Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҷаласаи солонаи Иттиҳоди ҷаҳонии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон

ЖеневаРӯзҳои 22-23 феврали соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Иттиҳоди ҷаҳонии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба имконияту мушкилиҳо дар фаъолият ва ҳамкории минтақавии муассисаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи Осиёи Марказӣ, нақши ҳамкориҳои минтақавӣ дар пешбурди фаъолияти ниҳодҳои миллӣ дар асоси принсипҳои Париж, нақш ва имконияти ҳамкориҳои сетарафаи ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва Барномаи Рушди СММ дар пешрафти ҳуқуқи инсон дар минтақа матраҳ гардиданд.

Роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон тақвият бахшидани ҳамкориҳои ниҳодҳои миллиро дар самти пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, кӯдакон, шахсони дорои маъюбият, омӯзиши таҷрибаи механизмҳои миллии пешгирикунанда зарур шумориданд. Ҳамчунон пешниҳод карда шуд, ки бо дарназардошти аҳамияти байналмилалии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон 70-солагии қабули он дар сатҳи зарурӣ таҷлил карда шавад.

Ба роҳ мондани ҳамкориҳои доимии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон барои табодули таҷриба, баланд бардоштани касбияти кормандони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