Баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон – яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 низ ба таҳкими эҳтиром, риоя, ҳифз ва таъмини ҳуқуқи инсон равона шуда, рушди он ҳамчун мақомоти давлатии мусоидаткунандаи ҳифзи ҳуқуқи инсон идома ёфт.

Дар ин сол, бо дарназардошти он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолиро махсус таъкид намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои густариш додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дастур доданд, як қатор корҳо ба сомон расиданд.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Ҳарчанд ин раванд давомдор ва мураккаб бошад ҳам, вале метавон бо истифода аз имкониятҳои васеи қонунгузорӣ, идорӣ ва иттилоотӣ ба он ноил гардид.

Соли 2017 ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд ва барои расидан ба ин ҳадаф аз воситаҳои гуногун, аз қабили вохўрию мулоқот бо аҳолӣ, семинару тренингҳои омўзишӣ, баромад дар телевизион ва радио, нашри мақола, чоп ва паҳн намудани маводи ҳуқуқии иттилотӣ ва дигарҳо воситаҳо васеъ истифода бурда шуд.

Соли 2017 дар Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 571 адад (с.2016 — 508 адад) муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 252 ададаш хаттӣ (с.2016 — 235) ва 319 (с.2016 — 273) адади дигараш муроҷиатҳои шифоҳӣ мебошанд, ки нисбат ба соли 2016 – 63 муроҷиат бештар мебошад.

Ҳамчунин аз ҷониби Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3293 адад (с.2016 — 3050) муроҷиатҳои шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо муроҷиатҳои хаттӣ 487 адад (с.2016 — 376 адад) ва муроҷиатҳои шифоҳӣ 2806 адад (с.2016 – 2674)-ро ташкил доданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 243 адад бештар гардидааст.

Дар маҷмўъ дар мақомот 3864 муроҷиат қабул ва баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 304 адад бештар мебошад.

Ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо риояи муҳлатҳои муқарраршудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва тибқи талаботи Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул, қайд ва баррасӣ шуданд.

Роҳбарият ва кормандони мақомот дар соли 2017 273 маротиба (с.2016 — 234) дар воситаҳои ахбори омма баромад ва мақола чоп намуданд, ки паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқҳои инсонро дар бар гирифта, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намуданд.

Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бо супориши роҳбарияти мақомот дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва нигоҳдории муваққатӣ, қисмҳои ҳарбӣ, хонаҳои маъюбон ва пиронсолон, мактаб-интернатҳо, мактаб-парастишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ѓайраҳо 57 санҷиш, мониторинг, боздид ва омўзишҳо гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба мақомоти дахлдор тавсияҳо пешниҳод шуданд.

Вохўрӣ бо табақаҳои гуногуни ҷомеа низ идома дода шуд. Соли 2017 кормандони мақомот 225 маротиба вохўриҳо ва машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд, ки дар онҳо зиёда аз 30 000 нафар иштирок доштанд. Дар вохўриҳо оид ба дастовардҳои Тоҷикистон, сиёсати давлатӣ дар самти ҳуқуқҳои инсон ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар ин самт маълумоти муфассал дода шуд. Аз ҷумла, зимни вохўрӣ оид ба “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони лаёқатманд ва хусусан духтарон аз ҷониби Ҳукумати ҶТ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро, риоя намудани вақти шабона барои кўдакон, канораҷўи намудан аз гурўҳбозӣ ва шахсони ба ном “саркарда” ё “лидер”, эҳтироми қонун, қоидаҳои дохилимактабӣ, омўзгорон ва падару модарон суханронӣ сурат гирифт.

Таҳия, нашр ва паҳн намудани маводи ҳуқуқии иттилоотӣ низ яке аз василаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба ҳисоб мераванд. Соли 2017 шумораҳои №4(20) 2016 ва №1(21), №2(22), №3(23) ва №4(24) 2017 маҷаллаи «Ахбори ВҲИ ҶТ» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо теъдоди 5000 нусха, Кодекси ҷиноятии ҶТ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо теъдоди 500 нусха, Китобчаи киссагӣ барои сарбозон ва афсарони қисмҳои ҳарбӣ бо теъдоди 100 нусха ва Маърўзаи ВҲИ барои соли 2016 бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ бо теъдоди 300 нусха ва дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Ҳамкории фаромарзӣ ба хотири сулҳи устувор ва рушд” буклетҳои “Намояндагиҳои ВҲИ”, “Қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ”, “Ҳуқуқ ба муроҷиат”, “Низоми сарҳади давлатии ҶТ” ва “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” бо теъдоди 5000 нусха ва дар умум зиёда аз 10000 нусха маводи иттилоотӣ нашр ва дастрас карда шуд.

