Вабои аср

«Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ингуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд».

Эмомалӣ РАҲМОН

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016–2020»-ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ пурзӯр карда мешавад. Ҳар фарди кишвар, аз ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд. Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистои оид ба муковимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016- 2020 ҳамчун санади хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муковимат ба экстремизм ва терроризм муайяи менамояд.

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, ба масъалаи доғи рӯзизамони муосир табдил ёфтааст. Омӯзиши ин масъала дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ шудааст ва масъалаи мазкур тақозо мекунад, ки ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шавад. Сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи он муайян гарданд.

Дар маҳфилҳои гуногуни сиёсӣ, конфронсу нишастҳои сатҳи баланд эътироф мекунанд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз минбарҳои баланд ҷомеаи ҷаҳонро ба муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ даъват намуда, аз пайомадҳои фоҷеабори он ҳушдор медиҳад.  Сарвари давлат замоне аз даҳшат ва таҳдиди терроризм ба ҳаёти аҳли башар ҳушдор дод, ки ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 дар Амрико ҷаҳонро ба ларза наоварда, баъзе кишварҳои Ховари миёна ба хоку хун оғӯшта нагашта, воқеаҳои хунини Париж рух надода буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба хатари сӯиистифодаи дини мубини ислом аз ҷониби гурӯҳу ҷараёнҳои мухталиф ишора карда, таъкид дошт, ки таълимоти исломӣ аз барномаҳои ҷараёнҳои ифротӣ фарсахҳо дур аст.

Қарор аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ки мавқеи оштинопазири Тоҷикистонро дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ бори дигар нишон медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ танҳо ба манфиати як гурӯҳи алоҳида ва бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муайяни сиёсӣ содир шуда, ғарази асосии онҳо ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳост.

Президенти кишвар дар яке аз мулоқотҳояш бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат чунин изҳор намуд: «Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад».

Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он ки ифроти сӯиистифодашуда аз дин бошад ё ғайри динӣ, маҳкум менамояд.

Бояд хуб дарк кунем, ки терроризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, ибодаткунандагон, новобаста аз он ки аз кадом тоифаанд, ягон вобастагие ба Ислом надорад.

Мутаассифона, тайи солҳои охир гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи тоҷикистониро низ хеле ба ташвиш овардааст. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи террористӣ аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ, бахусус интернет, нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда, дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот анҷом дода мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд. Ба пешгирии чунин ниятҳои нопоки ифротгароёнтанҳо дар муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ ва сулҳу салоҳ метавон комёб шуд.

Муҳаммад САЛОҲИДДИНОВ,
корманди Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон
дар Тоҷикистон

тераризм