ТАҲИЯ ВА ПЕШНИҲОДИ МАЪРӮЗАИ АВВАЛИНИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2017

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуд.

Таъсис додани чунин ниҳоди махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқи кўдак як қадами устуворест дар такмили низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кўдак.

Ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак фаъолияти худро бо дарназардошти принсипи таъмини беҳтарини манфиатҳои кўдак ба роҳ монда, тибқи қонун ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кўдакон, ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти мазкур мусоидат мекунад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак Маърўзаи аввалини худро дар асоси моддаи 327 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Маърўза аз пешгуфтор, се боб ва хотима иборат мебошад. Дар боби аввал асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии таъсисёбии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд. Дар боби дуюм оид ба самтҳои асосии фаъолияти ВҲК ҶТ дар соли 2017 маълумоти муфассал оварда шудааст. Дар боби сеюм ҳуқуқҳои алоҳидаи кўдакон, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, кўдакон дар низоми адлияи ноболиғон, ҳуқуқи кўдакони дорои маъюбият, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқи кўдак барои тарбия ёфтан дар оила мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи ҳуқуқу озодиҳои кўдакон хулоса ва тавсияҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак пешниҳод шудаанд.

Маърўза дар асоси таҳлили санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои кўдак, муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, вохўриву мулоқотҳо, санҷишу мониторингҳо ва маълумоти омории аз мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма дастрасшуда таҳия шудааст.

Боварӣ дорем, ки Маърўзаи мазкур аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқҳои кўдак мусоидат менамояд.

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ барои соли 2017 (pdf)