Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҷаласаи солонаи Иттиҳоди ҷаҳонии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон

ЖеневаРӯзҳои 22-23 феврали соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Иттиҳоди ҷаҳонии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба имконияту мушкилиҳо дар фаъолият ва ҳамкории минтақавии муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи Осиёи Марказӣ, нақши ҳамкориҳои минтақавӣ дар пешбурди фаъолияти ниҳодҳои миллӣ дар асоси принсипҳои Париж, нақш ва имконияти ҳамкориҳои сетарафаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Барномаи Рушди СММ дар пешрафти ҳуқуқи инсон дар минтақа матраҳ гардиданд.

Роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон тақвият бахшидани ҳамкориҳои ниҳодҳои миллиро дар самти пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, кӯдакон, шахсони дорои маъюбият, омӯзиши таҷрибаи механизмҳои миллии пешгирикунанда зарур шумориданд. Ҳамчунон пешниҳод карда шуд, ки бо дарназардошти аҳамияти байналмилалии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон 70-солагии қабули он дар сатҳи зарурӣ таҷлил карда шавад.

Ба роҳ мондани ҳамкориҳои доимии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон барои табодули таҷриба, баланд бардоштани касбияти кормандони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси Давҳа оид ба муколамаи динҳо иштирок намуд

Рӯзҳои 20-21 феврали соли 2018 дар пойтахти Давлати Қатар ҳамоиши 13-уми байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо зери унвони “Дин ва ҳуқуқи инсон” баргузор шуд, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзид.

Пайравони динҳои ислом, масеҳӣ ва яҳудӣ аз 67 кишвари  ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба афзоиши низоъҳо дар заминаи ихтилофоти мазҳабӣ, роҷеъ ба зарурати ҳамзистии динҳо ва фарҳангҳои мухталиф, тақвияти нақши созандаи муқаддасоти динӣ барои пешрафти ҷомеа ва таъмини сулҳу суботи байналмилалӣ, таъмини ҳуқуқи динӣ ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз ифротгароӣ ва фаъолиятҳои тахрибие, ки бо истифода аз номи дин ва арзишҳои муқаддас барои татбиқи ғаразҳои нопоки сиёсӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон мушоҳида мешавад, суханронӣ ва табодули назар карданд.

IMG_1958Дар ҷаласаҳои конфронс аъзои ҳайати Тоҷикистон дар робита ба рушди ҳаёти босуботи иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурӣ, дастовардҳои назаррас дар ин самт, тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, ҳуқуқи динию мазҳабии шаҳрвандон андешидааст, таҷрибаи ҳамзистии намояндагони адёну фарҳангҳои мухталиф дар Тоҷикистон, таблиғи симои созандаи ислом ва тақвияти нақши арзишҳои асили он дар таъмини суботи ҷомеа ва пешрафти он ва инчунин оид ба талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ сухан гуфтанд.

Дар ҳошияи конфронси мазкур Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо ва Маркази исломшиносии назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Санади мазкурро раиси Маркази мазкур доктор Иброҳим Солеҳ ал-Наимӣ ва директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ба имзо расониданд.

http://khovar.tj

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

20180222_10080522 феврали соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандони Дастгоҳи марказии мақомот бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро С.Ғуломов — Роҳбари дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сутуни устувор ва муҳими давлатдориии мо ба шумор меравад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ҷои холӣ бе заминаҳои лозимӣ ва танҳо бо ҳидояту дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, рушд намудааст.

Ҳар як давлати  соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Қувваҳои мусаллаҳ такя мекунад. Таърихи беш аз 25-солаи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ собит намуд, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, барои ба эътидол овардани вазъи душвори мамлакат ва пуштибонии сулҳу  субот хизматҳои  беназир намудааст.

Сипас дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар С.Қодирӣ — сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ оид ба таърихи таъсис ва ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои он дар тули 25 соли мавҷудият, қонунгузории соҳа, дастгириҳои Пешвои миллат ҷиҳати таъминоти моддӣ, техникӣ ва иҷтимоии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва хизматчини ҳарбӣ баромад намуд.

Зимни баромад қайд карда шуд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шароити бисёр вазнини таърихӣ таъсис дода шудаанд. Ташаккули Қувваҳои мусаллаҳ марҳила ба марҳила сурат гирифта, он ба як унсури бисёр муҳим ва эътимодбахш табдил ёфтааст.

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши мудофиавиро дошта, мақсад ғасбгароӣ надоранд. Маҳз аз рўи ин идея фаъолият намуда, сиёсати сулҳҷўёнаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро нишон медиҳанд. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имрўз тамоми имкониятҳои худро истифода менамоянд, то ки марзу буми кишварро ҳифз намуда, бехатарии тоҷикистониёнро таъмин намоянд.

Барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ муҳимтарин мактаби шуҷоат ва ватандўстӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.

Дар охири ҷамъомади тантанавӣ С.Ғуломов ҳозиринро ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда ҳамаро барои расидан ба қадри истиқлолият таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ даъват намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Ҳуқуқи инсон – арзиши меҳварии Паём

Тавре медонем, соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардида буд ва ба хотири дастгирии ҷавонон дар ин муддат корҳои зиёде анҷом ёфтанд. Ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумати кишвар дар ин муддат ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, тавонистанд Тоҷикистонро берун аз кишвар сазовор муаррифӣ намоянд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон изҳор доштанд, ки «Ғамхориҳои Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо ба “Соли ҷавонон” маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд». Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши муҳим мебозад ва онҳоро ба ояндаи нек дилгарм менамояд.

