Баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон – яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 низ ба таҳкими эҳтиром, риоя, ҳифз ва таъмини ҳуқуқи инсон равона шуда, рушди он ҳамчун мақомоти давлатии мусоидаткунандаи ҳифзи ҳуқуқи инсон идома ёфт.

Дар ин сол, бо дарназардошти он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолиро махсус таъкид намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои густариш додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ дастур доданд, як қатор корҳо ба сомон расиданд.

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Ҳарчанд ин раванд давомдор ва мураккаб бошад ҳам, вале метавон бо истифода аз имкониятҳои васеи қонунгузорӣ, идорӣ ва иттилоотӣ ба он ноил гардид.

Соли 2017 ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд ва барои расидан ба ин ҳадаф аз воситаҳои гуногун, аз қабили вохўрию мулоқот бо аҳолӣ, семинару тренингҳои омўзишӣ, баромад дар телевизион ва радио, нашри мақола, чоп ва паҳн намудани маводи ҳуқуқии иттилотӣ ва дигарҳо воситаҳо васеъ истифода бурда шуд.

Соли 2017 дар Дастгоҳи марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 571 адад (с.2016 — 508 адад) муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 252 ададаш хаттӣ (с.2016 — 235) ва 319 (с.2016 — 273) адади дигараш муроҷиатҳои шифоҳӣ мебошанд, ки нисбат ба соли 2016 – 63 муроҷиат бештар мебошад.

Ҳамчунин аз ҷониби Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3293 адад (с.2016 — 3050) муроҷиатҳои шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо муроҷиатҳои хаттӣ 487 адад (с.2016 — 376 адад) ва муроҷиатҳои шифоҳӣ 2806 адад (с.2016 – 2674)-ро ташкил доданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 243 адад бештар гардидааст.

Дар маҷмўъ дар мақомот 3864 муроҷиат қабул ва баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 304 адад бештар мебошад.

Ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо риояи муҳлатҳои муқарраршудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва тибқи талаботи Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул, қайд ва баррасӣ шуданд.

Роҳбарият ва кормандони мақомот дар соли 2017 273 маротиба (с.2016 — 234) дар воситаҳои ахбори омма баромад ва мақола чоп намуданд, ки паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқҳои инсонро дар бар гирифта, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат намуданд.

Дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бо супориши роҳбарияти мақомот дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва нигоҳдории муваққатӣ, қисмҳои ҳарбӣ, хонаҳои маъюбон ва пиронсолон, мактаб-интернатҳо, мактаб-парастишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ѓайраҳо 57 санҷиш, мониторинг, боздид ва омўзишҳо гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба мақомоти дахлдор тавсияҳо пешниҳод шуданд.

Вохўрӣ бо табақаҳои гуногуни ҷомеа низ идома дода шуд. Соли 2017 кормандони мақомот 225 маротиба вохўриҳо ва машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд, ки дар онҳо зиёда аз 30 000 нафар иштирок доштанд. Дар вохўриҳо оид ба дастовардҳои Тоҷикистон, сиёсати давлатӣ дар самти ҳуқуқҳои инсон ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар ин самт маълумоти муфассал дода шуд. Аз ҷумла, зимни вохўрӣ оид ба “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони лаёқатманд ва хусусан духтарон аз ҷониби Ҳукумати ҶТ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро, риоя намудани вақти шабона барои кўдакон, канораҷўи намудан аз гурўҳбозӣ ва шахсони ба ном “саркарда” ё “лидер”, эҳтироми қонун, қоидаҳои дохилимактабӣ, омўзгорон ва падару модарон суханронӣ сурат гирифт.

Таҳия, нашр ва паҳн намудани маводи ҳуқуқии иттилоотӣ низ яке аз василаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба ҳисоб мераванд. Соли 2017 шумораҳои №4(20) 2016 ва №1(21), №2(22), №3(23) ва №4(24) 2017 маҷаллаи «Ахбори ВҲИ ҶТ» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо теъдоди 5000 нусха, Кодекси ҷиноятии ҶТ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо теъдоди 500 нусха, Китобчаи киссагӣ барои сарбозон ва афсарони қисмҳои ҳарбӣ бо теъдоди 100 нусха ва Маърўзаи ВҲИ барои соли 2016 бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ бо теъдоди 300 нусха ва дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Ҳамкории фаромарзӣ ба хотири сулҳи устувор ва рушд” буклетҳои “Намояндагиҳои ВҲИ”, “Қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ”, “Ҳуқуқ ба муроҷиат”, “Низоми сарҳади давлатии ҶТ” ва “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон” бо теъдоди 5000 нусха ва дар умум зиёда аз 10000 нусха маводи иттилоотӣ нашр ва дастрас карда шуд.

 С.Қодирӣ, сардори Шуъбаи
иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон