Дар робита ба Рўзи байналмиллалии ҳифзи меҳнат

Ҳамасола 28 апрел ҳамчун Рўзи байналмиллалии ҳифзи меҳнат қайд карда мешавад.

Ҳуқуқ ба ҳифзи меҳнат ба ҳамаи кормандон новобаста аз синну сол дахл дорад. Тибқи маълумоти Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) шумораи кормандони ҷавон (синну соли аз 15-сола то 24-сола) айни ҳол дар ҷаҳон 541 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки беш аз 15 фоизи шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳад. Боиси таассуф аст, ки 40 фоизи осебдидагони ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолотро ҷавонони то 25-сола ташкил мекунанд.

Тибқи стандартҳои байналмилалӣ кўдакон ҳуқуқ доранд, ки аз ҳамаи шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон ҳифз карда шаванд.

Айни ҳол дар љаҳон 152 миллион кӯдак ба шуғл фаро гирифта шуда, 73 миллион нафари онҳо ба корҳои хатарнок машғуланд, ки ин метавонад ба саломатӣ ва бехатарии онҳо таҳдид намояд.

Тибқи қонунгузории Ҷумхурии Точикистон кўдакон аз синни 15-солагӣ ба мехнат ҳуқуқ доранд. Кафолатҳои ҳуқуқи кўдак ба меҳнат дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тољикистон муқарар карда шудаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 35 омадааст, ки ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Ҳамзамон Конститутсия муқарар намудааст, ки дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати кўдакон манъ аст.

Санади муҳими байналмиллалӣ дар ин самт Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кўдак мебошад, ки Тољикистон онро соли 1993 ба тасвиб расонида, љиҳати иљрои он Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста чораандешӣ менамояд. Конвенсияи мазкур муқаррар намудааст, ки ҳар як давлати иштирокчӣ вазифадор аст, ки барои ҳифзи ҳуқуқи кўдак аз истисмори иқтисодӣ, аз иљрои корҳое, ки ба саломатӣ, инкишофи љисмонӣ, ақлонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак зарар мерасонад ё садди роҳи таҳсилоти ў мешавад, бояд чораҳои зарурии дахлдор андешад.

Ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Байналмилалии Меҳнат (СБМ) №182 «Оиди манъ ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кўдакон” ва Тавсияи СБМ №190 «Оид ба манъ намудан ва андешидани чораҳои зарурӣ љиҳати нест намудани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон», Конвенсияи СБМ №138 «Оид ба ҳадди ақалли синну сол барои қабул ба кор»-ро қабул намудааст ва меъёрҳои муқаррарнамудаи ин санадҳо зимни батанзимдарории муносибатҳои меҳнатии кўдакон ба эътибор гирифта мешаванд.

Ҳуқуқи кўдак дар муносибатҳои меҳнатӣ дар Кодекси меҳнати ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шудааст.

Тибқи ин санадҳо ноболиғон метавонанд мутобиқи синну сол, вазъи саломатӣ, сатҳи маълумот ва тайёрии касбии худ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар фаъолияти худ ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи меҳнати кӯдакон аҳамияти хосса медиҳад ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти онҳо пайваста мусоидат менамояд. Аз ҷумла, муроҷиати гурӯҳи ноболиғон оид ба барқарор намудани онҳо ба ҷойи кори пештара аз ҷониби кормандони ВҲК ҶТ баррасӣ карда шуда, ҷиҳати ҳалли мусбии муроҷиати мазкур мусоидат карда шуд.

Кӯдакон ва ё намояндагони қонунии онҳо метавонанд барои ҳалли мушкилоти пайдошуда на танҳо ба ВҲК ҶТ, балки ба Намояндагиҳо ва Кабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ ҶТ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд. Суроғаҳои сохторҳои зикршударо дар сомонаи интернетии ВҲК ҶТ зери унвони www.vhk.tj пайдо намудан мумкин аст. Дар ҳамин сомона инчунин телефонҳои дахлдор ҷой дода шудаанд ва кӯдакон ва ё намояндаҳои қонунии онҳо метавонанд тавассути онҳо муроҷиат намоянд.

П. Маҷидов
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