 С.Қодирӣ, сардори Шуъбаи
иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз!

Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.

Имрӯз ҷашнҳои миллии мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ, бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд.

Зеро ин ҷашнҳо ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро, аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудоинопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.

Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони пешин бармеояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хосса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад.

Маросиму ойинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим дарбаргирандаи нияту орзуҳои гузаштагони мо мебошанд.

Одамони синну соли гуногун дар давраи авҷи сардии зимистон бо орзуи омадани фасли баҳори ҷонбахш бо ҳам ҷамъ омада, чорабиниҳои мухталиф доир мекарданд, гулхан мегиронданд, базм меоростанд, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бо ҳамин роҳ сахтии сарморо барои якдигар осон менамуданд.

Яъне анъанаҳои ҳаётдӯстона ҷавҳари ҷашни Садаро ташкил мекарданд.

Дар миёни суннатҳои Сада гулхан афрӯхтан мавқеи асосӣ дорад. Ба ин маънӣ, ин ҷашнро метавон ҷашни мелоди оташ, яъне манбаи гармиву нур номид.

Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва соли гузашта дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид.

Ба муносибати фаро расидани ин ҷашни бостонӣ – мероси арзишманди маънавии ниёгони некномамон кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як фарди миллат гармиву нур ва рӯзгори пурсаодат орзу менамоям.

Умедворам, ки мардуми мо ва хусусан, кишоварзон дар баробари риояи суннатҳои ин ҷашни бостонӣ ба яке аз ҷанбаҳои бисёр муҳимми он, яъне омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, об додану нигоҳубин кардани заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва сарсабзу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд.

Зеро боду ҳавои фасли тирамоҳи гузашта ва зимистони имсола чандон мусоид наомад ва эҳтимоли хушксоливу мушкилоти дигари вобаста ба он зиёд аст.

Ин масъаларо кишоварзони асилу соҳибтаҷриба хуб медонанд.

Вобаста ба ин, ба мардуми шарифи кишвар бори дигар зарурати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро хотиррасон менамоям.

Зарур аст, ки бо дарназардошти зиёдшавии мунтазами аҳолӣ, афзоиши талабот ба маводи ғизоӣ ва вазъи нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ сарфаю сариштакорӣ ва худдорӣ намудан аз сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ба одати доимии ҳар фард ва ҳар як оила табдил ёбад.

Ҷашни Сада чун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии хуршеди оламтоб башорат дода, бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ истиқбол мегардад.

Ҷашни мазкур, ҳамчунин, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.

Бо дарназардошти он, ки маросиму ҷашнҳои миллии мо аз аҳди бостон то ба имрӯз ҳамчун воситаи пайванди наслҳо хизмат кардаанд, мо вазифадорем, ки дар баробари риояи анъанаҳои дерина ба онҳо шаклу мазмунҳои нави мутобиқ ба замони соҳибистиқлолиро ворид намоем ва онҳоро ба талаботи замон ва завқи имрӯзиён мувофиқ гардонем.

Наврасону ҷавононро ба меҳнатдӯстӣ, илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ ташвиқ карда, завқи онҳоро ба ободкорӣ, дӯст доштани табиати диёр, риояи одоби муошират ва дигар хислатҳои ҳамидаи миллӣ бештар гардонем.

Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад.

Ҷашни бостонии Садаро бори дигар ба кулли ҳамдиёрони гиромӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат ва шодмониву пирӯзӣ орзумандам.

Ҷашни Сада муборак, ҳамватанони азиз!

http://www.prezident.tj/

Баргузории нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

_DSC019022-юми январи соли 2018 дар толори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воқеъ дар ш. Душанбе, к. Ҷ.Икромӣ – 7 нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи дуюми соли 2017 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Барои иштирокчиёни нишасти матбуотӣ шумораҳои нави «Ахбори ВҲИ», Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, адабиёти соҳавӣ ва Варақаи иттилоотӣ омода ва дастрас карда шуд (Варақа замима мегардад).

Нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода  меҳмонон ва ҳозиринро хайрамақдам намуда, сипас оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи дуюми соли 2017 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

_DSC0184Зимни баромади худ З.Ализода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан ронда, қайд намуд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда, дар нимсолаи дуюми соли 2017 вобаста ба самтҳои асосии фаъолият барои ҳифз ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни суханронии худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот, рушди ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба рӯзноманигорон маълумот дода, оид ба нақшаҳои ояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фикру андешаҳои худро баён намуд.

_DSC0181Дар идомаи нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд, ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил, ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, вазъи будубоши шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, иҷроиши қарорҳои суд, ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқҳои кӯдакон, ҳуқуқ ба меҳнат ва самтҳои дигари ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо ва таклифу пешниҳодҳо баён карда шуданд. Ба саволҳои рӯзноманигорон аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда дода шуданд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судманди мақомот бо  рӯзноманигорон идома ва тавсеа меёбанд.

Хадамоти матбуотӣ
22.01.2018

Варақаи иттилоотӣ  оид ба фаъолияти ВҲИ  дар соли 2017 (pdf)

Анонс: Нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

пресса вао

22 январи  соли 2018 соати 1100  дар маҷлисгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воқеъ дар ш. Душанбе, к. Ҷ. Икромӣ – 7 нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2017  баргузор мегардад.

Барои маълумоти бештар бо телефонҳо ва суроғаи электронии зерин тамос гиред:  221-73-17, 221-75-74, Email. info@ombudsman.tj

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президент ба сокинони ноҳияи Қубодиён

Описание: http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/large/public/field/image/20180108_140550.jpg?itok=uCWhccxnОписание: http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/large/public/field/image/20180108_140550.jpg?itok=uCWhccxn1Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида гурўҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон суҳбату вохўриҳоро анҷом доданд.

Дар суҳбату вохўриҳои доиргардида Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода ширкат намуда, оид ба мазмун, муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, саҳми Роҳбари давлат дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷалби ҷавонон ба омўзиши касбу ҳунарҳои миллӣ, пешгирии амалҳои номатлубу ношоиста, суханронӣ намуданд.

Хадамоти матбуотӣ

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

2018-01-18majlisi_hukumatИмрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда шуд.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки соли 2017 дар маҷмуъ барои мардуми тоҷик соли бобарор ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои меҳнаткашон бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2017 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.

Тавре таъкид гардид, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардид.

Қайд гардид, ки соли 2017 новобаста аз мураккабии вазъи геополитикии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамчун соли таърихӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат боқӣ мемонад.

Зеро дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон маҳдудияти нерӯи барқ пурра бардошта шуд.

Омили мазкур ба фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва гузоштани қадамҳои устувор ба сӯи яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне аз кишвари аграрию саноатӣ ба кишварӣ индустриалию аграрӣ табдил додани мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи худ ёдовар шуд, ки соли 2017 рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат бинобар иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таҳия ва татбиқи барнома ва нақшаю чорабиниҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 61,1 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 7,1 фоизро ташкил диҳад.

Ба рушди иқтисодӣ як қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла афзоиши маҳсулоти саноатӣ 21,3 фоиз, кишоварзӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,1 фоиз ва гардиши савдои чакана 6,6 фоиз мусоидат намуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат қисми умумии даромади буҷети давлатӣ 100,1 фоиз таъмин гардида, ба он 19,5 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 13 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти андозҳо аз ҷониби мақомоти андоз 102,6 фоиз ва Хадамоти гумрук 98 фоиз таъмин карда шуд.

Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ соли 2017 дар қаламрави кишвар 170 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо наздик 3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.

Бунёд гардидани корхонаи металлургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 50 ҳазор тонна металли сурб дар «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Хитой» ва пешбинӣ гардидани бунёди силсилаи корхонаҳои саноатӣ дар самти саноатикунонии мамлакат заминаи устувор мегузорад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар қатори пешравиҳои соҳа камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд.

Қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 97 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 46 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Соли 2017 танҳо 18 фоизи пахтаи дар дохили кишвар истеҳсолгардида коркард карда шуд. Яке аз сабабҳои пурра коркард нагардидани нахи пахта аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо мебошад, ки дар давраи ҳисоботӣ аз 16 корхонаи ресандагӣ 4 корхона умуман фаъолият накард. Ҳамчунин сатҳи таъминоти хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ ба 12 фоиз баробар мебошад. Дар соҳа аз 54 корхонаи ба истеҳсоли либоси мактабӣ машғул буда, 8 корхона фаъолият накарда, 12 корхонаи дигар истеҳсоли либоси мактабиро коҳиш додааст.

