Ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат бахшида мешавад. Ҳуқуқи инсон ба ҳифзи меҳнат

Ҳуқуқ ба ҳифзи меҳнат ин вазъи тариқи қонунгузорӣ мустаҳкамкардашудаи кормандон мебошад, ки дар он бояд шароити бехатар ва солими меҳнат таъмин карда шавад.

Ҳуқуқи инсон ба ҳифзи меҳнат дар як қатор стандартҳои байналмилалӣ, бахусус дар Оиннома, конвенсияҳо ва тавсияҳои Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) пешбинӣ шуда, тибқи ин санадҳо мақсади ҳифзи меҳнат ноил гардидан ба сатҳи олии беҳбудии ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоии кормандони ҳамаи касбҳо ва нигоҳ доштани чунин сатҳ ба шумор меравад.

Аз мазмуни Конвенсияҳои СБМ дар бораи бехатарӣ ва гигиенаи меҳнат (№ 155), дар бораи хадамоти гигиенаи меҳнат (№ 161) ва тавсияҳо вобаста ба онҳо бармеоянд, ки барои ҳамаи кормандон бояд шароити бехатари меҳнат ва дастрасӣ ба хадамоти ҳифзи меҳнат таъмин карда шаванд.

Дар Эъломия дар бораи ҳифзи меҳнати Сеул (соли 2008) қайд карда шудааст, ки ҳуқуқ ба шароити бехатар ва солими меҳнат бояд ба сифати яке аз ҳуқуқҳои бунёдии инсон эътироф карда шавад.

Дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ риояи ҳуқуқи инсон дар соҳаи ҳифзи меҳнат ба худ хусусияти хосеро касб менамояд. Тибқи таҳлилҳои гузаронидаи СБМ ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 2,3 млн. нафар аз натиҷаи ҳодисаҳои нохуш дар ҷойи кор ва бемориҳои касбӣ мефавтанд. Бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳ барои кам намудани шумораи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ СБМ дар хусуси ҳар сол қайд намудани 28 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат қарор қабул намуд. Рӯзи мазкур аз соли 1996 бинобар қабули қарор аз ҷониби Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи озод бо мақсади гиромӣ доштани  хотираи коргароне, ки дар истеҳсолот фавтидаанд ё осеб гирифтаанд, қайд карда мешавад.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки масъулияти асосӣ барои риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кормандон пеш аз ҳама ба зиммаи корфармоён гузошта шуда, пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот бояд қисми таркибии фаъолияти онҳоро ташкил намояд. Иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки ҳангоми таҳия ва бастани шартномаҳои коллективӣ ва дигар санадҳо ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар соҳаи меҳнат таъмин намоянд ва дар онҳо ба ҷойгир намудани муқаррарот оид ба паст (кам) намудани сатҳи шароити бехатар ва солими меҳнат роҳ надиҳанд.

Дар ҷумҳурӣ асосҳои ҳуқуқии зарурӣ барои назорат ва ҳимояи ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат муҳайё карда шуда, самти асосии сиёсати давлатро дар соҳаи ҳифзи меҳнат афзалияти ҳаёт ва саломатии кормандон нисбат ба натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ ташкил медиҳанд. Дар моддаи 35 Конститутсия омадааст, ки ҳар кас ба ҳифзи меҳнат ҳуқуқ дорад.

Вобаста ба амалинамоии сиёсати давлат дар самти мазкур якчанд санадҳо, ба мисли Тартиби гузарондани тафтиш ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ (с. 2014), Тартиби аз ӣониби корфармо ӣуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатҳ ё фавти кормандон (с. 2014), Барнома ва Созишномаҳо дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва дигарҳо қабул карда шуданд. Дар Кодекси меҳнати ҶТ ба масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат 32 моддаи он бахшида шудааст. Санадҳои мазкур ба санадҳои байналмилалӣ, бахусус конвенсия ва тавсияҳои СБМ асос ёфтаанд.

Новобаста аз он, ки ҳуқуқи ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан дар шароити бехатар ва солим бо қонунгузорӣ кафолат дода шудааст, ин талабот дар фаъолияти на ҳама субъектони ҳоҷагидорӣ риоя карда мешавад. Яке аз ҳолатҳои вайрон карда шудани ҳуқуқ ба меҳнати бехатар ин рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот мебошад. Дар соли 2017 тибқи маълумоти Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 78 ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ба миён омада, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 44 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 39 нафар ба ҳалокат расидааст. Аксарияти ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот дар ташкилоту корхонаҳои ғайридавлатӣ рух медиҳанд, ки роҳбаронашон ба масъалаҳои риояи қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари кор аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд.

Пӯшида нест, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар давраи муайян низоми мунтазам амалкунандаи ҳифзи меҳнат низ пош хӯрда, корфармоён бо мақсади ба даст овардани фоидаи бештар дар баробари дигар хадамот ва вазифаҳои ғайриистеҳсолӣ хадамот ё вазифаи мутахассис оид ба техникаи бехатариро низ барҳам дода, маблағгузории чорабиниҳоро вобаста ба ҳифзи меҳнат пайваста кам намуданд.

Моддаи 355 Кодекси меҳнат пешбинӣ менамояд, ки барои ташкили ҳифзи меҳнат дар ташкилот бо теъдоди кормандони зиёда аз 50 нафар хадамоти ҳифзи меҳнат ташкил карда мешавад. Дар мавриди аз 50 нафар камтар будани шумораи кормандон корфармо дар бораи таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат ё ҷорӣ намудани вазифаи (мансаби) мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат вобаста ба хусусияти фаъолияти истеҳсолии ташкилот қарор қабул мекунад ё уҳдадориҳоро оид ба ҳифзи меҳнат ба зиммаи дигар мутахассис вогузор менамояд. Мутаассифона меъёрҳои мазкур на аз тарафи ҳамаи мақомоту ташкилотҳо иҷро карда мешаванд.

Барои ҳалли мушкилоти таъмини ҳифзи меҳнат зарур аст, ки ҳамкориҳои тарафҳои шарикии иҷтимоӣ (ҳукумат, корфармоён ва намояндагони кормандон) вусъат дода шуда, ҳифзи меҳнат ҳамчун воситаи пешбурди ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон истифода шавад. Афзалияти ҳаёт ва саломатии кормандон назар ба натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ таъмин карда шуда, дар масъалаҳои риояи ҳуқуқи кормандон ба шароити бехатар ва солими меҳнат, пешгирӣ кардани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш набояд ба саҳлангорӣ ва мусолиҳакорӣ роҳ дод.

 М. Ашӯров  сардори шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии
Дастгоҳи ВҲИ дар ҶТ