ТАҲИЯ ВА ПЕШНИҲОДИ МАЪРӮЗАИ АВВАЛИНИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2017

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуд.

Таъсис додани чунин ниҳоди махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқи кўдак як қадами устуворест дар такмили низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кўдак.

Ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак фаъолияти худро бо дарназардошти принсипи таъмини беҳтарини манфиатҳои кўдак ба роҳ монда, тибқи қонун ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кўдакон, ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти мазкур мусоидат мекунад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак Маърўзаи аввалини худро дар асоси моддаи 327 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Маърўза аз пешгуфтор, се боб ва хотима иборат мебошад. Дар боби аввал асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии таъсисёбии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд. Дар боби дуюм оид ба самтҳои асосии фаъолияти ВҲК ҶТ дар соли 2017 маълумоти муфассал оварда шудааст. Дар боби сеюм ҳуқуқҳои алоҳидаи кўдакон, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, кўдакон дар низоми адлияи ноболиғон, ҳуқуқи кўдакони дорои маъюбият, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқи кўдак барои тарбия ёфтан дар оила мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи ҳуқуқу озодиҳои кўдакон хулоса ва тавсияҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак пешниҳод шудаанд.

Маърўза дар асоси таҳлили санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои кўдак, муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, вохўриву мулоқотҳо, санҷишу мониторингҳо ва маълумоти омории аз мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма дастрасшуда таҳия шудааст.

Боварӣ дорем, ки Маърўзаи мазкур аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқҳои кўдак мусоидат менамояд.

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ барои соли 2017 (pdf)

Баимзорасонии Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҶТ масъалаҳои дастгирӣ, пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон ҷои махсусро доранд. Яке аз зуҳуроти чунин ғамхорӣ ин 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шудани Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон мебошад.

Чунин иқдом аз ҷонибдорӣ ва ҳавасмандии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон шаҳодат дода, барои баланд шудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мусоидат менамояд.

Ба имзо расонидани Конвенсия далели ризояти Тоҷикистон бо принсипҳои бунёдии сиёсати ҷаҳони муосир нисбати маъюбон, омодагии давлат барои ҳамроҳшавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои инсонии маъюбон мебошад.

Конвенсияи мазкур ва Протоколи иловагӣ ба он 13 декабри соли 2006 қабул карда шуда, ба ҳолати моҳи ноябри соли 2017 175 давлат ба он ҳамроҳ шудааст.

Аз мазмуни Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бармеояд, ки мақсади асосии он таъмини иштироки маъюбон ба ҳаёти ҷомеа дар баробари дигар аъзои ҷомеа ва бархӯрдор будани онҳо аз ҳамаи ҳуқуқҳои инсонӣ мебошад. Конвенсия шартномаи байналмилиест, ки дар он аввалин маротиба ҳуқуқҳои маъюбон бо тартиби муайян ба танзим дароварда шудааст.

Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ба маъюбон ягон хел ҳуқуқҳои нав ё имтиёзҳои иловагиро пешбинӣ намекунад.

Тавре аз моддаи 1 Конвенсия бармеояд, мақсади он аз дастгирӣ, ҳифз, таъмин, истифодаи пурра ва баробари амалишавии тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ аз ҷониби тамоми маъюбон, инчунин мусоидат ба эҳтироми шаъну шарафи онҳо иборат аст.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки то тасдиқ шудани (ба тасвиб расонидани) Конвенсия он эътибори ҳуқуқӣ пайдо намекунад. Баимзорасонӣ қадами аввал барои тасдиқи Конвенсия мебошад. Аммо дар кишварҳои онро ба имзо расонида меъёрҳо ва лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшаванда набояд ба принсипҳои Конвенсия мухолифат намоянд. ҳангоме, ки санади байналмилалӣ аз ҷониби давлатҳо тасдиқ карда мешавад, чунин санад қисми таркибии қонунгузории миллӣ ҳисобида мешавад.

Ҳамроҳшавии давлатҳо ба Конвенсия албатта раванди ворид намудани принсипҳои онро ба қонунгузории миллӣ ва ба амалия тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаи назари қонунгузории миллӣ барои ҳамроҳшавӣ ба Конвенсия омода аст. Қонунгузории ҷумҳурӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ва дигар санадҳо) дар умум ба мақсаду маром, принсипҳо ва меъёрҳои Конвенсия мутобиқ буда, ба пешбурд, ҳифз ва ба пуррагӣ амалӣ шудани тамоми ҳуқуқу озодии маъюбон равона карда шудааст. Номутобиқатии баъзе муқаррароти қонунгузории миллӣ ҷузъӣ ва ислоҳпазир мебошад.

Ба ғайр аз ин, барои ҳамроҳшавӣ ба санади мазкур омода намудани барномаҳои давлатии маҷмӯии иҷтимоии маъюбон, “Муҳити бемонеа”, ба талаботи Меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ мутобиқ намудани биноҳою иншоотҳо, бо алифбои Брайл ва забони имову ишора таъмин намудани иттилоот барои маъюбон, дар сатҳи зарурӣ ва шумораи дахлдор омода намудани кормандони иҷтимоие, ки бо маъюбон кор мекунанд, ҷорӣ намудани шаклҳои инноватсионии кори иҷтимоӣ бо маъюбон, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ  дар бораи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон, аз ҷумла тағйир додани муносибат ва рафтори баъзе одамон бо маъюбон, пурра аз байн бурдани табъиз ва тамғазанӣ нисбати онҳо ва дигарҳо зарур аст.

Муқим Ашӯров – Сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ дар ҶТ

 

 

ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва ҳамкорон расонида мешавад, ки бинобар ба бинои дигар кӯчидани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак суроғаи идоравии он тағйир ёфт.

Суроғаи нави мақомот: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-78 мебошад.
тел. барои тамос: 221-47-87.

Иштирок дар маросими имзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб

22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Ҳамин тавр Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид.

Дар маросими имзои ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Мигел де Серпа Суарес ҳамроҳӣ намуд.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан, ҳукми қонунӣ гирифт.

Ба ҳолати моҳи ноябри соли 2017 — 175 давлати олам ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии конвенсия мебошанд. Баъди ҳуқми қонунӣ гирифтани Конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати сиёсати дарҳои боз ва талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз ҷумла СММ гардидааст.

Бо ин Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ҳамчун узви фаъол саҳми муносиб ва пешоҳанг дорад.

prezident.tj

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

navruz201820 марти соли  2018 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ бо иштироки Роҳбарият ва ҳайати кормандони Дастгоҳи ВҲИ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро  Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ  оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай  табрик намуда, оид ба сабабҳои маҳбубияти Наврӯз ва омилҳои нигоҳдошти ин ҷашн суханронӣ намуд.Ҳамчунин Р.Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак низ ҳозиринро бо ин сана табрик намуд.

Сипас, Кодирӣ С.А. – сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилооти ва таҳлилӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст” маърӯза намуд. Ӯ дар баромади худ оид ба хусусиятҳои хос, аҳамияти фархангӣ ва сиёсии Наврӯз, расму русуми гуногуни ин ҷашн ва суннатҳои фархундаи Наврӯзи, ки аз ниёгон ба мо омада расидааст, суханрони намуд

Қайд карда шуд, ки точикистониён ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҷлил мекунанд. Дар тули таърих новобаста аз таҳаввулоти гуногун Наврӯз пойбарҷо боқӣ мондааст. Барои ҳифзи он бояд тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

Баъдан дар рафти муҳокимаи маърузаҳо вобаста ба мавзуъҳои пешниҳодгардида, кормандон ба саволҳои худ ҷавобҳои амиқ гирифтанд.

Дар охири чорабинӣ З. Ализода тамоми ҳамкоронро бори дигар бо фарорасии Наврӯзи Аҷам ва ҷаҳонишавии он табрику таҳният намуда, ҳамаро ба расидан ба қадри Истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ даъват намуданд.