Сарвари давлат ба Сарвазири мамлакат, муовини якум ва муовинони Сарвазир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2017, супоришҳои мушаххас доданд.Дастурҳо ҳамчунин вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, дарёфти сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ, иҷрои саривақатӣ ва бечунучарои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, азхудкунии маблағҳо, истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи иқтисодӣ, вусъат бахшидан ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, афзоиши истеҳсолу содироти молу маҳсулоти гуногун, дода шуд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳисоботи Вазири молия Абдусалом Қурбониён, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ва сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб шунида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камбудиҳои Вазири молияро оид ба иҷрои нокифояи қисми даромади буҷети давлатӣ, ба амал омадани қарзи маош дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ, назорати ғайриқаноатбахши истифодаи маблағҳо, татбиқи нокифояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ”, сари вақт пардохт нагардидани қарзҳо аз ҷониби субектҳои қарзгир, нишон дода, ислоҳи саривақтии онро талаб намуданд.

Вобаста ба иҷро нагардидани нақшаи 4 намуди андоз ва ба буҷети давлатӣ ворид нашудани 400 миллион сомонӣ, ба раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини нақшаи даромади буҷети давлатӣ тадбирҳои муҳиму мушаххас андешанд.

Сарвари давлат фаъолияти Хадамоти гумрукро натиҷагирӣ карда, аз иҷро нагардидани нақшаи даромади боҷи гумрукӣ, ба амалҳои коррупсионӣ даст задани кормандони Хадамоти гумрук, иҷрои ғайриқаноатбахши татбиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати нокифояи фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ, воридоти маҳсулоти гуштии пастсифат, муҳлаташон гузашта ва ба саломатии инсон зараровар, изҳори нигаронӣ карданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ва Раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода доир ба тадбирҳои беҳдошти низоми бонкӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Таъкид гардид, ки давоми соли 2017 даромади софи Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ба 31,7 миллион сомонӣ расонда шуд, ки дар муқоиса ба соли 2016 11, 3 маротиба зиёд аст. Аз руи фаъолияти бонкӣ ба андозаи 47, 1 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2016 9 фоиз зиёд мебошад. Бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 2,9 миллиард сомониро ташкил намуд, ки нисбати соли 2016 29,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Бонки миллӣ ва Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Президенти мамлакат ба роҳбарону масъулин супориш доданд, ки дар вақтҳои муайянгардида ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, низоми истифодаи кортҳои пластикӣ, беҳдошти системаи пулию қарзии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани мушкилоти як қатор бонкҳои саҳҳомии мамлакат, инчунин дигар масъалаву мушкилоти соҳа, чораандешӣ намоянд.

Зимни баромади худ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар бораи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар ҳисобот дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи самараноки лоиҳаҳо, мусоидат барои амалӣ кардани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя баҳри рушди бахшҳои муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла бахшҳои маориф, роҳу нақлиётӣ ва обрасонӣ,аз марҳилаи аввали таҳияи лоиҳаҳо ба интихоби кадрҳо, истифодаи самараноку саривақтии маблағҳои ҷудогардида, аҳамияти махсус зоҳир намоянд.

Дар робита ба нишондиҳандахои пасти азхудкунии маблағҳои сармоягузорӣ Сарвари давлат таваҷҷуҳи роҳбарони татбиқи лоиҳаҳоро ба истифодаи мақсадноки маблағҳо ва сифати корҳо ҷалб карданд.

Сипас ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2017 ҳисобот доданд.

Сарвари давлат барои аз байн бурдани мушкилот дар самти хизматрасонии соҳаи иҷтимоӣ ва иҷрои нақшаи суғуртавӣ ба роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа супориш доданд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори генералии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аср ҳисобот дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкат ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дар муҳлатхои муайяншуда ба истифода додани навбати аввали агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”супоришҳои қатъӣ доданд.

Дар идомаи кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон оид ба вазъи пешгирии қонуншиканиҳо дар самти истифодаи маблағҳои буҷетӣ, қонуншиканиҳо дар самти тақсимоти заминва дигар паҳлуҳои фаъолияти соҳа шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар мавриди қабули баъзе қарорҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ талаботи қонунгузории ҷорӣ риоя нагардида, бо ин асос 14 санади қабулнамудаи роҳбарони вазорату идораҳо бо эътирозҳои прокурорӣ бекор карда шуданд.

