Механизми амалишавӣ ва назорати қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

20180510_105924Дар асоси Барномаи амали мақомоти ВҲИ барои соли 2018 ва татбиқи Лоиҳаи «Ҳамкории наздисарҳадӣ ба хотири сулҳ ва рушди устувор» санаи 10-уми май дар шаҳри Исфараи вилояти Суѓд дар мавзӯи «Қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ: механизми амалишавӣ ва назорат» мизи мудаввар гузаронида шуд.

Дар мизи мудаввар намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти суд, пракуратура, корҳои дохилӣ, амният мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара иштирок намуданд.

Зимни баргузории мизи мудаввар масъалаҳои қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои наздисарҳадӣ, ки аз ҷониби сокинони ҷамоатҳои Ворух, Чоркуҳ, Лаккон ва Сурхи шаҳри Исфара баррасӣ шуданд.

Дар мизи мудаввар Қодирӣ С.А. – сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба асосҳои ҳуқуқӣ ва амалияи қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ, талаботи Конститутсия ва қонунгузорӣ, пешравӣ ва мушкилоти мавҷуда дар ин самт ва нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар амалисозии Лоиҳаи мазкур маърӯза намуд.

Қайд карда шуд, ки муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд ба ҳисоб рафта, масъалаи мазкур яке аз самтҳои меҳварии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ин робита дар ҷумҳурӣ санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд, ки механизми қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар намудааст.

Қабул ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар минтақаҳои наздисарҳадии баҳснок истиқомат ва фаъолият менамоянд, метавонад мушкилоти эҳтимолиро пешгирӣ намояд.

Зимни баррасии маърӯза масъалаи ҳамкории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақомоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ махсусан таъкид карда шуд.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар М.Ашуров – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо» маърӯза намуд. Дар маърӯза оид ба паҳлуҳои мухталифи раванди муҳоҷират, мушкилот ва дастовардҳо дар ин самт, навгониҳои қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳо муҳокимарониҳо сурат гирифт. Таъкид гардид, ки масъулони мақомоти маҳаллӣ бояд дар омодасозии муҳоҷирони меҳнатӣ ва фаҳмонидани талаботи қонунгузории соҳа ба муҳоҷирон фаъолона иштирок намоянд.

Дар рафти мизи мудаввар намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва худидоракунии шаҳраку деҳот оид ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои сокинони минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ ибрози назар намуданд.  Қайд карда шуд, ки бинобар хусусияти давомнок ва ё мавсимӣ доштани мушкилот сокинони минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ оид ба ин ё он масъала муроҷиатҳои такрорӣ мекунанд, ки ҳалли онҳо пеш аз ҳама аз аниқ муайян шудани марз вобастагӣ дорад.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадӣ дар минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ фаъолияти самаранок ва мунтазам дошта, пайваста бо сокинон вохӯриву мулоқотҳо баргузор менамоянд.

Ба иштирокчиёни мизҳои мудаввар тавсия дода шуд, ки қабул ва баррасии муроҷиатҳоро тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва Тартиби бақайдгирии омории муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба роҳ монда, чорабиниҳои иттилоотиву маърифатиро дар байни аҳолӣ бештар намоянд.

Дар анҷоми мизи мудаввар иштирокчиён барои идома додани ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ намуданд.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони минтақаҳои баҳсноки наздисарҳадӣ равона намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар ҳамкори бо мақомоту идораҳои дахлдор чораандешӣ менамояд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