  Хадамоти матбуотии ВҲИ

Маърӯзаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2017 таҳия ва пешниҳод гардид.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2017 ва дар асоси таҳлили вазъи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешрафту дастовардҳо ва мушкилоту норасоиҳои самтҳои алоҳидаи ҳуқуқи инсон Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 таҳия шудааст.

Маърӯза аз пешгуфтор, ду қисм ва хотима таркиб ёфтааст. Дар қисми якуми Маърӯза фаъолияти мақомоти ВҲИ дар самти қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ ва санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, фаъолияти намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ва таъминоти молиявӣ дар соли 2017 таҳлил ва баррасӣ гардида, маълумоти муфассал пешниҳод карда шудааст.

Қисми дуюми Маърӯза масъалаҳои ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ѓайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳуқуқҳои шахс ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ, баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва ҳуқуқи маъюбонро дар бар гирифтааст.

Зимни таҳияи Маърӯза ба натиҷаҳои фаъолияти амалии мақомоти ВҲИ, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумотҳои пешниҳоднамудаи мақомоти дахлдори давлатӣ, мушкилоти инъикоснамудаи васоити ахбори омма такя намуда, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи ҳуқуқҳои инсон вобаста ба ҳар як самти баррасигардида тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шудаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон итминон дорад, ки мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалӣ намудани тавсияҳое, ки дар маърӯзаҳои солонаи ВҲИ пешниҳод шудаанд, чораҳои заруриро меандешанд ва дар пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Бо ин мақсад тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маърӯзаи навбатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2017 (pdf)

Хадамоти матбуотии ВҲИ

Ҳуқуқҳои Меҳнатии Маъюбон

Санадҳои асосии байналмилалӣ ва миллии танзимкунандаи ҳуқуқи маъюбон – Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иxтимоии маъюбон», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва дигар санадҳо ҳуқуқи маъюбонро дар қатори дигарон ба меҳнат эътироф ва кафолат медиҳанд.

Аз мазмуни санадҳои зикргардида бармеояд, ки шахсони маъюб дар муносибатҳои меҳнатӣ бо дигар шаҳрвандон баробар буда, маъюбӣ барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ монеа шуда наметавонад.

Айни замон барои ба фаъолияти меҳнатии онҳо машғул шудани маъюбони гуруҳи 1 ва 2 иxозати  Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иxтимоӣ талаб карда мешавад. Дар сурати аз xониби Хадамоти мазкур пешниҳод шудани хулоса дар хусуси ғайриқобили меҳнат будани маъюб ё таҳдид намудани кори иxрошаванда ба вазъи саломатии маъюб, шахси маъюб аз ҳуқуқи кор кардан маҳрум мегардад.

Бо дарназардошти мавxуд будани мушкилоти бо кор таъминшавии маъюбон, бахусус дар давраи рушди муносибатҳои бозорӣ, барои амалишавии ҳуқуқи маъюбон ба меҳнат қонунгузорӣ як қатор имтиёзу кафолатҳоро пешбини намудааст. Яке аз кафолати асосии иxтимоии ҳуқуқҳои меҳнатии маъюбон ин муқаррар намудани квота барои ба кор қабул намудани маъюбон ба шумор меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иxтимоии маъюбон» пешбинӣ намудааст, ки дар ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандони онҳо ба андозаи на камтар аз панx фоиз аз шумораи умумии кормандон ба маъюбон барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад. Талаботи қонуни мазкур дар хусуси квота ҳамон вақт иxрошуда ҳисобида мешавад, ки агар дар байни корфармо ва шахси маъюб шартномаи меҳнатӣ баста шуда бошад.

Тибқи Кодекси меҳнат ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II вақти кори давомнокияш кӯтоҳ, на зиёда аз 36 соат дар як ҳафта бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда шуда, давомнокии кори ҳаррӯзаи (басти кории) онҳо аз 6 соат зиёд буда наметавонад.