Дар робита ба қонуншиканиҳо дар самти истифодаи замин таъкид гардид, ки роҳбари Стансияи озмоиши машинаҳои зертобеи Вазорати кишоварзӣ Раҳимов Ҳ. аз беэътиноии роҳбарият истифода бурда, давоми чор соли охир 12,6 гектар заминҳои муассисаро, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 263 ҳазор доллар ба шаҳрвандон фурухтааст.

Дар самти истифодаи неруи барқ бошад, аз ҷониби мақомоти прокуратура маблағи 50 миллион сомонии қарзи истифодаи қувваи барқ барқарор карда шуд.

Вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” аз ҷониби мақомот 563 қонуншиканӣ ошкор ва нисбати шахсони гунаҳкор парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда шуда, 363 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ кашидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки бо иҷрои хизмати содиқонаву поквиҷдонона кормандони мақомоти прокуратура ҷиҳати саривақт пешгирӣ ва аз байн бурдани тамоми қонуншиканиҳо дар мамлакат чораҷуӣ намоянд.

Дар идомаи кори маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар соли 2017 зиёда аз 22 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ҷиноятҳои марбут ба амалҳои террористию экстреместӣ, куштор, роҳзанию ғоратгарӣ, нашъамандӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, истифодаи ғайриқонунии силоҳ ва ғайра мебошад.

Дар ин давра фаъолияти хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба маҳву безараргардонии гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ҷинояткорони алоҳида, ки хостори нооромсозии ҷомеаи Тоҷикистон буданд нигаронида шуда, теъдоди зиёди ҷиноятҳои солҳои пеш содиргардида кушода шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилу баррасии вазъи воқеии ҷинояту ҷинояткорӣ дар мамлакат ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзур намудани назорати ҷинояту ҷинояткорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бо истифода аз воситаҳои муосири технологӣ, баланд бардоштани савияи касбии кормандони мақомот ва таҳкими робитаи онҳо бо аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳисоботи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид, аз ҷумла таъкид гардид, ки дар соли 2017 1980 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии характери коррупсионидошта ва ҷиноятҳои марбут ба андоз ошкор карда шудаанд, ки ҳаҷми зарар аз ҳисоби ин ҷиноятҳо 208 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин монанд зарарҳои молиявӣ, ҳамчунин дар ҳисоботи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода таъкид карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин робита аз ҳолатҳои содиршудаи ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби худи кормандони соҳа изҳори нигаронӣ карда, роҳбарияти Агентӣ ва Палатаи ҳисобро ҷиҳати тақвияти мубориза бар зидди коррупсия, барқарор намудани маблағи зарарҳои молиявии ба давлат расонидашуда ва ба танзим даровардани тадбирҳои тафтишотӣ вазифадор намуданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои фаъолият дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ роҳбарони вазоратҳои номбурда ҳисобот доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди коргоҳҳои коркарди шир, рушди саноати дӯзандагӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, пурзӯр намудани назорати фаъолияти истихроҷи ангишт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани истеҳсоли картошка, дар ҳамин шабу рӯз тақвияти корҳои обмонии заминҳои кишт ва боғу токзор, таъмини шафофияти тақсимоти квотаҳои байналмилалӣ барои таҳсил дар хориҷа, навсозӣ, таъмиру тармим ва муҷаҳҳазсозии тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кӯҳнаю фарсудашуда дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо давоми соли ҷорӣ, пешгирӣ аз паҳншавиҳои бемориҳои сироятиву хавфнок дар байни аҳолӣ ва беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ба аъзои ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастуру супоришҳои қатъи доданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни гузориши худ аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли ҳисоботии 2017 тазаккур доданд, ки маҳз бо дастуру ҳидоятҳо ва дастгирию ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат пойтахт ба дастовардҳои назаррасу умедбахш ноил гардид.

Танҳо дар соли 2017 дар шаҳри Душанбе 21 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, ҷиҳати таъсиси боз 31 ҳазор ҷойҳои нави корӣ барои сокинони пойтахт дар соли ҷорӣ нақшагирӣ шудааст.

Бо мақсади сарфаи неруи барқ 1600 хона ва иншоот ба системаи гармидиҳӣ пайваст гардиданд. Соли 2018 бунёди 15 муассисаҳои замонавии таълимӣ бо такмили беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст амалӣ карда хоҳад шуд.

