд. Бахусус, дар раванди баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Пӯшида нест, ки манбаи асосӣ ва устувории ҳама гуна фаъолият ва ё амалиёт аз имкониятҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии мутаносибан муқарраргардида маншаъ мегирад. Дар мавриди ҷавонон низ ин ҳолат истисно нест. Ин табақаи мардум ба таваҷҷуҳи хос ниёзманд мебошад. Бинобар ин вақте ки санадҳои ҳуқуқии марбути онҳо таҳия ва танзим мегардад, бояд руҳия, хоҳишу ирода ва талаботи онҳо ҷиддан ба эътибор гирифта шавад.

Қадамҳои аввалин дар роҳи ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» аз 13 марти соли 1992 гузошта шуд. Маълум аст, ки он давра вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат чи гуна мураккаб буд. Табиист, ки ҳолати мазкур ба раванди таҳия ва қабули қонуни фавқ бетаъсир набуд. Барои ҳамин ҳам то имрўз бо дарназардошти шароити ҷомеаи муосир ва рушду такомул ба қонуни асосии ҷавонон ду маротиба тағйирот ворид карда шуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар доираи кишварҳои минтақа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» яке аз қонунҳои беҳтарин шинохта шудааст, чун механизми татбиқи он оддӣ ва равшану возеҳ аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз 6 боб ва 33 модда иборат буда, он фарогири муқаррароти умумӣ, мафҳумҳои «Ҷавонон», «Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон», «Оилаи ҷавон», «Хадамоти иҷтимоии ҷавонон», «Воҳидҳои зерсохтории ҷавонон» ва «Сиёсати давлатии ҷавонон»-ро, ки ҷабҳаҳои асосии фаъолияти ҷавононро ташаккул медиҳанд, мебошад.

Инчунин, қонунгузорӣ дар боби аввал асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян мекунад.

Вазъи ҳуқуқии ҷавонон дар боби сеюм дарҷ гардидаанд, ки асосҳои ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро муқаррар намуда, тибқи он ҳуқуқҳои ҷавонон дар ҳаёту фаъолият бо дарназардошти соҳаҳои гуногун ва мубрами ҳаётӣ муайян гардидааст. Масалан ҷавонон ҳуқуқ доранд, ки шуруъ аз синни 18 солагӣ дар маъракаҳои сиёсии интихоботӣ иштирок намоянд ва худашон бевосита интихоб шаванд. Дар ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ иродаи худро муайян кунанд ва райъи худро диҳанд.

Ҳамзамон муқаррароти дигари қонун ҳуқуқҳои ҷавонон ва оилаҳои ҷавонро дар соҳаи татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ, ба меҳнат, ба истироҳат ва ҳифзи саломатӣ, ба таҳсил, ба эҷодкорӣ ва ба манзил муайян кардааст. Мутобиқи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки онҳо неруи зеҳнии худро барои пешрафти мамлакат истифода намоянд. Дар зимн ман ҷоизаҳо ва грантҳоро дар назар дорам, ки барои ҳавасмандгардонӣ дар ихтиёри ҷавонон гузоштаанд.

Яъне, новобаста аз қонунҳои соҳавӣ, ки ҳуқуқҳои ҷавононро бавосита ва ё бевосита таъмин месозанд, Қонуни мазкур таъмини ҳуқуқҳои ҷавононро бо дарназардошти хусусияту талаботи ҳам ҷавонон ва ҳам ҷомеаи муосир бевосита фаро гирифтааст. Ҷавонон тамоми шароитро дар ихтиёр доранд, ки озодона кору фаъолияту таҳсил ва истироҳату эҷодкорӣ намоянд.

Бисёр ҳолатҳое мавҷуданд, ки дар қонунҳои соҳавӣ манфиатҳои ҷавонон ба таври умумӣ омадааст ва ё умуман мавҷуд нестанд. Аз ин лиҳоз, Қонуни мазкур Қонуни асосии ҷавонон маҳсуб гардида, тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷавононро фаро гирифтааст. Яъне қонуни мазкур чорчӯба ё худ фазоеро барои ҷавонон муҳайё сохтааст, ки онҳо метавонанд дар ҳамин доира фаъолияти густурда дошта бошанд.

Санади дигаре, ки ба тасвиб расонидани он зарур буд ин Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Консепсия мақсад, принсип ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро муайян менамояд, ки мутобиқи он бояд механизмҳои меъёрию ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муайян гардида, асосҳои таъмини методологӣ, ташкилӣ ва иттилоотии он ташаккул дода шавад.

Яке аз асосҳои татбиқи Консепсияи мазкур аз таъмини ҳуқуқии механизмҳои ташкилӣ ва иқтисодии сиёсати давлатии ҷавонон, пеш аз ҳама такмили қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад, ки мустақиман ин ё он муносибатро бо иштироки ҷавонон, ташкилотҳои ҷавонон ва кўдакон танзим менамояд.

Ҳамин тариқ, Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон аз 6 бандҳои зерин, ки асоснокӣ ва механизмҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавононро дар кишвар муайян месозад, иборат мебошад:

  1. Нақши ҷавонон дар рушди кишвар, таъмини рақобатпазирӣ ва амнияти миллии он;
  2. Мақсади асосии сиёсати давлатии ҷавонон;
  3. Принсипҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон;
  4. Самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон;
  5. Механизмҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  6. Натиҷаҳои мунтазира вобаста ба татбиқи Консепсия.

Стратегияи сиёсати давлатии чавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад то соли 2020 таҳия гардида, маҷмўи самтҳои афзалиятнокро муайян менамояд, ки ба фаъолияти ҷавонон нигаронида шудааст ва вазифаҳоеро фаро мегирад, ки ба иштироки ҷавонон дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ алоқаманд мебошанд.

Мақсади сиёсати давлатии ҷавонон аз рушд ва татбиқи нерўи ҷавонон бо назардошти манфиатҳои Тоҷикистон иборат мебошад.

Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дар асоси принсипҳои зайл таҳия ва татбиқ мегардад:

— муайян намудани самтҳои афзалиятнок;
— ба инобат гирифтани манфиат ва талаботи гурўҳҳои мухталифи ҷавонон;
— иштироки ҷавонон дар таҳия ва татбиқи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон;
— ҳамкории мутақобилаи давлат, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони бизнес;
— шаффофияти иттилоот;
— мустақилият ҷиҳати баҳодиҳии натиҷаҳои Стратегия.

Ба ғайр аз ин Стратегия системаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавононро дар Тоҷикистон баррасӣ менамояд.

Санадҳое, ки барои татбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолият таҳия гардидаанд, ба ҷавонони Тоҷикистон нигаронида шуда, имкон медиҳанд, ки ҷавонон сарфи назар аз ҷинс, миллат, касб, маҳали зист ва мақоми иҷтимоӣ дар он ба таври баробар иштирок намоянд.

Ҳамчунин, яке аз дастовардҳои дигар дар ин самт ин ташаккул ёфтани заминаи меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Имрўз дар кишвар вобаста ба татбиқи афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон асноди меъёрию ҳуқуқӣ аз қабили Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», Барномаи давлатии тарбияи ватандўстии ҷавонони Тоҷикистон ва Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд, ки вазъи ҳуқуқии ҷавононро муайян менамоянд.

Зарурати ба тасвиб расонидани чунин санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои ҷавонон тақозои ҷомеаи муосир буда, дар шароити гузариш ва раванди тараққиёту пешрафти кишвар баҳри устуворӣ ва пояндагии ояндаи миллату давлати тоҷик заминаи мустаҳкам мегузорад.

Дастоварди дигаре, ки хусусияти муҳим дорад ва асоси татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар Тоҷикистон ташкил медиҳад, ин созмон ёфтани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон мебошад, ки тамоми фаъолияти ҷавононро ҳамоҳанг сохта, барои татбиқи он муосидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии фаъолияти худ карор додааст.

Ҳамин тариқ 9 июни соли 1993 баъди барқарор гаштани сохти коститутсионӣ бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тҷчикистон №256 Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, чанд дафъа тағйири ном кард.

Айни замон бо дарназардошти тақозои ҷомеаи муосир ва ислоҳоти идораи давлатӣ Кумитаи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 таҳти №257 ба Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд, ки фаъолиятро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ба роҳ мондааст.

Бо мусоидатҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо марказҳои замонавии ҷавонон бунёд шудааст.

Зимни суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо ҷавонон ҳамеша зикр менамоянд, ки «сатҳи тараққиёт ва эътибори байналмилалии кишвар аз он вобаста аст, ки ҷавонон то чи андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд».

Аз рӯзи ба даст овардани истиқлолият яке аз дастовардҳои муҳим барои ҷавонон ин таваҷҷўҳи бевоситаи давлату ҳукумат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Бо мақсади ба кору фаъолияти муносиб фаро гирифтани ҷавонон чорабиниҳои мушаххас доир карда мешаванд. Танҳо зикр намудани тадбирҳое чун мулоқоти мақомоти раҳбарии кишвар бо ҷавонон кофист, ки чӣ гуна ҷавонон ба таври ошкоро назару ақоиди худро баён медоранд, перомуни камбудиҳо сухан мегӯянд ва барои ҳалли мушкилот пешниҳодҳои ҷолиб мекунанд.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо ҷавонон мулоқоти бевосита баргузор намуда, дар ин мулоқотҳо масъалаҳои зиёди ҳаётии наврасону ҷавонон ва проблемаҳои онҳо баррасӣ ва ҳал мегарданд.

