Ҳуқуқи инсон – арзиши меҳварии Паём

Тавре медонем, соли 2017 аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардида буд ва ба хотири дастгирии ҷавонон дар ин муддат корҳои зиёде анҷом ёфтанд. Ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумати кишвар дар ин муддат ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, тавонистанд Тоҷикистонро берун аз кишвар сазовор муаррифӣ намоянд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон изҳор доштанд, ки «Ғамхориҳои Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо ба “Соли ҷавонон” маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд». Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши муҳим мебозад ва онҳоро ба ояндаи нек дилгарм менамояд.

Масъалаи дигари баррасигардида ин тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ва ба яке аз масъалаҳои глобалии асри XXl табдил ёфтани он аст. Дар робита ба ин масъала таъкид гардид, ки «Дар ин марҳилаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум, махсусан ҷавонон, густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад».

Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ дар низоми ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Ин ташаббус барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули масъалаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Воқеан, дар ин раванд ҷавонони кишварамон бояд худ ташаббускори амалҳои созанда буда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, дар ҳифзи Ватан ва арзишҳои миллӣ омода бошанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш бо зикри дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, арзёбии фаъолияти ҳар як самту соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар, интиқоди камбудиҳои ҷойдошта ва баёни нақшаву дастурҳо ба кулли тоҷикону тоҷикистониён ифтихор бахшид. Тавре дар оғози суханронии Пешвои миллат таъкид шуд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад». Ин қадамҳои устувор мансуб ба соҳаҳои мухталифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тафсир шуда, ба муассисаҳову шахсони масъул дастуру тавсияҳои ҳатмӣ дода шуданд.

Президенти кишвар дар Паёми хеш ғояҳои асосии бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро ташкил кардани таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маънидод намуда, зикр карданд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо бояд тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд. Пешвои миллат фароҳам овардани фазои ҳуқуқиро дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд дониста зикр карданд, ки барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки зимни амалишавии ҳадафҳои дар Паём гузошташуда ҳамасола дар ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ рӯи кор меоянд, низоми ҳуқуқии кишвар таҳким меёбад, соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ рушд мекунад ва дар ҳамин замина сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар мегардад, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, мардум ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешавад ва дар маҷмуъ, ҳадафҳои конститутсионии давлат роҳандозӣ карда мешаванд. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар бо меҳнати софдилонаи худ бояд кӯшиш намояд, ки дар амалишавии вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат гузошташуда саҳми созгор дошта бошад, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии давлатро эмин нигоҳ дорад. «Минбаъд низ хурду бузурги мамлакат бояд дар навбати аввал ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон саъю кӯшиши худро сафарбар созанд, зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд»,- зикр карданд Пешвои миллат.

Мусаллам аст, ки асоси пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи дилхоҳ кишвар, аз ҷумла, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро бе сулҳу субот ва оромии сартосарӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Вобаста ба ин Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, ба масъалаи таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти давлатии кишвар диққати махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Сарвари давлат соли 2018 дар Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд.

Бояд гуфт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар навбати худ бо манзараҳои зебову дилписанд, нотакрору мафтункунандаи худ ҳамасола ҳазорҳо сайёҳони хориҷиро ба ҷумҳурӣ ҷалб мекунад. Далели ин гуфтаҳо баҳои баланди Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш зимни сафараш ба Тоҷикистон тобистони соли 2017 буд, ки аз табиати зебоманзари мамлакат, аз ҷумла, кӯли Сарез ва кӯҳҳои Помир хеле ба ваҷд омада буд.

Набояд фаромӯш кард, ки Тоҷикистон дорои минтақаҳои хуби сайёҳӣ, чун Бадахшону Рашту Хатлон, Ҳисору Зарафшон, мавзеъҳои зебое, чун Искандаркӯлу Ҳафткӯл, Хоҷаобигарму Шоҳамбарӣ, дараҳои Ромиту Варзоб буда, баҳри ҷалби бештари меҳмонони хориҷӣ моро мебояд инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасониро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монем.

Мусаллам аст, ки дар ҳар як Паём ба рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими арзишҳои демократию фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ, ки омили муҳими кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи адолатпарвар ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ мебошанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, инчунин эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун мақсаду мазмуни фаъолияти мақомоти давлатӣ маънидод мегардад. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат ба сиёсати ҳуқуқӣ ва аҳамияти падидаҳои давлати ҳуқуқбунёд барои пешрафти ҷомеа аҳамияти махсус зоҳир намуда, зикр карданд, ки «Ҷумҳурии мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».

Зимнан, ба шарофати иродаи сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, новобаста ба вазъи мураккаби ҷумҳурӣ, ислоҳоти бомароми ҳуқуқӣ дар мамлакат оғоз гардид, рукнҳои давлатӣ барқарор шуданд ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ва иродаи якдилонаи мардуми сарбаланди мамлакат қабул гардид.

Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ муаррифӣ намуда, халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон дошт ва барои расидан ба сулҳи комил дар мамлакат заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам намуд.

Пешвои миллат аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар гардида, зикр намуданд, ки «фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад». Қонуни мазкур, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии мардуми мамлакат қабул гардид, суннатҳои мардумиро ҳамчун омили инъикоскунандаи фарҳанги волои инсонӣ маънидод кард ва онҳоро аз дахолати ноҷои ҳар гуна андешаҳои номатлуб ва ифротӣ эмин нигоҳ дошта, омили муҳими паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Воқеан, мазмуни Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри ободонӣ, рушду пешрафт ва шукуфоии ҷумҳурии азизамон дастур ва тавсияномаи дақиқу амиқ мебошад. Зеро тавре Пешвои миллат дар поёни суханрониашон зикр намуданд, «Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд».

Салоҳуддинов М.
котиби матбуотии ВҲИ