Масъалаи дигари баррасигардида ин тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ва ба яке аз масъалаҳои глобалии асри XXl табдил ёфтани он аст. Дар робита ба ин масъала таъкид гардид, ки «Дар ин марҳилаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум, махсусан ҷавонон, густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад».

Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ дар низоми ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Ин ташаббус барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули масъалаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Воқеан, дар ин раванд ҷавонони кишварамон бояд худ ташаббускори амалҳои созанда буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, дар ҳифзи Ватан ва арзишҳои миллӣ омода бошанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш бо зикри дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, арзёбии фаъолияти ҳар як самту соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар, интиқоди камбудиҳои ҷойдошта ва баёни нақшаву дастурҳо ба кулли тоҷикону тоҷикистониён ифтихор бахшид. Тавре дар оғози суханронии Пешвои миллат таъкид шуд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад». Ин қадамҳои устувор мансуб ба соҳаҳои мухталифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тафсир шуда, ба муассисаҳову шахсони масъул дастуру тавсияҳои ҳатмӣ дода шуданд.

Президенти кишвар дар Паёми хеш ғояҳои асосии бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро ташкил кардани таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маънидод намуда, зикр карданд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо бояд тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд. Пешвои миллат фароҳам овардани фазои ҳуқуқиро дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд дониста зикр карданд, ки барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки зимни амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда ҳамасола дар ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ рӯи кор меоянд, низоми ҳуқуқии кишвар таҳким меёбад, соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ рушд мекунад ва дар ҳамин замина сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар мегардад, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, мардум ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешавад ва дар маҷмуъ, ҳадафҳои конститутсионии давлат роҳандозӣ карда мешаванд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар бо меҳнати софдилонаи худ бояд кӯшиш намояд, ки дар амалишавии вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат гузошташуда саҳми созгор дошта бошад, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии давлатро эмин нигоҳ дорад. «Минбаъд низ хурду бузурги мамлакат бояд дар навбати аввал ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон саъю кӯшиши худро сафарбар созанд, зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд»,- зикр карданд Пешвои миллат.

Мусаллам аст, ки асоси пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи дилхоҳ кишвар, аз ҷумла, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро бе сулҳу субот ва оромии сартосарӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вобаста ба ин Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, ба масъалаи таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти давлатии кишвар диққати махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Сарвари давлат соли 2018 дар Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд.

Бояд гуфт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати худ бо манзараҳои зебову дилписанд, нотакрору мафтункунандаи худ ҳамасола ҳазорҳо сайёҳони хориҷиро ба ҷумҳурӣ ҷалб мекунад. Далели ин гуфтаҳо баҳои баланди Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни сафараш ба Тоҷикистон тобистони соли 2017 буд, ки аз табиати зебоманзари мамлакат, аз ҷумла, кӯли Сарез ва кӯҳҳои Помир хеле ба ваҷд омада буд.

Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистон дорои минтақаҳои хуби сайёҳӣ, чун Бадахшону Рашту Хатлон, Ҳисору Зарафшон, мавзеъҳои зебое, чун Искандаркӯлу Ҳафткӯл, Хоҷаобигарму Шоҳамбарӣ, дараҳои Ромиту Варзоб буда, баҳри ҷалби бештари меҳмонони хориҷӣ моро мебояд инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасониро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монем.

Мусаллам аст, ки дар ҳар як Паём ба рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои демократию фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ, ки омили муҳими кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, инчунин эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатӣ маънидод мегардад. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат ба сиёсати ҳуқуқӣ ва аҳамияти падидаҳои давлати ҳуқуқбунёд барои пешрафти ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир намуда, зикр карданд, ки «Ҷумҳурии мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».

Зимнан, ба шарофати иродаи сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, новобаста ба вазъи мураккаби ҷумҳурӣ, ислоҳоти бомароми ҳуқуқӣ дар мамлакат оғоз гардид, рукнҳои давлатӣ барқарор шуданд ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва иродаи якдилонаи мардуми сарбаланди мамлакат қабул гардид.

Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ муаррифӣ намуда, халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон дошт ва барои расидан ба сулҳи комил дар мамлакат заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам намуд.

Пешвои миллат аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар гардида, зикр намуданд, ки «фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад». Қонуни мазкур, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми мамлакат қабул гардид, суннатҳои мардумиро ҳамчун омили инъикоскунандаи фарҳанги волои инсонӣ маънидод кард ва онҳоро аз дахолати ноҷои ҳар гуна андешаҳои номатлуб ва ифротӣ эмин нигоҳ дошта, омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Воқеан, мазмуни Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри ободонӣ, рушду пешрафт ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон дастур ва тавсияномаи дақиқу амиқ мебошад. Зеро тавре Пешвои миллат дар поёни суханрониашон зикр намуданд, «Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд».

Салоҳуддинов М.
котиби матбуотии ВҲИ