Дар баробари ин, Президенти ҷумҳурӣ дар ҳама сафарҳои кории хеш чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар пайваста бо ҷавонон вохўриҳо анҷом дода, аз кору пайкор ва мушкилиҳои ҷойдошта пурсон мешавад ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо ва мусоидати давлату ҳукумат ба рушду такомул ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯза дастурҳо медиҳад.

Ба ғайр аз ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханрониаш таъкид бар он менамоянд, ки дар амри хайри бозсозии ҷомеа, амалӣ сохтани  меъёрҳои демократӣ ва ислоҳоти иқтисодию беҳдошти сатҳи зиндагӣ ба ҷавонон бештар такя менамоянд. Зеро, ки ба қавли Сардори давлат «ҳар як тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, мақсад аз он пеш аз ҳама беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ба хотири неки ояндаи Тоҷикистон аст». Чунин таваҷҷӯҳ моро ифтихорманду рӯҳбаланд месозад.

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст Тоҷикистон давлати нисбатан ҷавон буда, 70% аҳолиро шахсони то 30 сола ташкил медиҳад. Маҳз бо назардошти ҳамин воқеият Сарвари давлат ба ҷавонон ҳидоят медиҳад, ки «шумо бояд дар маҷмӯъ сиёсати давлатро доир ба тамоми соҳаҳо, ҳамчун сиёсати давлатии ҷавонон қабул карда, дар татбиқи он такягоҳи асосӣ бошед».

Ҷавонони кишвар ин дастурро ҳамчун супориши қотеъ пазируфта, тамоми имконияту қувваро доранд, ки баҳри татбиқи он ҳиссагузор бошанд. Насли ҷавон кӯшиш менамояд, ки дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гардад ва неруи эҷодию илмӣ ва донишҳои андӯхтаи худро барои рушду ободӣ ва шукуфоии Ватан сарф кунанд.

Аз ин бештар умеду эътимоди роҳбарияти мамлакат нисбат ба ҷавонон дар саросари ҷумҳурӣ барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ризоияти ҷомеа, эҳтиром миёни дину мазҳабу миллатҳо, таҳаммулпазирӣ, муколамаи байни тамаддунҳо ва наслҳо нигаронда шуда, ҳамзамон, барои пешгирии фаъолияти қувваҳои ифротгаро, шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ нақшаҳо матраҳ карда, чораҳоро амалӣ мегардонанд.

Ҷавонон дар навбати худ ғамхориҳо ва имтиёзҳоеро, ки аз ҷониби ҳукумат нисбат ба ҷавонон муҳайё шуда истодааст, муташаккирона қабул менамоянд. Чунончи бо мусоидати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо марказҳои замонавии ҷавонон бунёд шудааст. Қариб ҳар сол стипендияи донишҷӯён зиёд карда мешавад. Барои духтарони кӯҳистон ҷиҳати дохил шудан ба мактабҳои олӣ Квотаи президентӣ ҷорӣ гардидааст. Дар мактабҳои саросари ҷумҳурӣ синфхонаҳои компютерӣ ташкил карда шудааст.

Ҳар сол ҷавонони хатмкардаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои таҳсил ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд. Ҳукумат барои ҷавонони эҷодкор ҷоизаҳо таъсис додааст ва барои пешбурди истеҳсолоту соҳибкорӣ грантҳо муқаррар намудааст. Стипендияҳои президентӣ, кӯмакпулиҳо барои ноил шудан ба дастовардҳои нави ҷавонон кӯмаки калон мерасонад.

Дар баробари ин ҷавононро лозим аст, ки нисбат ба равандҳои номатлуби дар байни ҷавонон афзоянда аз қабили нашъамандию фоҳишагӣ, одамфурушӣ, тақлид ба маданияти ғарб, ҷинояткорӣ ва амалҳои коррупсионӣ бе тафовут набошанд. Дар муқобили он пеш аз ҳама ҷавонон бояд садо баланд кунанду пеши роҳи онро гиранд. Худшиносу худогоҳ бошанд. Рўҳияи озодихоҳӣ, ватандустӣ, ватандорӣ ва ифтихори миллиро тақвият бахшида, бояд аз он шукргузор бошем, ки дар як кишвари соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва фаъолият дорем. Ва ҳамин давлат аст, ки барои мо назар ба имкониятҳояш шароитҳо муҳайё месозад.

Азиз СОЛИЕВ,
ёрдамчии Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