Ҳуқуқи шахс ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ

Картинки по запросу хизмати харбиРаванди даъват ба хизмати ҳарбӣ ва адои хизмати ҳарбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», Низомнома «Оид ба тартиби адои хизмати ҳарбӣ», Дастур оид ба омодакунӣ ва баргузории даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва ба эҳтиёт озод шудани хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳарбӣ тибқи даъват ва Оиннома амалӣ карда мешавад.

Қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ, ки масъалаҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад, ба санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф мутобиқ гардонида шудааст.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шарҳванд аст.

Дар ин раванд Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991 – 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” аз 12 марти соли 2018 ба имзо расид.

Ваколатдор оид ба   ҳуқуқи инсон,   низ дар доираи салоҳиятҳои худ ҷиҳати мусоидат ба таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон ҳамасола бо мақомоти дахлдор ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Соли 2017 бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, аз ҷумла қисмҳои ҳарбӣ дар ноҳияҳои Мурғоб, Рашт, Шаҳритуз ва шаҳри Исфара аз ҷониби Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба   ҳуқуқи инсон мониторингҳо гузаронида шуданд. Дар рафти мониторингҳо шароити моддӣ-маишӣ,  масъалаҳои эҳтимолияти истифодаи зӯроварӣ ва таҳқир дар байни сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, зӯроварӣ ва таҳқир аз ҷониби ҳайати афсарон, худсарона баромада рафтан аз ҳудуди қисми ҳарбӣ, ҷалби сарбозон ба корҳои ба хизмати ҳарбӣ вобастанабуда мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.

Дар натиҷаи мониторинг маълум шуд, ки ҷойи хоби сарбозон ба талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ буда, хизматчиёни ҳарбӣ бо сару либоси якхелаи босифат таъмин, ҳуҷраҳои маишӣ ва фароғатӣ, ҷойҳои дастурӯшуйӣ, ҷомашуйӣ бо воситаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз шудаанд Аз пурсишҳо бармеояд, ки роҳбарияти қисмҳои ҳарбӣ ҷиҳати роҳ надодан ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Малакаи касбӣ ва дониши хизматчиёни ҳарбӣ низ нисбати солҳои қаблӣ беҳтар гаштааст. Аз ҷумла, дар қисмҳои ҳарбӣ тибқи тавсияҳои Гурӯҳи мониторингӣ, дар ҷойҳои барои сарбозон дастрас гӯшаҳои иттилоотӣ бо нишон додани муқаррароти қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқи сарбозон, рақамҳои телефони роҳбарияти Вазорати мудофиаи ҶТ ва Прокуратураи ҳарбӣ насб гардиданд.

Ҳамасола мақомоти Ваколатдор оид ба   ҳуқуқи инсон дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ бо сарбозон ва афсарони қисмҳои ҳарбӣ мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои омӯзишию маърифатӣ мегузаронад. Чунин чорабиниҳо соли 2017 дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ дар  ноҳияҳои Мурғоб,  Рашт, Шаҳритуз, шаҳрҳои Исфара ва Душанбе  вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ, ҳимояи Ватан ва таҳкими истиқлолият, пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, пешгирии экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон баргузор шуданд.

Соли 2017   якҷо бо намояндаи Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ барои кормандони Прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои Қӯрғонтеппа, Суғд, Душанбе ва Хоруғ низ вобаста ба масъалаҳои пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва таҷрибаи фаъолияти Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба   ҳуқуқи инсон чорабиниҳои маърифатӣ — ҳуқуқӣ гузаронида шуданд.

Яке аз марҳилаҳои муҳими уҳдадории умумии ҳарбӣ даъват ба хизмати ҳарбӣ мебошад. Дар баробарии беҳтар шудани вазъи таъминоти моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ қонунгузории амалкунанда низ, ки масъалаҳои даъват ва адои хизмати ҳарбиро танзим менамоянд пайваста такмил ёфта, барои ҳавасманд намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мусоидат мекунанд.

Айни ҳол ин маъракаи муҳим, яъне даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991 – 2000 ба хизмати ҳарбӣ идома дорад, ки аз масъулин талаб менамояд, ки ҳамкориро ба аҳолӣ, сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам ҷоннок намоянд. Мақомоти Ваколатдор оид ба   ҳуқуқи инсон, низ иқдом гирифтааст чорабиниҳои  иттилоотониро ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонон  тавассути  воситаҳои ахбори омма ва чопи мақолаҳо амалӣ намояд ва барои дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани ин чорабинӣ саҳмгузор бошад.

Раҷабов Ш.
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии
дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон