Маърӯзаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2017 таҳия ва пешниҳод гардид.

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2017 ва дар асоси таҳлили вазъи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешрафту дастовардҳо ва мушкилоту норасоиҳои самтҳои алоҳидаи ҳуқуқи инсон Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 таҳия шудааст.

Маърӯза аз пешгуфтор, ду қисм ва хотима таркиб ёфтааст. Дар қисми якуми Маърӯза фаъолияти мақомоти ВҲИ дар самти қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ ва санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, фаъолияти намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ва таъминоти молиявӣ дар соли 2017 таҳлил ва баррасӣ гардида, маълумоти муфассал пешниҳод карда шудааст.

Қисми дуюми Маърӯза масъалаҳои ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ѓайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳуқуқҳои шахс ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ, баробарии гендерӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо ва ҳуқуқи маъюбонро дар бар гирифтааст.

Зимни таҳияи Маърӯза ба натиҷаҳои фаъолияти амалии мақомоти ВҲИ, баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумотҳои пешниҳоднамудаи мақомоти дахлдори давлатӣ, мушкилоти инъикоснамудаи васоити ахбори омма такя намуда, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи ҳуқуқҳои инсон вобаста ба ҳар як самти баррасигардида тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шудаанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон итминон дорад, ки мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалӣ намудани тавсияҳое, ки дар маърӯзаҳои солонаи ВҲИ пешниҳод шудаанд, чораҳои заруриро меандешанд ва дар пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Бо ин мақсад тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маърӯзаи навбатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2017 (pdf)

Хадамоти матбуотии ВҲИ