Истифодаи меҳнати маъюбон дар корҳои вазнин, кор бо шароитҳои зарарнок ва хавфноки меҳнат манъ карда шуда, маъюбони гурӯҳи I ва II ба корҳои бо усули вахтавӣ иҷрошаванда иҷозат дода намешаванд. Ҷалб намудани маъюбон ба кори шабона, изофакорӣ, дар рӯзҳои истироҳат ва ид танҳо бо розигии хаттии онҳо иҷозат дода мешавад, агар иxрои чунин корҳо бо нишондодҳои тиббӣ манъ карда нашуда бошад. Фиристодани маъюбон ба сафари хизматӣ низ бо розигии онҳо сурат мегирад.

Рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда ба кормандони маъюби гурӯҳҳои I ва II- 42, гурӯҳи III- 35 рӯзи тақвимӣ муқаррар карда шуда, рухсатии бемузди меҳнат ба маъюбони коркунанда то 2 моҳ дар як сол бо ҳоҳиши онҳо ба таври ҳатмӣ дода мешавад.

Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди маъюб бо ташаббуси корфармо ба мисли дигарон сурат гирифта, ҳангоми ошкор гардидани номувофиқатии корманди маъюб ба вазифаи (мансаби) ишғолкардааш ё кори иҷро мекардааш бо сабаби вазъи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамин кор халал мерасонад, агар он дар асоси хулосаи тиббӣ тасдиқ шуда бошад, мумкин аст.

Ба маъюбон ҳангоми бекор шудани шартномаи меҳнатӣ бо сабаби тағйир ёфтани технология, ташкили истеҳсолот ва меҳнат, ки кам шудани ҳаҷми кор боиси ихтисор шудани шумора, воҳиди кории кормандон ё тағйири шароити меҳнат гардидааст, ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан дода мешавад.

Барои таъмин шудан бо кор ва ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани маъюбон мувофиқи мақсад аст кӯшишҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити корӣ барои маъюбон тибқи барномаҳои инфиродии тавонбахшиии маъюбон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо фаъол гардонида шуда, афкору муносибати xомеа нисбати маъюбон тағйир дода шавад. Маъюбонро лозим аст, ки ҳангоми зарурат руҳафтода нашуда, ба Хадамоти шуғли аҳолӣ муроxиат намоянд ва дар сурати зарурат касбҳои навро азхуд намуда, бо кӯшиш ва ёрии давлату xомеа имконияти маҳдуди худро пурра намоянд.

М. Ашӯров сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии
Дастгоҳи ВҲИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Модар

7 марти соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандони Дастгоҳи марказии мақомот бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро З. Ализода —Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад. Яъне, ниёгони соҳибилму бофарҳанг ба қадру қимат ва эҳтироми модар ҳамчун офарандаи ҳаёт ва парвандаи арзишҳои волои умумибашарӣ, ба монанди муҳаббат ва дӯстӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, сулҳу оромӣ дар оилаву ҷомеа, тарбиятгари инсони поксиришту накӯкор, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту ватанпарвар мерасиданд ва ба ӯ саҷда менамуданд.

Модар, воқеан, нахуст-устоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ хам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки « Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».

Сипас дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар Давлатов Ҳ.- cармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва С.Қодирӣ — сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ бахшида ба рӯзи Модар баромад намуданд.

Зимни баромад қайд карда шуд, ки мақоми зан дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз боло меравад ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва риояи ҳуқуқи занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт пайваста тадбирҳо андешида, ин тадбирҳоро дар доираи шароиту имкониятҳои мавҷуда, пайваста амалӣ менамояд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон яке аз ҳамин гуна тадбирҳост, ки дар навбати худ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми Зан – Модар дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад.

Дар охири ҷамъомади тантанавӣ З. Ализода —Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамаи модарон ва хоҳарони азизу арҷманди мақомотро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар яки онҳо бахту саодат, ободиву осоиштагӣ ва хушҳоливу хушрӯзиро таманно намуданд.

Тавре устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ фармудааст: «Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст, Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст».

Хадамоти матбуотии ВҲИ