Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон 70-сола мешавад!

IMG_0220Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 10-уми декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин сана дар Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи ҳуқуқи инсон чорабиниҳои мухталиф гузаронида мешаванд.

Соли ҷорӣ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.

Ҳафтаи ҳуқуқи инсон аз рӯзи 4-уми декабр оѓоз ёфта дар ин рӯз дар мавзӯи «Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017: натиҷаи вохӯриҳо, қабули шаҳрвандон ва мониторинги фаъолияти мактаб-интернатҳо» мизи мудаввар гузаронида шуд.

Соли 2017 дар Рӯзи ҳуқуқи инсон маъракаи яксола ба муносибати 70-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон – ҳуҷҷати муҳими асри ХХ, ки дар он ҳуқуқҳои ҷудонопазири хоси ҳар як инсон эълон шудааст, оѓоз мегардад.

Бахшида ба ин санаи муҳим, санаи 5-уми декабр дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар масъалаҳо оид ба таърихи таҳия ва қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди фарҳанги ҳуқуқи инсон ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Эъломия тавонист, ки сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, мафкураву эътиқоди динӣ ва одату анъанаҳои халқҳои ҷаҳон дар худ ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро ѓунҷонад. Санади мазкур агарчи хусусияти эъломиявӣ дошта бошад ҳам эътибори волои ҳуқуқӣ дорад. Дар асоси Эъломияи мазкур чандин санадҳои дигари байналмилалӣ қабул гардида, муқаррароти қонунҳои миллӣ мутобиқ карда шудаанд.

Дар доираи Ҳафтаи ҳуқуқи инсон дар хиёбонҳои асосии шаҳри Душанбе ҷиҳати ташвиқу тарѓиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон навиштаҷот дар баннер ва видеороликҳо дар билбордҳо гузошта шуданд.

Ҳамчунин дар ин самт чорабиниҳои мухталиф дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