Дар муддати кутоҳ 70 майдончаи варзишӣ бо сифати баланд бунёд гардида, имсол бошад 12 боғу гулгашти муосир ва 92 майдончаи варзишии дигар бо муосиртарин воситаҳои машқу тамрин ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ босубот ҷараён дорад.

Дар пойтахт соли сипаришуда 66 км. роҳҳо бунёд ва таҷдиду навсозӣ шуданд, ки дар муқоиса бо соли 2016 44 км. зиёд аст. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт харидории боз 100 нақлиёти мусофиркашони ҷавобгуи стандартҳои муосир ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 13 адади он ворид гардида, рӯзҳои наздик ба хатсайрҳо ворид мешаванд, изҳор дошт Раиси шаҳри шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ.

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонон 200 стипендияи раиси шаҳр барои донишҷӯёну мактаббачагони фаъоли пойтахт амал мекунад.

Робита бо аҳолӣ тавассути телефони боварӣ, сайти электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ муваффақона ҷараён дошта, барои ҷалби ҷавонони лаёқатманду дорои ҷаҳонбинии созанда, ташкили озмуни шаффофи қабул ба сохторҳои марбутаи шаҳр натиҷаҳои хуб медиҳад.

Сипас раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз пешрафту норасоиҳои мавҷудаи минтақаҳо дар соли 2017 ва нияту нақшаҳои созанда дар соли 2018 ҳисобот доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тебеи ҷумъурӣ дастур доданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷиҳати таъсиси корхонаҳои хурду бузурги коркарду истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, макарон, обҳои нӯшокӣ, гиёҳҳои шифобахш, истеҳсоли доруҳои хушсифат ва дар ҳамин замина таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату арзони худӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳамзамон масъулин то охири сол ҷиҳати таъмини пурраи наврасони ҷумҳурӣ бо либосҳои мактабӣ бо назардошти ташкили сехҳои нави дузандагӣ ва таъмиру таҷдиди мактабҳои таъмирталаби тамоми манотиқи кишвар супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охири кори ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба аъзои ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи нақша-чорбиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа суханронӣ намуданд.

Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки дар соли 2018 давлат ва миллати тоҷик дар натиҷаи меҳнати садоқатмандонаи мардум ва якдилию ҳамбастагии ҷомеа ба рушду пешрафти боз ҳам бештару хубтари иқтисодию иҷтимоӣ ноил мегарданд.

www.president.tj

Раддабандӣ: Тоҷикистон дар соли 2017 дар самти ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, саломатӣ, маориф, ҳимоя ва ҳифзи муҳити зист нишондиҳандаҳои боз ҳам беҳтарро ба даст овард

kidsrightsindexДар ҷумҳурӣ вазъи таъмини ҳуқуқҳои кӯдак сол аз сол беҳтар мегардад. Тоҷикистон дар раддабандии «Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2017», ки соли 2017 аз ҷониби созмони «Бунёди ҳуқуқи кӯдак» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ерасмуси Роттердам дар байни 165 кишвари аъзои Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, саломатӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист гузаронида шудааст, Тоҷикистон дар ҷойи 55 қарор гирифта, байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз Ҷумҳурии Қазоқистон (ҷойи 22) ва Туркманистон (ҷойи 42) дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Тибқи ин раддабандӣ пас аз Тоҷикистон давлатҳои Озарбойҷон (ҷойи 66), Белорусия (ҷойи 78), Қирғизистон (ҷойи 81), Узбакистон (ҷойи 85), Федератсияи Россия (ҷойи 86) ва Армения дар ҷойи 106 қарор гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи раддабандии соли 2016 Тоҷикистон дар зинаи 57 қарор дошт.

Натиҷаҳои таҳқиқот дар асоси омӯзиши як қатор нишондиҳандаҳои кишварҳо тартиб дода мешаванд. Ин навбат низ чун солҳои қаблӣ раддабандӣ аз рӯи 5 меъёр – ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, саломатӣ, маориф, ҳимоя ва ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд.

Раддабандӣ ё индекси KidsRights ин раддабандии умумиҷаҳонӣ буда, аз ҷониби давлатҳои аъзои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак татбиқ шудани он ва андешидани чораҳо ҷиҳати беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдаконро баҳогузорӣ менамояд. Ин раддабандӣ (http://www.kidsrightsindex.org) рейтинги тамоми давлатҳои аъзои Конвенсияро дар бар гирифта, ҳамасола нашр мешавад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