Тренинги омӯзишӣ дар доираи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020

Рӯзҳои 2-6 апрели соли 2018 тренинги омӯзишии якҷояи ВҲИ ҶТ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои омода намудани тренерон дар доираи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №678 аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

Тренинги мазкур тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳилаи дуюми (2015-2018) Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 №5 аз 1 апрели соли 2015 тасдиқ шудааст, гузаронида шуд.

Бо даъвати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар тренинги омӯзишӣ, ки дар Истироҳатгоҳи “Сароб”-и ноҳияи Варзоб баргузор гардид, 14 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд. Тренинг аз ҷониби коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд.

Ҳадафи асосии тренинг омода намудани тренерон барои муассисаҳои таълимӣ ва такмили ихтисоси вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади минбаъд аз ҷониби онҳо гузаронидани тренингҳои мақсаднок баҳри иҷрои Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 мебошад. Тренинги мазкур дар мавзӯи “Методҳои таълим ва омода намудани дарсҳо оид ба ҳуқуқи инсон” гузаронида шуд.

Дар доираи барномаи тренинг бо истифода аз усулҳои интерактивӣ таҳлили қонунгузории миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба салоҳият, ваколатҳо ва масъулияти вазорату идораҳои бо фаъолияти иштирокчиёни тренинг алоқаманд, чӣ тавр омода намудани дарсҳо тибқи Барномаи давлатии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, принсипҳо, методҳо ва роҳу усулҳои таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани фарҳанги амалисозии уҳдадориҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиши иштирокчиён қарор дода шуда, ҷиҳати шавқовар ва мақсаднок гузаронидани дарсҳо бо истифода аз методҳои сенарийҳо ва case-study машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуданд.

Дар интиҳо натиҷаҳои тренинг аз ҷониби коршиносон ҷамъбаст гардида, ҷиҳати такмил додани донишҳои касбии иштирокчиён дар самти методикаи таълими гурӯҳҳои мақсаднок оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Хадамоти матбуотӣ