Дидорбинии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз вазъи Марям Шоева

*Рӯзи 26 апрели соли 2018 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳабибулозода Раҷабмо барои дидорбинии ноболиғ Марям Шоева, ки субҳи 25 апрел аз Ҷумҳурии Ироқ ба ватан баргардонида шуд ба хонаи бобои ӯ, бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи солимиву равонӣ ва муҳити зисти ӯ ба шаҳри Ҳисор ташриф ба амал овард.

Зимни ташриф Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак сараввал бо худи Марям сӯҳбат намуда, аз ҳолу аҳволи ӯ пурсон шуд. Номбурда қайд намуд, ки аз бозгашт ба ватан ва дидору пайвастан бо аҳли оила, хусусан бо бобои ғамхораш Маҳмадраҳим Шоев хеле шод мебошад.

Маҳмадраҳим Шоев, ки Марямро ягона нишона аз фарзандаш медонад бо меҳрубонии хоса бо ӯ муносибат мекард. Ӯ қайд намуд, ки мехоҳад ҳарчи зудтар мақомотҳои дахлдор ҳуҷҷатҳои Марямро дуруст намуда, ӯро ба мактаб барои таҳсил равон кунанд.

Аз мушоҳидаҳо маълум гардид, ки Марям дорои зеҳни хуб, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, туркӣ ва арабӣ мебошад ва орзу дорад, ки дар оянда касби табибро аз худ намояд. Ҳангоми пурсон шудан оид ба касби интихобкардааш ӯ сабабашро чунин шарҳ дод, ки ҳангоми яке аз бомбафканиҳо дар Ироқ модараш сахт захмӣ гардида, касе пайдо нашуд, ки ба модараш кӯмаки тиббӣ расонад ва ин боиси марги модараш гардид. Бинобар ин мехоҳад ин касбро аз худ намуда, дар оянда ба ҳамаи муҳтоҷон ва хусусан халқи худ хизмат намояд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Маҳмадраҳим Шоев барои ғамхорӣ ва таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдак изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати мусоидат кардан дар барқарорсозии ҳуҷҷатҳои Марям, ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор дар ин самт, ҷойгиркунии ӯ ба мактаб, расонидани тамоми намуди ёрии ҳуқуқӣ ва зери назорати доимии худ гирифтани масъалаи мазкур баён намуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки муҳим он аст, ки пас аз бозгашт ба ватан кӯдакон бояд пеш аз ҳама бо ғамхорӣ, дастгирӣ ва кӯмак фаро гирифта шуда, аз муҳити нафрату кина онҳо бояд ба муҳити муҳаббату ғамхорӣ ворид карда шаванд. Чунки он даҳшате, ки кӯдакон паси сар намуданд, тасаввурнопазир мебошад.

Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбута барои баргардонидани кӯдакон аз давлатҳои ҷангзада бахусус Ироқу Сурия тамоми талошҳоро ба анҷом расонида истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз рӯзҳои аввали интишори маълумот дар шабакаи телевизионии RT (Раша Тудей) вобаста ба Марям дар ҷараён буда, дар якҷоягӣ бо Вазорату идораҳои дахлдор ҳолати мазкурро аз аввал то охир пайгирӣ ва зери назорат гирифта буд.

Минбаъд низ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак корҳоро дар ин самт идома дода, барои баргардонидани охирин кӯдаки тоҷик ба ватан тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳад.

 Хадамоти матбуотии ВҲИ