Баимзорасонии Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҶТ масъалаҳои дастгирӣ, пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон ҷои махсусро доранд. Яке аз зуҳуроти чунин ғамхорӣ ин 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шудани Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон мебошад.

Чунин иқдом аз ҷонибдорӣ ва ҳавасмандии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон шаҳодат дода, барои баланд шудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мусоидат менамояд.

Ба имзо расонидани Конвенсия далели ризояти Тоҷикистон бо принсипҳои бунёдии сиёсати ҷаҳони муосир нисбати маъюбон, омодагии давлат барои ҳамроҳшавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои инсонии маъюбон мебошад.

Конвенсияи мазкур ва Протоколи иловагӣ ба он 13 декабри соли 2006 қабул карда шуда, ба ҳолати моҳи ноябри соли 2017 175 давлат ба он ҳамроҳ шудааст.

Аз мазмуни Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бармеояд, ки мақсади асосии он таъмини иштироки маъюбон ба ҳаёти ҷомеа дар баробари дигар аъзои ҷомеа ва бархӯрдор будани онҳо аз ҳамаи ҳуқуқҳои инсонӣ мебошад. Конвенсия шартномаи байналмилиест, ки дар он аввалин маротиба ҳуқуқҳои маъюбон бо тартиби муайян ба танзим дароварда шудааст.

Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ба маъюбон ягон хел ҳуқуқҳои нав ё имтиёзҳои иловагиро пешбинӣ намекунад.

Тавре аз моддаи 1 Конвенсия бармеояд, мақсади он аз дастгирӣ, ҳифз, таъмин, истифодаи пурра ва баробари амалишавии тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ аз ҷониби тамоми маъюбон, инчунин мусоидат ба эҳтироми шаъну шарафи онҳо иборат аст.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки то тасдиқ шудани (ба тасвиб расонидани) Конвенсия он эътибори ҳуқуқӣ пайдо намекунад. Баимзорасонӣ қадами аввал барои тасдиқи Конвенсия мебошад. Аммо дар кишварҳои онро ба имзо расонида меъёрҳо ва лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшаванда набояд ба принсипҳои Конвенсия мухолифат намоянд. ҳангоме, ки санади байналмилалӣ аз ҷониби давлатҳо тасдиқ карда мешавад, чунин санад қисми таркибии қонунгузории миллӣ ҳисобида мешавад.

Ҳамроҳшавии давлатҳо ба Конвенсия албатта раванди ворид намудани принсипҳои онро ба қонунгузории миллӣ ва ба амалия тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаи назари қонунгузории миллӣ барои ҳамроҳшавӣ ба Конвенсия омода аст. Қонунгузории ҷумҳурӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ва дигар санадҳо) дар умум ба мақсаду маром, принсипҳо ва меъёрҳои Конвенсия мутобиқ буда, ба пешбурд, ҳифз ва ба пуррагӣ амалӣ шудани тамоми ҳуқуқу озодии маъюбон равона карда шудааст. Номутобиқатии баъзе муқаррароти қонунгузории миллӣ ҷузъӣ ва ислоҳпазир мебошад.

Ба ғайр аз ин, барои ҳамроҳшавӣ ба санади мазкур омода намудани барномаҳои давлатии маҷмӯии иҷтимоии маъюбон, “Муҳити бемонеа”, ба талаботи Меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ мутобиқ намудани биноҳою иншоотҳо, бо алифбои Брайл ва забони имову ишора таъмин намудани иттилоот барои маъюбон, дар сатҳи зарурӣ ва шумораи дахлдор омода намудани кормандони иҷтимоие, ки бо маъюбон кор мекунанд, ҷорӣ намудани шаклҳои инноватсионии кори иҷтимоӣ бо маъюбон, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ  дар бораи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон, аз ҷумла тағйир додани муносибат ва рафтори баъзе одамон бо маъюбон, пурра аз байн бурдани табъиз ва тамғазанӣ нисбати онҳо ва дигарҳо зарур аст.

Муқим Ашӯров – Сардори шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва
фарҳангии Дастгоҳи ВҲИ дар ҶТ