Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Модар

7 марти соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандони Дастгоҳи марказии мақомот бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро З. Ализода —Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад. Яъне, ниёгони соҳибилму бофарҳанг ба қадру қимат ва эҳтироми модар ҳамчун офарандаи ҳаёт ва парвандаи арзишҳои волои умумибашарӣ, ба монанди муҳаббат ва дӯстӣ, адолатпешагиву ҳақталошӣ, сулҳу оромӣ дар оилаву ҷомеа, тарбиятгари инсони поксиришту накӯкор, далеру шуҷоъ ва ватандӯсту ватанпарвар мерасиданд ва ба ӯ саҷда менамуданд.

Модар, воқеан, нахуст-устоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ӯ хам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки « Нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».

Сипас дар назди иштирокчиёни мизи мудаввар Давлатов Ҳ.- cармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва С.Қодирӣ — сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ бахшида ба рӯзи Модар баромад намуданд.

Зимни баромад қайд карда шуд, ки мақоми зан дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз боло меравад ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва риояи ҳуқуқи занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт пайваста тадбирҳо андешида, ин тадбирҳоро дар доираи шароиту имкониятҳои мавҷуда, пайваста амалӣ менамояд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон яке аз ҳамин гуна тадбирҳост, ки дар навбати худ барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми Зан – Модар дар ҷомеаи мо мусоидат мекунад.

Дар охири ҷамъомади тантанавӣ З. Ализода —Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамаи модарон ва хоҳарони азизу арҷманди мақомотро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар яки онҳо бахту саодат, ободиву осоиштагӣ ва хушҳоливу хушрӯзиро таманно намуданд.

Тавре устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ фармудааст: «Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст, Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст».

Хадамоти матбуотии ВҲИ